Мақомоти вазорати беҳдоштии Ҳинд рӯзи ҷумъаи 2 июл эълом карданд шумори қурбониёни коруно дар ин кишвар аз адад 400 ҳазор нафар убур кардааст.
Ба ин тартиб Ҳинд пас аз Иёлоти муттаҳидаи Амрико ва Бразилия севумин кишваре дар ҷаҳон аст, ки теъдоди талафоташ дар ҷараёни ҳамагирии коруно аз марзи 400 ҳазор тан мегузарад. Ин дар ҳоле аст, ки коршиносон теъдоди воқеӣ кушташудагон дар Ҳиндро беш аз як миллион нафар баровард мекунанд.
Ҳинд дар моҳҳои апрел ва май мавҷи шадиде аз коруноро таҷриба кард, бо ин ҳол аз он замон теъдоди мубталиён рӯзона рӯ ба коҳиш гузошта ва давлат шуморе аз маҳдудиятҳои вазъ шударо бардоштааст.
Мақомоти Деҳлӣ мегӯянд давлат қасд дорад то поёни соли ҷорӣ 1.1 миллиард бузургсолро ваксина кунад ва ҳамакунун низ ба таври мутавассит рӯзона ҳудуди 4 миллион нафар дар ин кишвар дози аввали воксинро дарёфт мекунанд. Бо ин ҳол мунтақидон ба кундии раванди воксинзанӣ эътироз мекунанд ва мегӯянд ин воқеият, ки то кунун танҳо ҳудуди 5 дарсад ду дози воксинро дарёфт кардаанд, розикунанда нест.
Русия тазриқи дози тақвияти воксинро дар дастури кор қарор дод
Ҳамзамон масъулони беҳдоштии Русия рӯзи панҷшанбе эълом карданд тарҳи тазриқи дози тақвияти воксини коруноро барои афроде, ки беш аз шаш моҳ аз масуниятшон мегузарад, оғоз кардаанд.
Сергей Собянин, шаҳрдори Маскав, бо эъломи ин ки худ ин дози тақвиятиро дарёфт кардааст гуфт: “Бо таваҷҷуҳ ба вазъияти душвори ҳамагирӣ, пизишкон тавсия мекунанд шаш моҳ пас аз воксинзанӣ ё ибтило як дози тақвиятии дигар тазриқ шавад. Барои ҳамин аз шумо хоҳиш мекунам, ки фурсатро аз даст надиҳед. Ин амр ба вижа ба хотири шуйӯъи навъи делтои вирус, ки таҳоҷумитар аст, аҳамияти бештаре дорад.”
Масъулини вазорати беҳдошти Русия мегӯянд тибқи қоида ду дози аввал бо воксини “Спутник V” анҷом шуда ва тазриқи дози севум бо воксини “Спутник лайт” сурат мегирад.
Татяна Голикова, муовини нахуствазири Русия, гуфт мутолиоти тоза нишон медиҳад масуният дар касоне, ки аз вирус беҳбуд ёфтаанд ба таври мутавассит барои шаш моҳ идома дорад аммо ин масуният пас аз 9 то 12 моҳ ба тадриҷ коҳиш меёбад. Русия аз панҷшанбеи гузашта рӯзона беш аз 20 ҳазор мубталои ҷадидро гузориш карда, ки ду баробар миёнгини моҳи гузаштааст.
Мақомоти русӣ иллати ин амрро шуйӯъи навъи делта ва делта плюси вирус, саҳлангории афрод дар риояти нукоти беҳдоштӣ ва вуҷуди тардид нисбат ба тазриқи воксин дар миёни умум медонанд.
Ҳушдори Созмони ҷаҳони беҳдошт нисбат ба шуйӯъи мавҷи ҷадиди коруно дар Аврупо
Созмони ҷаҳони беҳдошт рӯзи панҷшанбе ҳушдор дод Аврупо то поёни моҳи август ба таври умда даргири навъи делтаи вируси коруно хоҳад шуд.
Мизони сирояткунанда будани навъи дилтои вируси коруно, машҳур ба навъи англисӣ, беш аз дигар анвоъи вируси коруно аст ва ҳамокунун омил шиддатгирии ҳамагирӣ дар шуморе аз кишварҳо, аз ҷумла дар Бритониё маҳсуб мешавад.
Доктор Ҳанс Клюга, мудири бахши аврупоии Созмони ҷаҳонии беҳдошт, дар ин бора гуфт, ки мавориди Ковид-19 барои аввалин бор дар 10 ҳафтаи гузашта дар минтақаи Аврупо ва ҳамин тӯр бархе аз кишварҳои Осиёи Миёна дар ҳоли афзоиш будааст.
Клюга, ки дар як конфронси матбуотӣ ширкат карда буд, гуфт: “Ҳафтаи гузашта теъдоди мавориди ибтило дар Аврупо 10 дарсад афзоиш ёфтааст, ки ин масъалаи ношӣ аз афзоиши иртиботот, мусофиратҳо, иҷтимоъот ва коҳиши маҳдудиятҳои иҷтимоӣ аст.”
Вай бо баёни ин ки навъи делта дар ҳоли пешӣ гирифтан аз соири маворид дар минтақа аст, афзуд: “То моҳи август ин навъи беморӣ ба унвони навъи ғолиби ҳамагирӣ дар Аврупо дар хоҳад омад, ин дар ҳоле аст, ки чашмандозе барои ваксина шудани комили мардуми Аврупо дар ин таърих вуҷуд надорад. Чаро, ки 63 дарсад мардум ҳанӯз мунтазири дарёфти аввалин дози воксин ҳастанд.”
Ҳарчанд воксинҳои феълӣ ба навъи делтаи вируси коруно муқовим ҳастанд, бо ин ҳол ин воксинҳо замоне короӣ хоҳанд дошт, ки ҳар ду дози онҳо тазриқ шуда бошад. Аз ин рӯ мақомоти кишварҳои аврупоӣ шаҳрвандонро беш аз пеш ба ниҳоӣ кардани фароянди воксинзанӣ ташвиқ мекунанд.
Мақоми аршади Созмони ҷаҳони беҳдошт гуфт то замоне, ки вирус дар гардиш аст, анвоъи мухталифи он зуҳур хоҳад кард ва ба ҳамин иллат бояд аз фурсати кунунӣ барои воксинзанӣ ҳаддиаксари истифодаро ба амал овард.
Доктор Катрин Асмол Уд, масъули барномаи изтирории Созмони ҷаҳони беҳдошт, дар ин хусус гуфт мо интизор дорем бо расидани фасли поиз теъдоди мубталиён рӯ ба афзоиш бигузорад, бо ин ҳол агар теъдоди зиёде дар Аврупо дози дувуми худро дарёфт накарда бошанд мумкин аст қабл аз расидани поиз шоҳиди зиёд шудани мубталиён бошем.
Дар ҳамин ҳол ожонси контроли бемориҳои Иттиҳодияи Аврупо тахмин задааст, ки то моҳи август, навъи делтаи вируси коруно метавонад ҳудуди 90 дарсад мавориди ибтило дар Аврупоро шомил шавад.
Ин ниҳод бо ин ҳол гуфтааст, ки ду дози воксин дар баробари анвоъи мухталифи вирус, аз ҷумла делта, муқовим аст.