Рубрики Хабарҳо

Амири Қатар дар Теҳрон: Миёнҷигарӣ миёни Эрон ва Амрико ё тадоруки Ҷоми ҷаҳонӣ?

Амири Қатар ба Теҳрон сафар кардааст. Расонаҳои ғарбӣ ҳадафи ин сафарро барқарории роҳи иртиботӣ миёни Эрон ва Амрико аз сӯи Қатар унвон кардаанд. Аммо расонаҳои Эрон аз барқарории сабукиҳо барои шаҳрвандони ду кишвар дар бозиҳои Ҷоми ҷаҳонӣ навиштаанд. 

Шайх Тамим ибни Ҳамд Олсонӣ амири Қатар рӯзи панҷшанбе, 12 май вориди Теҳрон шуд. Ба гуфтаи мақомоти Эрон сафари амири Қатар дар посух ба сафари се моҳ пеши Иброҳим Раисӣ раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон ба Доха анҷом шудааст.  

Амири Қатар аз ҷумла бо раҳбари Ҷумҳурии Исломӣ раисҷумҳур ин кишвар дидор кардааст.  

Хабаргузории Рейтерз ҳадафи ин сафарро барқарории роҳи иртиботӣ миёни Эрон ва Амрико дар гуфтугӯҳои бозгашт ба Барҷом унвон кардааст.  

Вале расонаҳои Эрон сафари амири Қатар ба Теҳронро исботи густариши равобити Эрон бо ҳамсоягонаш арзёбӣ кардаанд. Як манбаъи огоҳ ба хабаргузории Рейтерз гуфтааст ҳадаф аз ин сафар кашондани тарафайни музокироти атомӣ ба як роҳи миёна аст.  

Музокироти бозгашт ба Барҷом, ки наздик ба поён буд аз моҳи март мутаваққиф шуд ва гуфта мешавад иллати аслии он пофишории Эрон бар хурӯҷи номи  Сипоҳи посдорон аз листи гурӯҳҳои террористии Амрикост.  

Вашингтон ба сароҳат гуфтааст чунин барномае надорад аммо онро рад ҳам накардааст.  

Шикасти ин музокирот хатари вуқӯъи як ҷанг дар минтақаро афзоиш медиҳад. Рейтерз навиштааст дар сурати шикасти дипломосӣ имкони ҳамлаи низомии Исроил ба таъсисоти атомии Эрон вуҷуд дорад.  

Мақомҳои эронӣ моҳи гузашта ба Рейтерз гуфтаанд, ки Хоманаӣ метавонад Ғарбро водор ба пазириши хостҳои Эрон кунад.  

Қарор аст амири Қатар баъд аз сафар ба Эрон дар ояндаи наздик ба Олмон ва Бритониё сафар кунад. Бо таваҷҷуҳ ба ниёзи болои минтақаи Аврупо ба энерҷӣ дар шароити эъмоли таҳрим алайҳи Русия, вуруди дубораи Эрон ба бозори энерҷии ҷаҳон метавонад ин халоро то ҳудуде пур кунад. Дар чунин шароите иқдоми миёнҷигаронаи эҳтимолии Қатар ва муваффақияти паёмрасониҳои он миёни Эрон ва тарафҳои дигари ҳозир дар Барҷом шояд шанси бештаре ёфта бошад. 

Эрон пас аз хурӯҷи Амрико аз Барҷом ба таври марҳала ба марҳала аз тааҳҳудоти Барҷоми худ даст кашида ва бими он меравад, ки ба нуқтаи ғайри қобили бозгашт дар тавлиди ураниуми ғанишуда бирасад. Мақомоти ғарбӣ чандин моҳ аст, ки мегӯянд замони зиёде барои анҷоми тавофуқ бо Эрон боқӣ намондааст.  

Дар ин миён сафари амири Қатар ба Эрон метавонад ба унвони нақши миёнҷии ин кишвар миёни Ҷумҳурии Исломӣ ва Иёлоти муттаҳида арзёбӣ шавад.  

Шайх Муҳаммад ибни Абдурраҳмон оли Сонӣ муовини нахуствазир ва вазири умури хориҷаи Қатар рӯзи панҷшанбе дар гуфтугӯ бо шабакаи хабарии Алҷазира гуфт, ки меҳвари музокироти ҳайати қатарӣ дар Теҳрон, барқарори субот дар минтақа ва вуруд ба гуфтугӯҳои минтақавӣ аст.  

Ӯ бо тасреҳи ин, ки музокироти Вена марҳалаи ҳассосеро пушти сар мегузорад аз ҳимояти Қатар аз ин тавофуқ сухан гуфт.  

Ин дар ҳолест, ки расонаҳо ва мақомоти эронӣ танҳо ба зикри нукоти куллӣ дар сафари амир  Қатар пардохтаанд. Аз ҷумла муовини вазири хориҷаи Эрон ба гузориши ИРНО аз сабуксозии судури визо барои тамошогарони эронии алоқаманд ба ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар» дар ҷараёни ин сафар хабар дод.  

Расонаҳои Эрон дар хабаре аз дидори амири Қатар бо Муҳаммад Мухбир, муовини раисҷумҳури Эрон навиштаанд, ки амири Қатар аз осонсозии судури визо барои тамошогарони эронии алоқаманд ба ҳузур дар Ҷоми ҷаҳонии Қатар хабар додааст. Ў ҳамчунин сафари ҳайати қатарӣ ба Кеш ҷиҳати ҳамкорӣ бо Эрон дар заминаи баргузории Ҷоми ҷаҳониро мусбат арзёбӣ кардааст.  

Эрон пештар аз забони муовини вазири хориҷа гуфтааст, ки «судури раводид барои тамошочиҳои бозиҳои Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар ҷиҳати сафар ба Эрон роягон шуда аст».

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *