Рубрики Хабарҳо

Ишқи пок ё хиёнати ошкор

Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон

Мавзӯъи имрӯзаи мо оиди чизест, ки дар намуд ё гуфтан хеле оддӣ ва ҳатто на он қадар муҳим менамояд, аммо дар асл хеле ҷиддӣ мебошад. Ин мавзӯъи ишқи пок ё хиёнати ошкор аст. Маҳз ҳамин мавзӯъ ё худ ишқе, ки дар ном ишқ аст, аммо паси пардаи хиёнат пинҳон шудааст, сабаби беобрӯ шудани садҳо духтарони ҷавон мегардад. Ҳазорон падару бародаре, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ ҳастанд,чун ба хонаашон бармегарданд, ангуштшумори мардум мегарданд. Духтарро дар оила бо ҳазорон орзу ба воя мерасонанд, аз рӯзи аввали таваллудаш бо ҳазорон умеди нек бузургаш мекунанд, вале вақте духтар бузургтар шуда, ба синни балоғат расид, дар сари роҳе ё паси деворе як нафари номусдузд, он нафаре, ки чӣ будани шарафу номусу хиёнатро намедонад, аз ҷое омада, худашро, ҳамчун шоҳзодаи савори аспи сафед ба духтарак муаррифӣ мекунад. Он қадар духтари соддаву хоксорро фиреб мекунад, ки  духтар ҳозир мешавад тамоми дунёи худро, обрӯи худро, номуси падару модари худро, тамоми ҳастиашро фидои ин ноҷавонмарде кунад, ки дузди номус аст. Дере нагузашта мебинед, ки байни мардум шоеаҳои зиёд пайдо шудаанду духтар ҳар шаб гиря мекунад.

Духтарони зиёде ҳастанд, ки ба худкушӣ даст задаанд, ҳар рӯз чунин як хабарро мешавад аз сомонаҳои интернетиву аз хабарҳои кӯчаву мардум бишнавед. Пас сабаби ҳамаи ин мусибатҳову мушкилиҳо чист? Аз куҷо сар мезанад? Чаро мардум ин хиёнатро ишқу муҳаббат медонанд? Чаро касе дар бораи ин, ки ин ишқ нест, хиёнат аст, дуздии номуси духтари мардум  аст, сӯҳбат намекунад? Ҳама гумон мекунанд, ки ин ҳамон ишқи поки Лайливу Маҷнун аст, ишқест, ки дар филмҳо мебинем ё дар китобҳо мехонем. Ҳама медонем, ки ҷуз расвоӣ чизи дигаре нест, барои ҳамин бояд аз наздик бо ин мавзӯъ шинос шавем. Оё шариат иҷозат медиҳад, ки ин гуна ишқҳо вориди хонадони мо шаванд? Чаро дар ин бора фикр намекунем ва вақте кор аз кор гузашт, мегӯянд духтар бероҳа шуду мо бехабар мондем? Оё дар дини Ислом ишқ вуҷуд дорад ё на? Шариат дар ин бора чӣ мегӯяд? 

