Вазири таҳсилоти олии Толибон мегӯяд барои ин гурӯҳ дин муҳиммтар аз масоили миллӣ, пешрафт ва тамаддуни ҷомеъа аст.
Нидо Муҳаммад Надим дар вокуниш ба интиқодҳо гуфтааст агар ҳадафи аслии Толибон ободӣ ва тамаддун буд, Усома бин Ладунро ба Амрико медод, занон иҷозаи кор доштанд ва ниёз ба ҷанги 20 сола дар Афғонистон набуд.
Вазири таҳсилоти олии Толибон дар наворе, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ даст ба даст мешавад гуфт: “баъзе мегуяанд, чаро макотибро боз намекунед ё ба омӯзиши омехта иҷоза намедиҳед, ё ба хонумҳо иҷозаи кор намедиҳед ва ба масоили миллӣ таваҷҷуҳ намекунед. Барои мо дини Худо аз ҳар чиз муҳиммтар аст.”
Ин мақоми аршади Толибон афзудааст: “агар ба ободӣ ва тамаддун таваҷҷуҳ мекардем, Усома бен Ладун ба (Амрико) медодем ва ба занҳо озодӣ медодем. Аллоҳ иҷоза намедиҳад, ки хоҳишоти куффорро қабул кунем.”
Нидо Муҳаммад Надим гуфтааст, ки Толибон мукаллаф аст занонро маҷбур ба ҳиҷоб кунад.
Ӯ афзуда вақте қоидаҳо ҷорӣ мешаванд, бо бомби атомӣ ҳам наметавон ин гурӯҳро аз тасмимаш мунсариф кард.