“Тоҷиксодиротбонк” барои фурӯши 80 дарсади саҳмияҳояш харидор меҷӯяд. Ин миқдор саҳмияҳои бонкро 300 миллион доллар нарх гузоштаанд. Эълони фурӯши саҳмияҳои “Тоҷиксодиротбонк”-ро идораи давлатии масъули ҷалби сармояҳо – “Тоҷинвест” – нашр кард.
Вале коршиносон мегӯянд, қарзҳои зиёди мушкилситон ва уҳдадориҳои зиёд дар назди мизоҷон ду садде аст, ки метавонад сармоягузоронро аз харидани саҳмияҳои бонк гурезонад.
Тибқи маълумот аз расонаҳо ин ҳамон саҳмияҳое ҳаст, ки ҳангоми ба мушкил дучор шудани бонк дар ду соли пеш давлат онро харида буд. «Соли 2017 давлат 2 миллиарду 250 миллион сомонӣ маблағ ҷудо карда, саҳмияҳои бонкро харида буд. Қарор буд, бонк дар давоми 5 сол маблағро ба давлат бозгардонад. Ҳоло маъмурияти бонк кӯшиш дорад ин саҳмияҳоро фурӯхта, маблағро ба давлат диҳад», — гуфт ҳамсуҳбати мо.
Соле қабл маъмурияти «Тоҷиксодиротбонк» гуфта буд, ба ширкати Saudi Investment Group, ки ба шоҳзода Ал-Валид аз хонадони Оли Сауд марбут аст 51 дарсад аз саҳмияҳошро мефурӯшад, аммо то ба ҳол ин доду ситад анҷом нашудааст.
Дар “Тоҷиксодиротбонк” мегӯянд, музокирот бо ин ширкат идома дорад.
Дар поёни соли 2018 маъмурияти бонк эълон кард, ки Корпоратсияи роҳҳои оҳани “Ҷунан”-и Чин нияти харидории саҳмияҳоро дорад ва омодааст 200 миллион доллар сармоягузорӣ кунад. Вале ин ширкати чинӣ ҳам то ба ҳол ҳозир нашуд саҳмияҳои бонкро бихарад.
«Тоҷиксодиротбонк» ва «Агроинвестбонк» пас аз рукуди иқтисодии Русия ва коҳиши қобили мулоҳизаи пулҳои фиристодаи муҳоҷирон дучори мушкил шуда, дар пардохти пули муштариён оҷиз монданд.
Қаблан чанде аз созмонҳои байналмилалии молӣ, аз ҷумла Сандуқи Байналмилалии Пул ба Тоҷикистон машварат дода буданд, ки бонкҳои дучори мушкилро муфлис эълон карда, дигар дар фикри наҷоти онҳо набошад.
Соли гузашта, дар пайи буҳрони бонкҳо дар Тоҷикистон, «Фононбонк» ва «Тоҷпромбонк» пардохтпазирии худро аз даст дода, фаъолияташон қатъ шуд. Ҳоло ин ду бонк амволашонро ба фурӯш гузоштаанд.