Пеш аз ҳама бояд донист, ки тамоми китобҳое, ки онҷо калимаи» ишқ» навишта шудааст, аз муҳаббат фарқ мекунад. Худи муаллифи китоби» Равзатул муҳиббин ва нусҳатул муштоқин» , ки  ибни Қайими Ҷавзӣ аст, мегӯянд: » Ҳаргиз муҳаббатро бо ишқ омехта накунед, муҳаббат чизест ки як нафарро он қадар дӯст медорӣ , ки ҳозир ҳасти фидояш шавӣ, ҳозир ҳастӣ барои он, ки он нафар ба орзуҳояш расад, аз орзуҳои худ даст кашӣ, аммо ишқ як бемории равонӣ аст. Вақте инсон ба ишқ мубтало мешавад, ки муҳаббати аз ҳад зиёд иброз шудааст, инсон дигар ақлашро гум мекунад . Ҳозир аст ба хатову гуноҳ даст занад,барои ҳамин ошиқонро маҷнун, яъне девона мегӯянд. Аммо касе, ки нисбати нафаре муҳаббат дорад, муҳаббаташро дар қалби худ пинҳон мекунад, ҳаргиз барои ибрози он муҳаббат обрӯи касеро намебарад. Ба хотири он, ки он нафар ба мақсадаш расад, ӯ барои анҷоми ҳар коре тайёр аст, инро мегӯянд муҳаббат ба Аллоҳ, ки онҳое, ки ба Аллоҳ муҳаббат доранд ва муҳаббати Худо дар қалби онҳост, ҳозиранд барои Худо ҷонашонро фидо кунанд. Касоне, ки нисбати нафаре муҳаббат дошта бошанд, хоҳ зан бошад, хоҳ мард ҳаргиз обрӯи ӯро намебаранд, ҳатто пас аз солҳо бошад ҳам, барои кӯмак кардан ҳозиранд, ҳаргиз касе аз забони онҳо намешунавад, ки ман ӯро дӯст медорам, гуфта сухани носазое гӯянд. Вале онҳое, ки мегӯянд ман ошиқам ба чӣ девонагиҳое даст намезананд, аз худкушӣ шурӯъ карда то бемориҳои равонӣ, бо дашном додани падару модар, занозанӣ бо духтар, ки ту бояд ҳамроҳи ман бошӣ. Ин ҳамон девонагӣ аст, ки тамоми равоншиносон мегӯянд, ки бояд муолиҷа шавад. Ҳатто Арасту файласуфи машҳур мегӯяд: » Ишқ ба қалби онҳое, ки бекор ҳастанд, онҳое, ки на пешравии саноатӣ,  на пешравии тиҷоратӣ доранд ҷойгир мешавад. Қалби фориғи онҳоро пур карда, инсонро ба олами хаёлот мебарад, ҳамеша дар олами хаёлот зиндагӣ мекунад. «Инҳо инсонҳое ҳастанд, ки ман ошиқам гӯён соатҳо дар тафаккур ҳастанд, мусиқӣ гӯш мекунанд, соатҳо дар ба дар ҳастанду барои пешравии зиндагиашон коре намекунанд.

Ин бемории равонӣ аст, ки бояд муолиҷа шавад, аммо муҳаббат чизи дигар аст. Муҳаббати ҳақиқӣ онаст, ки ҳамон лаҳза аз паи хостгории духтар мешаванд ва обрӯи ӯро намебаранд, худ ва оилаашонро бо оилаи духтар муаррифӣ мекунанд. Аммо онҳое, ки худро ошиқи девона медонанд, ҳама ҷо аз паси духтар рафта, аксҳои духтарро паҳн мекунанд, боз даъвои ошиқ будан доранд. Духтарон бояд фарқ кунанд, ки нафаре, ки даъвои ошиқӣ дорад, дар ҳақиқат ошиқ аст ё булҳавасест, ки ҳар чанд муддате аз як нафар ба нафари дигар ошиқ мешавад. Булҳавасӣ аз ҳама хатарноктар аст, ки маҳз васвасаи шайтон мебошад, хоҳ зан бошад хоҳ мард бошад чунон бо номи ишқ ба васваса дучор мешаванд, ки ба ҳама ҳаримҳо ва ба ҳама гуноҳ даст мезананд. Ҳатто бо якдигар танҳо мондан, якҷоя гурехта рафтан, зино кардан, обрӯи ҳамдигарро бурдан, аз ин чизҳо даст намекашанд. Нафарони булҳавасро кулли мардум мешиносанд, ҳама медонанд, ки ин ҷавон аз як духтар ба духтари дигар интиқол меёбад, ё ин ки духтар бо чандин шоҳзодаи хаёлӣ барои худ пайдо карда буд. Мушкил инҷост, ки аз ақли худ кор намегирем, касе пеши роҳи чунин булҳавасро намегирад. Барои пешгирӣ аз хиёнатҳое, ки бо номи ишқ шурӯъ мешавад, сипас бо беномусиву зино меанҷомад, Худованд дар сураи Нур ояти 30 мегӯяд: 

قل للمؤمنين يغضوا من أبصارهم

«Эй Паёмбар, ба мардони мӯъмин бигу, ки чашми худро аз назар кардан ба номаҳрпм нигоҳ доранд. 

