Рубрики Хабарҳо

НАРГИС

Гули наргис мисли гули баҳман пояи на он қадар баланд дорад ва бештар гулҳои сафеду зарди равшан мекунад, ки хотири касро бо баробари шукуфтан болида мегардонанд.  Бехи наргис ҳам пиёзак буда, бо ҳамин роҳи зиёдшавии шумори пиёзакаш паҳн мегардад. Атри хушу гуворое дорад, ки ба ягон гули дигар монанд нест. Гоҳобӯйи тезаш ба машом расидан замон, гумон мекунед, ки ширинӣ аст. ммо ин накҳат каме мадҳуш ҳам мекунад. Калимаи наркоз ҳам бо номи ин гул вобастагӣ доштааст, ки русҳо ин гулро нарсис ном мебаранд.    

Гули наргис чун як қисми ҷудонашавандаи парфюмерия истифода мешавад ва ҳанӯз аз оғози пайдоиши санъати ороишот, истифодаи гулбаргҳояш хеле маъмул буд.  Ҳоло равғанҳои табиии ин гул   аналогҳои синтетикиро қариб пурра иваз кардаанд. Олимони селексионер, ки маҳз бо парваришу омӯзиши гулҳо машғуланд, чунин мегӯянд, ки номи наргис аз забони худи ин соҳа маънои худпарастӣ ва умеду орзуҳои бефоидаро дорад. Чаро чунин буданаш хеле аҷиб аст. 

Тибқи ривоят, Наргис  ҷавонмарди беҳад зебое буд ва аз зебогии худ ифтихор дошт, ки дар соҳили дарё қарор ёфту ба об нигарист, ки чеҳрааш намудор гашт. Он қадар мафтуни зебоии худ гардид, ки то мурданаш чашмашро наканду, билохира фавтид. Аз ҷойи мурдаи ҷавон гулҳои наргис рӯйиданд. Афсонаҳо албатта бофтаи тахайюли одамонанд, аммо таърихи гулро оро медиҳанду хотирмон мекунанд. 

Дар вилояти Закарпатияи Украина мамнӯъгоҳи бузурге бо номи “Водии гули наргис” вуҷуд дорад, ки гулҳои гуногуни наргис ва рустаниҳои хеле камёб  тамоми водиро фаро гирифта мешукуфанд. Дар Англия, наргисро  «савсанҳои баҳорӣ» меноманд. Дар ҳоли нигоҳубини  хуб, наргис  метавонанд то шаш моҳ шукуфад. Англисҳо чунин як шугуне ҳам доранд, ки агар касе аввалин шуда гули сархамидаи наргисро бубинад, соли оянда ҳаёташ бо хуррамӣ мегузарад. Дар сайёра то 13 ҳазор намуд гибридҳои гули наргис  ва ҳамагӣ 54 навъи аввалия мавҷуданд. 

Афшураи гули наргис барои  дигар растаниҳо зараровар аст, аз ин рӯ пеш аз он ки наргисро ба гулдаста  илова кунанд, гулпарварон  як рӯз  дар об тоб мегузоранд. Барои заҳролуд буданаш ҳайвоноти хонагӣ ин   гулро намехӯранд. Дастагули наргисро одатан дар рӯзе ҳадя мекунанд, ки даҳҳумин солгарди  оиладоршавиро қайд  кунанд. Дар асотирҳои юнонӣ гули наргис чун рамзи мурдагон ёд карда мешавад. Румиёни қадим  бошанд ин гулро баръакс  ба ғолибони ҷанг тақдим мекарданд. Ғайр аз он, ин гулҳо ба бутхудоёнашон  Плутон ва Фюрҳо қурбонӣ менамуданд.  

Форсҳо атри гули наргисро атри ҷавонӣ медонистанд. Дар Хитой гули наргис як ҷузъи соли навашон  буда,гӯё  кафолати хушбахтии ояндаашон  дониста мешуд.   Нависандаи бузурги рус Иван Тургенев наргисро гули дӯстдоштааш номидааст.  Дар нимаи дуюми асри 16, Англия аввалин кишваре дар Аврупо шуд, ки наркис то  ба он ҷо оварда шуд  ва ин гул  ба тӯҳфаи асилзодагони дарборӣ  табдил ёфт. Эҳтимол, аз ин рӯ, ин ҷо  гули наргис болотар аз гули садбарг мақом ёфт.  

Дар гузашта, дар Швейтсария  дар моҳи май ҷашни гули наргис баргузор мегашт, ки тамоми кӯчаҳо ва иморатҳоро бо  гулҳои гуногуни наргис  оро меёфт. Дар Пруссия духтарони навхонадор дар шаби тӯйи арӯсӣ аз хонаи  волидонашон як бех гули наргис мегирифтанд ва дар гулдоне  дар хонаи нав мешинонданд.   Гулро бодиққати тамом парвариш мекарданд ва гумон доштанд , ки беҳбудии оилаи ҷавон аз бехатарии гули наргис  вобаста аст. Ба Русия, наргисро  мисли бисёр гулҳои дигар,  Император  Петр I овард ва  барои сохтани боғи растаниҳои шифобахш  асос гузошт,  ё шояд  боғи ботаникӣ  буд.  Бо вуҷуди гузашти ин қадар сол,  ҳатто дар нимаи аввали асри гузашта, гули наргис дар Русия  дар қатори  гулҳои нодир ҳисобида мешуд. Наргис рамзи миллии сокинони Уэлси  дар Англия мебошад. Аз сабаби мавҷудияти равғанҳои эфирӣ дар он, гули наргис  муддати дароз дар тиб истифода мешуд, гарчанде ки ин гулҳо метавонанд аксуламалҳои вазнини аллергияро ба вуҷуд оранд.

 

Соима Саидӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *