Categories Хабарҳо

1000 хонандаро дар Айнӣ ба омадани раисҷумҳур машқ медиҳанд

Бархе аз волидони хонандаҳои чанд мактаби миёнаи ноҳияи Айнии вилояти Суғд аз он шикоят доранд, ки мақомоти ноҳия фарзандони онҳоро барои пешвози президенти Тоҷикистон, ки қарор аст ба ин ноҳия сафар кунад, ҳар субҳ мебаранд ва бегоҳӣ меоранд, хабар медиҳад Азия Плюс.

Ин волидон мегӯянд, ки шурӯъ аз 3 июни соли равон дар ноҳияи Айнӣ, бештар аз 1000 мактабхон ба хотири пешвози Эмомалӣ Раҳмон ба “маршировка” ҷалб шудаанд.

Нигаронии волидон аз он аст, ки сафари президент ба ин ноҳияи кӯҳистон дақиқ нест ва фарзандони онҳоро бештар аз як моҳ аст, ки мебаранду меоранд. Хусусан дар замони хуруҷи дигарбораи коронавирус, масъалаи таъмини амнияти саломатии фарзандон онҳоро ба ташвиш андохтааст.

Ҷалби хонандаҳои мактаб дар ин ноҳия ба хотири пешвози президент дар ҳолест, ки ҳоло таҳсил дар мактабҳо таътил шудаву дарсҳо хатм шудаанд.

Ин волидон мегӯянд, сар аз  3 июн фарзандонашон дар варзишгоҳҳо тамрин мекарданд, чанд рӯзи охир онҳоро бо мошинҳо ба маркази ноҳияи мебаранд.

Нигаронии ин падару модарон дар ҳолест, ки дар гузашта худи Эмомалӣ Раҳмон аз чунин шеваи пазироӣ интиқод карда буд ва гуфта буд, ба хотири пешвози ӯ фарзандони мардумро ҷалб накунанд.

Ин волидон мегӯянд, ки  дар аввал ба фарзандонашон гуфтаанд, ки президент 27-уми июн ба ноҳия меояд. Вале 27-ум наомад ва гуфтанд, ки 1 июл бояд биояд, дар ин рӯз ҳам наомад ва ҳоло гуфтанд, ки 11-уми июл меоянд.

— Дар ин ҳавои гарм фарзандони моро ба маршировка ҷалб мекунанд, ҳаво гарм аст, боз мегӯянд дар кишвар вирус пайдо шудааст. Ҳамаи онҳоро дар як ҷой ҷамъ меоранд, хатари паҳншавии вирус зиёд мешавад. Болои ин, имрӯз онҳоро саҳар соати 5 ба мошинҳо бор карда, ба маркази Айнӣ барои маршировка бурданд. Ба онҳо гуфтаанд, ки ҳатто обед намедиҳанд, кӯдакон маҷбур шуданд бо худ обу нонашонро гирифта раванд. Ақалан обед медоданд, инҳо дар ин гармӣ чӣ кор мекунанд, ҳолашон бад мешавад,-шикоят кард падари яке аз хонандагон.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Айнӣ, Абдушукр Хокироев баргузории “маршировка”-ро тасдиқ намуда гуфт, ки ҳудуди 800-1000 нафар мактабхон барои пешвози президент  аз ҷамоатҳои Айнӣ, Урметан ва Сарвода ҷалб шудаанд.

Ӯ гуфт толибилмон ҳудуди ду ҳафта дар майдони варзишии мактабҳои худ тамрин карданд ва имрӯз рӯз барои идомаи тамринҳо ба варзишгоҳи марказии ноҳия оварда шуданд.

— Аз ҳисоби ҷамаоатҳо мошинҳо ташкил карда шудааст, то охири ҳафта, ки интизор меравад президент биоянд, маршировка давом мекунад. Толибилмонро саҳар бо мошинҳо оварда, бегоҳ гашта ба хонаҳояшон мебаранд.  Аз ҳисоби ҷамоатҳо обед ҳам ташкил шудааст. Касе гушна намемонад, — гуфт Хокироев.

Ӯ изҳори боварӣ кард, ки охири ҳафта президент ба Айнӣ меоянд ва толибилмон дар маросими пешвоз рақсу сурудхонӣ мекунанд.

Мавзуъи “маршировка” ё ҷалби иҷбории хонандагону донишҷӯён ба чорабиниҳои ҷашниву оммавӣ яке аз мавзуъҳои доғи Тоҷикистон аст, ки солҳои ахир хеле баҳсҳои густардаро ба бор овардааст.

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *