Дар шаҳри Домодедовои вилояти Маскави Русия як шаҳрванди 29-солаи Тоҷикистон аз сабаби зиёд нӯшидани нӯшокии қувватдиҳандаи “Gorilla” ҳалок гардид,
Тавре “The Asia Times” хабар медиҳад, шарванди Тоҷикистон беш аз як шабонарӯз мошин ронда, ба хотири хобаш набурдан аз нӯшокии қувватбахши “Gorilla” аз ҳад зиёд истифода бурдааст. Дар натиҷаи зиёд нӯшидани “Gorilla” дили ҷавон аз кор монда, ба садама дучор гардидааст.
Ҳангоми берун овардани ҷасад аз дохили автомобил кормандони Бозрасии Давлатии Автомобили мушоҳида кардаанд, ки дар дохили мошин 9 зарфи холии “Gorilla” мавҷуд будааст.