Киев рӯзи душанбе иддаоҳои Русия дар бораи тасарруфи Баҳмути шарқиро рад кард ва гуфт, ки душманонаш парчами пирӯзиро болои “як туалет” барафроштанд ва нерӯҳои укроинӣ дар 24 соати гузашта наздик ба 20 ҳамлаи артиши Русияро дар хатти муқаддам ин шаҳр дафъ кардаанд.
Набард барои шаҳри маъданӣ ва маркази лоҷистикии Баҳмут яке аз хунинтарин даргириҳо буда, ки акнун дар дувумин соли худ қарор дорад. Бар сари ин шаҳр ҳар ду тараф талафоти зиёде додаанд ва шаҳр ҳам то ҳадди зиёде бо гулӯлаборонҳои шадид вайрон шудааст.
Югний Пригожин, раиси гурӯҳи шибҳинизомиёни Вагнер, ки ин шаҳрро дар муҳосира доранд рӯзи якшанбе гуфт, ки сарбозонаш парчами Русияро бар рӯйи бинои ҳукумат дар маркази шаҳр барафроштаанд, агарчи сарбозони укроинӣ ҳанӯз бархе аз мавозеъи ғарбиро дар ихтиёр доранд.
Пригожин, ки қаблан ҳам иддаоҳои зудҳангом доштааст, эълом кард: “аз назари ҳуқуқӣ, Баҳмут гирифта шудааст.” Аммо артиши Укроин мегӯяд, ки даргирӣ дар атрофи сохтмони Шӯрои шаҳр ва ҳамчунин дар дигари шаҳрҳои атроф ҳамчунон идома дорад.
Сергей Череватий, сухангӯи фармондеҳи артиши шарқи Укроин ба Рейтерз гуфт: “Баҳмут укроинӣ аст ва онҳо [Русия] чизеро ба даст наёвардаанд ва аз анҷоми он ҳам бисёр дур ҳастанд.”
Череватий изофа кард: “онҳо парчамро рӯйи як туалет барафроштаанд. Порчаҳояшонро овезон карданд ва гуфтанд шаҳрро тасхир кардаанд. Хуб, бигузоред фикр кунанд, ки шаҳрро гирифтаанд.”
Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Укроин дар баёнияе эълом кард, ки дар маҷмӯъ 45 ҳамлаи душман дар 24 соати гузашта дафъ шуда, ки шаҳри Баҳмут ва шаҳрҳои Авдеевка ва Маринка дар ҷануб дар “маркази амалиёт” қарор доштаанд.
Артиши Укроин дар фейсбук навишт: “душман дар талош аст то шаҳри Баҳмутро таҳти контроли комили худ дароварад. Нерӯҳои укроинӣ наздик ба 20 ҳамлаи душманро дар хатти муқаддам дафъ карданд.”
Ҷон Кёрби, сухангӯи Шӯрои амнияти миллии Амрико ба хабарнигорон дар Вашингтон гуфт, ки Укроин ҳанӯз барои Баҳмут сахт меҷангад. Ў набард дар ин қисмат аз Укроинро “комилан хашин ва хеле наздик” тавсиф кард.
Ӯ гуфт: “ҳатто агар русҳо ба он (Баҳмут) даст пайдо кунанд, пӯёии (динамикаи) майдони ҷанг аз нигоҳи стратегӣ тағйир нахоҳад кард.”
Бо ин ҳол Рейтерз натавонистааст гузоришҳои майдони набардро таъйид кунад.
Баҳмут, ки дар ҳошияи бахшҳое аз устони Донетск таҳти контроли Русия қарор дорад, қабл аз ҳамлаи Маскав ба Укроин дар феврали сол гузашта, 70 ҳазор нафар ҷамъият дошт.
Нерӯҳои русӣ дар як ҷанги фарсоишӣ пас аз чандин шикаст, гирифтор шудаанд. Онҳо ба думболи пирӯзӣ баъд аз ҳамлаи зимистонии худ ҳастанд, аммо талафоти зиёде дар атрофи Баҳмут мутаҳаммил шудаанд.
Фармондеҳони артиши Укроин гуфтаанд, ки зидҳамлаи онҳо бо ҳимояти танкҳои ҷадиди ғарбӣ ва дигар таслиҳот дур нест, аммо ҳамчунон бар аҳамияти ҳифзи Баҳмут ва ворид кардани хисорот дар ин миён таъкид кардаанд.