Ҳамзамон бо гузоришҳое дар мавриди вуқӯъи чанд инфиҷор дар вилояти Нимрӯзи Афғонистон, манобеъи наздик ба Толибон шом душанбе хабар доданд, ки ин гурӯҳ ба як «махфигоҳи Доъиш» дар шаҳри Заранҷ ҳамла кардааст.
Толибон имрӯз аз амалиёти дигар алайҳи Доъиш низ дар Балх хабар дод, аммо манобеъи мустақил ҳанӯз моҳияти ин даргириҳоро таъйид накардаанд.
Манобеъи наздик ба Толибон аксҳо ва наворҳое ба гуфтаи онҳо аз як амалиёти низомӣ алайҳи Доъишро дар шабакаҳои иҷтимоӣ мунташир карда ва мегӯянд, ки “даргирӣ ҷараён дорад.”
Манобеъи мустақил фақат даргирӣ дар шаҳри Заранҷро таъйид кардаанд, аммо ин ки нерӯҳои Толибон бо чӣ касоне даргир шудаанд, ҳанӯз мушаххас нест.
Қаблан Толибон гуфта буд, ки дар Кобул ва Нимрӯз, ҷангҷуёни доъиширо, ки дар ҳамалот бар ҳотели чиниҳо ва сафорати Покистон даст доштанд, куштанд.