Худованд ҳатто назар кардан ба занҳои бегонаро манъмекунад, зеро муҳаббати бо хиёнат омехта бо як назар кардан, шурӯъ мешавад. Ва дар давоми оят Худованд мегӯяд: 

و قل للمؤمنات يغضضن من أبصارهن

«Ва ба занони муъмина бигӯ, ки чашмҳои худро аз нигоҳ кардан ба номаҳрамон нигоҳ доранд. 

Робитаҳои номашуъ бо нигоҳҳои гарм шуруъ мешавад баъдан мулоқот ва бо ҳамин хиёнату обрӯрезӣ омехта мешавад. 

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд: «Ҳаргиз бо зани номаҳрам танҳо нанишинед, зеро нафари сеюм шайтон мебошад.» (Сунани Тирмизи)

Инҷо вобаста ба мавзуи муддаи кунандаҳои ишқ саволе ба миён меояд

Оё, нафаре, ки ибрози ишқу муҳаббат мекунад, агар ишқаш ҳақиқат дошта бошад,  обрӯи маъшуқаи худро мебарад? Ба ҳама мегӯяд, ки фалониро дӯст медорам, аммо ҳаргиз хостгор намефиристад. Аён аст, ки  мақсади чунин инсон андешаи ҳаёти покизаи бардавом неву, балки гаразҳои шаҳвониву бадном сохтани духтарак, фахр  кардан байни дӯстон, ки ин духтар маъшуқаи ман аст. Агар гӯяд, ки ин духтар арӯси ояндаи ман аст, ба ӯ хостгор фиристодам, ин дигар аст, аммо агар гӯяд, ки ин маҳбубаи ман аст, ба ҷуз обрӯрезӣ чизи дигар нест. Ҳама медонанд, ки робитаи номашруъи байни ҷавонон ба беобрӯ шудану зино мебарад ва касе ба ин духтар бо чашми инки ошиқ аст, наменигарад, робитаи номашрӯъро сабаби беобрӯ шудани аҳли оилааш медонанд. Мардро беномусе медонанд, ки аслан шарафи хоҳару модарро намедонад, ки ба хоҳару духтари мардум ин гуна муомила мекунад. Ягона ҳадисе барои ишқи пеш аз издивоҷ дар китоби ибни Моҷа омадааст, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд: 

لم نر للمتحابين مثل الزواج

«Ман ҳаргиз барои ду нафаре, ки ҳамдигарро дӯст медоранд, мисли издивоҷ чизи дигаре намебинам. 

Вақте дар бораи асбоби вуруди ҳадис нигоҳ кунем, мебинем ки дар як вақт ду нафар хостгори як духтар мешаванд, якеаш хеле сарватманд буд, дигараш хеле фақир. Сипас падари духтар назди Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам омада, мегӯяд: » Паёмбари Худо, духтари маро ду нафар хостгорӣ доранд, яке хеле сарватманд дигарӣ фақир, духтарам фақирро интихоб кард, ман сарватмандро, шумо чӣ мегӯед? Сухани ман шавад ё духтарам?» 

Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам ин суханро мегӯянд:» Ман барои ду нафаре, ки ҳамдигарро дӯст медоранд, беҳтар аз издивоҷ чизе намебинам. 

Агар ба ҳадис бингарем, инҷо сухан дар бораи бегона намеравад, сӯҳбат дар бораи хостгор аст. Аммо марде, ки хостгор намефиристад, худашро маълум намекунад, мехоҳад пинҳон бимонад ва бо ин ҳол даъвои ошиқ будан дорад, бояд духтарон донанд, ки чунин нафар як хоин аст. Ӯ фақат ҷисми духтарро мехоҳад ва вақте ба мақсади нопоки худ расад, дигар беному нишон гашта, парвои духтарро надорад. Хеҷ вақт як нафари ошиқ дӯстдоштаашро беобруву шарманда намекунад, розӣ намешавад, ки ба дӯстдоштааш зараре расад. Барои ҳамин филму қиссаҳои ошиқонаеро, ки мебинем, набояд ба эҳсосот дода шуд.

Ба доми фиреби чунин ашхос зиёдтар духтаракони ҷавон меафтанд ва чунин кор сабаби бепадар ба дунё омадани кӯдакон мешавад ва аз модар ҳам мемонанду дар ятимхона мемонанд, оилаҳо ҳамдигарро то куштан розӣ ҳастанд, аммо дигар коре карда намешавад. 

Вақте дар бораи ишқи дурӯғин мешунавему филм мебинем, ҳаргиз аз худ намепурсем, ки ин оё рост аст ё дурӯғ? Хиёнат аст ё ҳақиқат?

Дар кутуби аҳодис қиссаи ҷолибе дар бораи дӯст доштани ду нафар ҳаст, ки номи яке Барира ва дигаре Муғис аст ва ин қисса дар саҳеҳи Бухорӣ ва дигар кутуби сунан низ ҳаст. Барира бо марде бо номи Муғис издивоҷ карда буд, вале ҳарду ғулом буданд. Сипас Барира озод мешавад ва аз шавҳараш Муғис ҷудо мешавад, Муғис ба ин ҷудоӣ тоб наоварда бо гиряву нола ба ҳар ҷо, ки Барира мерафт аз пасаш равон мешуд ва ба Барира мегуфт, ки дӯсташ медораду бо ӯ зиндагӣ кардан мехоҳад. Барира мегуфт, ки:» Бо ту зиндагӣ кардан намехоҳам». 

Паёмбари Худо саллаллоҳу алайҳи ва саллам инро дида ба амуяшон Аббос мегӯянд: «Эй Аббос, оё ту ба муҳаббати Муғис ҳайрон намешави , ки чӣ қадар ҳамсари пешинаашро дӯст медорад? Ва  бадбинии Барира, ки ҳаргиз намехоҳад бо шавҳараш дуюмбора зиндагӣ кунад. Сипас ҳазрати Аббос гуфтанд:» Эй Паёмбари Худо, мебинем, ки Муғис то ҳадде гиря мекунад, ки аз оби дида ришҳояш тар мешавад, биёед Шумо шафоаткунанда шавед ва ба Барира бигӯед, ки ба назди шавҳараш баргардад.» 

Сипас, Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам инро ба Барира мегӯянд, Барира ҷавоб дод ки: » Эй Паёмбари Худо, Шумо маро амр мекунед ёба ман ихтиёр медиҳед? Ё ин ки фақат шафоаткунандаи Муғис ҳастед? Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд:» Ман туро амр намекунам, аз тарафи Муғис ҳамчун шафоаткунандаам. » Барира ҷавоб дод, ки: «Ман ӯро намехоҳам.» Паёмбар ӯро маҷбур намукунанд. Бубинед ин қиссаи ошиқонаи ду нафар аст, агар ба қисса аҳамият диҳем, мебинем, ки инҳо бо ҳам зиндагӣ карда буданд,зану шавҳар буданд, якдигарро аз наздик мешинохтанд. Ахлоқи якдигарро медонистанд ин ҷавон шавҳари пешинаи Барира буд медонист, ки мисли ӯ зани дигар пайдо карда наметавонад. 

Аммо ҷавононе, ки ба як дидан даъвои ошиқӣ мекунанд, пас аз наздиктар бо духтар шинос шудану наздикӣ кардан мегӯянд, ки дигар ошиқи духтар нестанд. Аммо бо як бор дидан муҳаббат пайдо намешавад, муҳаббат замоне пайдо мешавад, ки ба ҷуз ҷисми инсон, ба ҷуз нигоҳи инсон, қалбҳо бо ҳамдигар бояд муносиб бошанд ва табиати ин ду нафар ба ҳамдигар рост ояд. Инсон замоне як нафарро бо тамоми ҳастӣ дӯст медорад, ки қалбҳои онҳо, ахлоқи онҳо, ҳадафҳои онҳо бо ҳам мувофиқ бошанд. Оё бо як бор дидан, вохӯрдан мешавад гуфт, ки ахлоқи ин ду бо ҳам муносиб асту метавонанд барои зиндагии  оянда омода бошанд?

Пас, масъала хеле хатарнок аст, онҳое, ки иддао мекунанд, ки ба як дидан ошиқ шудам, бидонед, ки онҳо ошиқи ҷисм шудаанд ва касоне, ки ба ҷисму чеҳра ошиқ мешаванд, дар як муддати кӯтоҳ аз ин ҷисму чеҳра сер мешаванд. Духтарони булҳавасе низ ҳастанд, ки аз марди пулдоре ба пулдори дигар интиқол меёбанд, аз ҷавони обрӯманде ба обрӯманди дигар интиқол меёбанд, барои онки ҳадафи онҳо ҳамон сурати зебо ё обрӯ ё пулу моли дунёи дурӯза аст.  Дар фикри он нестанд, ки оё бо ин шахс метавонанд ояндае дошта бошанд? Ҳадафи ӯ чист? Дар қалби ӯ чи асту ки аст? Ингуна саволҳо дар зеҳни онҳо ҳаргиз чарх намезанад, барои ҳамин ҳаргиз ба касоне, ки ба як дидан даъвои ошиқ шудан мекунанд, бовар накунед. 

Агар ба омори талоқ назар андозем, мебинем, ки ҳаштод дарсади талоқҳо дар оилаҳое буданд, ки пеш аз издивоҷ ошиқи ҳам будаанд, бист дарсади боқимонда оилаҳое ҳастанд, ки бе ишқу ошиқӣ, вале бо ризогии ҳамдигар издивоҷ кардаанд. 

Дар зиндагии ҳаррӯза ҳастанд оилаҳое, ки ҳар рӯз  дар оила ҷангу ҷанҷол аст, ба ҳамдигар бовар надоранд, дар ҳоле, ки пеш аз издивоҷ ошиқи ҳамдигар буданд, аммо пас аз як сол шавҳар ошиқи зани дигар шудааст. 

Вақте инсони муъмин як нафарро дӯст медорад, ӯро ба хотири ахлоқаш, табиаташ, ба хотири амалҳояш, рафтораш дӯст медорад, агар ба синни ҳафтод ҳам расад ӯро дӯст медорад. Барои онки бо гузашти умр ҷисму сурати ӯ тағйир ёбад ҳам, ахлоқи ӯ ва қалби ӯ тағйир намеёбад, чунон ки буд, боқӣ мемонад.

Муҳаббати онҳое, ки ба хотири ахлоқу дин бо ҳамдигар издивоҷ кардаанд, самимӣ ва ҳамешагист, баръакси онҳое ки барои ҷисму сурати ҳамдигар,барои молу обрӯи ҳамдигар ё барои ҳадафи дигаре издивоҷ кардаанд, вақте ҳадаф яктараф шуд, зебогиву обрӯ аз байн рафт, оила пароканда мешавад ва ояндаи хубе нахоҳанд дошт. Чунки сабаби издивоҷи онҳо чизҳое буд, ки аз байн рафт. Биёед як фикр кунем, ки он нафаре, ки иддаъои ошиқ будан дорад оё ӯ ба ахлоқи духтар,ба табиати ӯ,ба асли вуҷуди духтар,ки ҷавҳари ботинии ӯст ошиқ аст ё фақат ба сурату чеҳраи ӯ? 

Оё дар шариат муҳаббат вуҷуд дорад? Яъне нафаре гуфт, ки дар бораи ахлоқи фалонӣ шунидам ё сураташро дидам ва якбора ӯро дӯст доштам, оё метавон гуфт, ки  хато кардӣ, гунаҳкор шудӣ? Албатта чунин гуфта наметавонем. Вақте як инсон мегӯяд, ки қалбам ӯро дӯст дошт, ман худам нохоста, бехабару ногаҳон ошиқ шудам, ин кор кори қалб аст. Дар шариат барои коре, ки аз қалби инсон мегузарад, муохаза нест. Инсон барои корҳое, ки бо дасту ҷисми худ анҷом дод, барои онҳо муохаза мешавад, магар он чи, ки дар қалбаш аст, бармалову ошкор кунад ва ба корҳои гуноҳ даст занад. Барои ҳамин ояте дар охири сураи Бақара ҳаст, ки Худованд мефармояд: 

ربنا و لا تحملنا ما لا طاقة لنا به

Парвардигоро, ҳаргиз моро болотар  аз тавонамон муохаза накун.

Инҷо ҳадисе дар Абудовуд омадааст, ки модарамон Оиша разияллоху анҳо мегӯянд: Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам байни занони худ адл мекарданд, ба ҳама баробар нафақа мекарданд, шабҳояшон баробар байни занҳояшон ва ҳатто сафарҳояшон, ки бо кадом занашон бояд раванд, ҳамааш аз рӯи адл буд, вале бо вуҷуди ин мегуфтанд: 

اللهم هذا قسمي فيما أملك،فلا تلمني فيما تملك ولا أملك

«Парвардигоро, ин тақсимоте, ки ман байни ҳамсаронам мекунам, ин корест, ки дар дасти ман аст, аммо ончӣ, ки дар дасти ту аст, ки он қалби манаст, дар ин бора маро маломат макун.«

Тамоми уламо иттифоқ доранд, ки то замоне, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам зинда буданд, албатта пас аз вафоти ҳазрати Хадиҷа, дӯстдоштатарин зани паёмбар Оиша разияллоху анҳо буданд. Чаро Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам дигар занҳоро не, Оишаро дӯст медоштанд, ҳамин ҳадис баён мекунад, ки Паёмбар саллаллоҳу алайҳи ва саллам мегӯянд, ки ин дар дасти ман нест. Қалбе, ки аз байни занҳояшон Оишаро интихоб кард, мегӯянд ки дар дасти ман нест.

 Дар Қуръони Карим дар Сураи Нисо ояти 129  Худованд мегӯяд: 

و لن تستطيعوا أن تعدلوا بين النساء و لو حرصتم

Шумо ҳарчанд кушиш кунед ҳам ҳаргиз байни занҳоятон адл карда наметавонед.

Дар тафсири он оят уламо  мегӯянд ин оят дар бораи  адл кардан дар муҳаббат аст, мард ҳаргиз ду нафарро баробар дӯст дошта наметавонад, барои он ки қалби ӯ дар дасташ нест. Аммо метавонад зоҳиран бо забонаш ба ду нафар ибрози муҳаббат кунад, вале марду бисёрзана фарз аст, ки дар муҳаё сохтани  шароити моддӣ байни ҳамсаронаш адл кунад.

Пас ҳар  нафаре ки  ошиқ шудас, фалониро дуст медорам гуён бидуни хилават кардану муносибатҳои номашруъ ба хонаи дустдоштааш хостгор равон мекунад, дар ин ҳол наметавонем бигӯем, ки ин гуноҳ аст ва набояд ошиқ мешуд, зеро еасеро дуст доштан  кори қалб аст. Модоме, ки инсон ба зино нарафт, ба фаҳшо нарафт, муртакиби гуноҳони кабира нашуд, ҳаргиз барои кори дилаш маломат намешавад, чунки кори дил дар дасти худаш нест. Аммо бо ӯ вохӯрдан, сӯҳбатҳои пинҳонӣ кардан, акс равон кардану акс қабул кардан, бо ҳар баҳонае бо ҳамдигар рӯ ба рӯ хилват нишастан, ҳамаи ин дар дасти ӯст, ва инҳр ҳама гуноҳу расвои ба бор меоваранд

Дар охир ҷавононе, ки бо духтарон робитаи номашруъи пинҳонӣ доред, оё розӣ мешавед, ки нафаре бо хоҳари ошумо чунин рафтор кунад? Ҳаргиз намехоҳед, чунки ин беобрӯи аст. 

Инчунин хоҳарони азиз духтарон бояд шуҷоъву боҳуш бошанд, аз таҳдиди касе наҳаросанд ва ба ҳар касе бовар накунанд.  Байни булҳавасӣ ва ишқ, фарқи бузург аст, инро бояд дарк кард. Хоҳарони азиз нагузоред, ки бо обрӯи шумо номарде бозӣ кунад, шуморо бо ваъдаҳои хушк зери балову таънаву надомат барад.

Ошиқи ҳақиқӣ онест, ки мардонавор омада дасти духтарро аз падараш мепурсад, оилаашро бо оилаи духтар шинос мекунад, на ин ки дар кӯчаҳо вохӯрда сӯҳбат мекунад, на хонаашро медонӣ ва на хонаатро медонад. Ин намуд инсонҳо ба ғайр аз резондани обрӯи духтар чизи дигар намехоҳанд.

Муслима Аҳмадӣ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *