Аз сӯхтор дар бемористони беморони коруно дар Ироқ 58 нафар ҷон бохтанд
Ассошэйтед Пресс бо такя ба табибони ироқӣ хабар медиҳад, ки сӯхтор дар беморхонаи коронавирусӣ дар ҷануби Ироқ боиси марги 50 нафар гардид ва даҳҳо нафар маҷрӯҳ шуданд.
Дойче Велла аз марги 58 нафар хабар медиҳад.
Қаблан сӯхтор дар беморхонаи Ал-Ҳусейн дар Носирия ба вуҷуд омада 13 нафар фавтида буданд. Ҳолати даҳҳо нафари дигар вазнин аст. Тибқи маълумоти навшуда, шумораи қурбониён дар ин беморхона ҳадди аққал ба 37 нафар афзудааст.
Оташсӯзӣ дар як иншооти нави дорои 70 ҷой барои беморони гирифтори коруно сар задааст. Дар вақти сӯхтор ин ҷо 63 нафар бемор буд.
Сабаби ҳодисаи нохуш расиши кӯтоҳи барқ ва таркиши силиндраи оксиген муайян шудааст.
Сардори мудофиаи шаҳрвандии Ироқ гуфта, ки бино аз масолеҳи даргиранда сохта шудааст ва моил ба оташ аст.