Амрико мегӯяд “кишвари мавриди ҳамла қарор гирифта” ҷанганда дарёфт кардааст, аммо нерӯи ҳавоии Укроин чунин чизеро рад кардааст. Бо ин ҳол ради пойи се кишвар яъне Лаҳистон, Булғория ва Словакия дар ин мавзӯъ дида мешавад.
Дар оғози моҳи март пешниҳоди Лаҳистон барои додани ҷанганда ба Укроин сару садои зиёде ба по кард.
Он замон Лаҳистон эъломи омодагӣ карда буд ҷангандаҳои МиГ-29-и худро дар ихтиёри Укроин қарор диҳад ва ин корро аз тариқи яке аз пойгоҳҳои Амрико дар Раммштайн (Rammstein)-и Олмон анҷом диҳад то Иёлоти муттаҳида битавонад онҳоро ба Укроин бирасонад ва дар ивази он Амрико ҷангандаҳои F-16 ба Лаҳистон бидиҳад.
Ҷон Керби сухангӯи вазорати дифоъи Амрико дар тавзеҳи мухолифати сареҳи Пентагон бо ин кор, гуфта буд, нигаронӣ вуҷуд дорад, ки Русия ба унвони як қудрати атомӣ ирсоли ҷанганда ба Укроин аз тариқи кишварҳои узви НАТО-ро иқдоме таҳрикомез талаққӣ кунад.
Бо ин ҳол Ҷон Кербӣ, сешанбе 19 апрел хабар дод, ки Укроин ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва ҳамчунин қатаоти эҳтиётӣ барои таъмири ҳавопаймоҳои осебдида дарёфт кардааст.
Керби ҳамчунин фош кард, ки Амрико фақат ба ирсоли қатаоти эҳтиётӣ кумак карда аммо ҳавопаймо надодааст. Ӯ ҷузъиёти дигаре ироа накард.
Рӯзномаи утришии “Стандард” рӯзи чаҳоршанбе 21 апрел дар гузорише бо баррасии мавзӯъи таҳвили ҳавопаймоҳои ҷангӣ ба Укроин менависад, бисёриҳо акнун мепурсанд чӣ касе ҷетҳои ҷангандаро ба Укроин дода ва аз хатти сурхе, ки дар ибтидои март ҳамчунон побарҷо буд, убур кардааст?
Лаҳистон, Булғория ва Словакия боэҳтимолтарин номзадҳои таҳвили ҷанганда ба Укроин ҳастанд.
Муассисаи байналмилалии мутолиоти стратегӣ (IISS) мегӯяд ин се узви Иттиҳодияи Аврупо, ҷангандаҳои МиГ-29-ро дар ихтиёр доранд. Лаҳистон 28 фарванд, Словакия 14 фарванд ва Булғория низ 11 фарванд аз ин МиГ-ҳо доранд.
Ба гуфтаи муассисаи пажӯҳиши бритониёӣ ин мавзӯъи муҳим аст зеро Укроин низ ин ҳавопаймоҳоро дорад ва дар натиҷа, халабонони укроинӣ метавонанд бо онҳо парвоз кунанд. Ин муассиса гуфтааст таҳвили ҳар навъи ҷангандаи дигар ва омӯзиши халибонон замонбар хоҳад буд.
Зеленский хитоб ба Ғарб: Ҷанганда бидиҳед!
Раисҷумҳури Укроин аз оғози ҷанг дар 24 феврал борҳо хостори таҳвили ҳавопаймоҳои ҷанганда шудааст ва Лаҳистон, Булғория ва Словакия низ тамоюли худ барои таҳвили ҳавопаймоҳои ҷангиро эълом кардаанд.
Эдуард Ҳегер, нахуствазири Словакия ҳафтаи пеш ба портали амрикоии “Политико” гуфт, кишвараш дар ҳоли баррасии таҳвили ҳавопаймоҳои қадимии МиГ-29 ба Укроин аст.
Ҳегер хотирнишон кард кишвараш мехоҳад аз шарри ҳавопаймоҳои русӣ халос шавад, зеро таҷҳизоти русӣ бидуни робита бо Русия қобили нигаҳдорӣ нест. Ў афзуд Словакия барои хариди ҷангандаҳои F-16 аз Амрико барномарезӣ карда, аммо таҳвили ин ҳавопаймоҳо эҳтимолан то соли 2024 тӯл мекашад.
Укроин мегӯяд қатаоти эҳтиётии ҳавопаймои ҷангӣ дарёфт карда
Бо ин ҳол, ҳеҷ чизе ба таври расмӣ таъйид нашуда ва бисёре аз пурсишҳо монанди чигунагии вуруди ин ҷангандаҳо ба хоки Укроин ҳанӯз бепосух мондаанд.
Нерӯи ҳавоии Укроин ҳам таҳвили ҳавопаймоҳои ҷангиро такзиб кард. Онҳо тавзеҳ доданд, ки ҳеҷ ҳавопаймои аз хориҷ дарёфт накардаанд балки фақат қатаоти эҳтиётӣ гирифтаанд.
Ҷон Кербӣ, сухангӯи Пентагон ҳам гоҳ аз “ҳавопаймо” ва гоҳ аз “ҳавопаймоҳои ҷанганда” ном бурдааст.
Рӯзномаи Стандарт, чопи Вена дар хотимаи гузориши худ менависад, бояд мунтазири иттилооти бештар буд аммо мумкин аст халабонони укроинӣ ба хориҷ аз кишвар рафта бошанд то ҳавопаймоҳои МиГ-29-ро ба Укроин мунтақил кунанд.
Халабонони укроинӣ ҳафтаи гузашта кампини “барои ман як ҷанганда бихаред”-ро роҳандозӣ карданд. Веб-сайте, ки барои ин манзури доир шуда, феҳристи кишварҳоеро мунташир кард, ки метавон аз онҳо ҷетҳои ҷанганда харид.
Як халабони укроинӣ дар видеое тавзеҳ медиҳад, ки аз байни бурдани ҷинояткорони ҷангӣ ва танкҳо вазифаи ҷангандааст. Халбонони укроинӣ ҳамчунин эълом кардаанд, ки моиланд тарзи парвоз бо ҷетҳои ҷанганда мудели ғарбиро низ сареъ ёд бигиранд.