Тиҷорати хориҷии Тоҷикистон манфӣ боқӣ мемонад. Хурӯҷи бебозгашти асъор аз кишвар дар натиҷаи тиҷорати хориҷӣ дар 7 моҳи соли ҷорӣ $1 млрд. 216,6 млн.ро ташкил дод.
Ҳаҷми тиҷорати хориҷии Тоҷикистон дар ин давра ба $2 млрд. 499,5 млн., расид, ки 1,3%, ё $33 млн. нисбат ба ҳамин давраи соли гқзашта бештар аст.
Тибқи маълумоти вазорати рушди иқтисод ва свдои кишвар, тавозуни тиҷорӣ манфӣ боқӣ монд ва воридот аз содирот $1 млрд. 216,6 млн. бештар буд.
Содирот дар моҳҳои январ-июли 2019 ба $641,5 млн. баробар буда, воридоти мол ба кивар ба $1 млрд. 858 млн. расид. Нишондиҳандаи воридот 2,8 баробар бештар аз содирот аст.
Дар ин муддат Тоҷикистон бо 101 кишвари ҷаҳон доду ситад кард. Шарикони асосии Тоқикистон Русия – $569,9 млн., Казоқистон – $505,4 млн. ва Чин – $351,4 млн. боқӣ монданд.
Тибқи маълумоти оморӣ, солҳои тӯлони тиҷорати хориҷии Тоҷикистон раванди тавозуни манфиро идома медиҳад.
Сабаби асосии кмбуди асъор дар кишвар ҳам ҳамин тавозуни манфӣ дар тиҷорати хориҷӣ гуфта мешавад.