Categories Хабарҳо

ҶОЙГОҲИ КЕЛИН ДАР ОИЛА

Мавзӯе,ки имрӯз ироа мегардад, шояд аз доғтарин мавзӯъҳои ҷомеа бошад. Ҳар яки мову шумо ҳаррӯз чӣ дар расонаҳо бошад, чӣ аз даҳони мардум, як хабаре оиди зулму ситам нисбати келин мешунавем. Ба касе ҳам пӯшида нест, ки солҳои охир сабабҳои худкушии аксари ҷавондухтарон худи ҳамин зулму ситами оилаи шавҳар будааст.

Вақте дар ҷомеа қонунҳои Шариат ҳукмфармо нест ва мардум оиди дини худ маълумоти кофӣ надоранд, ба ҷои ҳукмҳои одилонаву ҳакимонаи Парвардигор, хурофоти ҷоҳилонаро мардум сарқонуни зиндагии худ месозанд. Хурофоте, ки сар то по ҳуқуқи занҳоро поймол месозад. Сад афсӯс, ки аксарияти ин қонунҳои золимонаро худи занҳо ихтироъ кардаанд.

Биёед бо ҳам бубинем, аз рӯи шариъат келин нисбати хонаводаи шавҳар то куҷо вазифадор аст  ва ҷомеъаи мо чи воҷиботҳоро ба гардани келин бор кардаанд.

ХИДМАТИ ХОНАВОДАИ ШАВҲАР

Хидмати падару модар, ёрӣ расонидани  онҳо ин якум дараҷа воҷиботи фарзандон аст, чӣ фарзанди духтарӣ, чӣ писарӣ. Ҳама нусусҳои шариат танҳо ва танҳо фарзандонро амр мекунад, то хидмати волидонро анҷом диҳанд. Аллоҳ мегӯяд:

و اعبدوا الله و لا تشركوا به شيئا و بالوالدين احسانا

Танҳо Аллоҳро парстиш кунед ва ба Ӯ чизеро шарик қарор надиҳед ва ба падару модари худ накӯӣ кунед. (Нисо 36)

Дар шариати Ислом хидмати падару модарро бояд фарзандон иҷро кунанд. Хоҳ пеш аз хонадоршавӣ,  хоҳ баъд аз оиладоршавӣ, фарзандон чӣ писар, чӣ духтар масъули хидмати волидон ҳастанд.

Ҳеҷ далеле, ҳатто ҳеҷ фатвое вуҷуд надорад, ки хидмати падару модари шавҳар ба гардани келин аст.

Ҳама уламои Шариат иттифоқ ҳастанд, ки келин метавонад, ҳамчун меҳрубонӣ баъзе хидматҳои хушдоману хусурашро иҷро кунанд ва ба ин амалаш аҷру савоб мегирад.

Ягона шахсе, ки дар шариат ба хидматаш арусӣ хона вазифадор аст, ин шавҳар мебошад. Хонаводаи шавҳар ҳақ надоранд, умури хонаводаро ба гардани келин бор кунанд.

ЗУЛМЕ, КИ ТАСАВВУРАШ ДИЛИ ИНСОНИ БОВИҶДОНРО РЕШ МЕКУНАД

Духтараке, ки ба хонаи шавҳар қадам мегузорад, ҳанӯз ҳатто бо аҳли оила шинос нашуда, бояд даст ба кор шавад. Тамоми рӯбучини як оилаи бузург, таомпазиву шустани либоси аъзои оила, ҳатто нигоҳубини ҳайвонҳоро ба арӯси ҳанӯз дирӯз ба хона расида месупоранд. Магар инсоф надорем. Оё меҳмонро ин гуна пазироӣ бояд кард.

Пеш аз омадани келин ин ҳама корро кӣ анҷом медод? Имрӯз, ки арӯс омад, ҳама ин корро бо худ овард?

Тамоми рӯз духтарак бояд як оилаи бузургро хидмат кунад, дар ҳоле, ки дар хона онҳое, ки бекор ҳастанд, зиёданд. Хоҳар вуҷуд дорад, бародар ҳаст, модар низ сиҳату солим.

БАРОДАР ВА ХОҲАРОНИ ШАВҲАР БОЛОИ КЕЛИН ЧӢ ҲАҚ ДОРАНД?

Дар ҷомеаи имрӯза келин бояд фармудаҳои хоҳару бародари шавҳарашро не нагуфта иҷро кунад. Ҳатто бародари кӯчаки домод, ки аз келин кӯчактар аст, ба ҷои эҳтиром ба бузургон метавонад ба янгаи худ фармон диҳаду ҳатто дар ҳолӣ ба иҷро нарасидан ба сари келин дод занад. Ягон нафар нест, ки ин кӯдаки бетарбиятро танбеҳ кунад.

Хоҳару бародарони азиз бидонед, ки дар шариати Ислом бародари шавҳар як нафари куллан номаҳрам аст. Бародари шавҳар ҳаққи фармони чизеро надорад.

Ҳадис дар Бухориву Муслим аст.

Рӯзе Паёмбар ба саҳобагон гуфтанд:

Барҳазар бошед аз дохил шудан ба назди занҳои номаҳрам, дар ҳоле, ки каси дигаре дар назди онҳо несту хилват бошад.

Сипас марди ансорие гуфт: ё Расулаллоҳ!

Агар бародарам ба назди ҳамсарам ворид шавад чӣ (дар ҳолати хилват будан)?

Паёмбар гуфтанд:

Дохил шудани бародарат ба назди ҳамсарат дар хилват марг аст.

Вақте бародари шавҳар шахси номаҳрам аст, келин набояд дар танҳогӣ бо ӯ суҳбат кунад. Набояд ҳамчун як маҳрами худ бо ӯ муомила кунад, то қадри тавон аз мухолита бо ӯ дур шавад. Агар эҳтиромона  аз келин барои коре ёрӣ хост келин метавонад, ҳамчун лутф ёрӣ кунад. Агар ҳамчун як нафари ҳақдор фармоне дод бидонед, ки асло чунин ҳуқуқро надорад.

Мегузарем ба хоҳари шавҳар. Хоҳари шавҳар низ ҳамчун бародари шавҳар ҳеҷ як ҳуқуқи фармонравоӣ ба келинро надорад. Баръакс хоҳари шавҳар бояд хидмати падару модарашро кунад, на келин.

Дар аксари оилаҳо навад дар сад гӯйем ҳам хато намекунем, ба як нафар келин ҳама аъзои хонавода ҳаққи амр карданро доранд. Ҳол он, ки шариат ба занҳо амр мекунад, фақат фармони ду нафарро иҷро кунанд, шавҳар ва волидон, он ҳам агар аз рӯи шариат бошад ва тавонашро дошта бошанд.

РАФТАНИ КЕЛИН БА ҶОЙЕ БО ИҶОЗАИ ОИЛА.

Барои ба ҷойе рафтани келин танҳо иҷозаи шавҳар зарурист, зеро Паёмбар мегӯянд:

من حق الزوج على زوجته ان لا تخرج من بيته الا باذنه

Аз ҳаққи шавҳар болои ҳамсараш ин аст, ки бе иҷозаи шавҳар ба ҷойе наравад.    (Абуяъло)

Келин барои ба ҷойе рафтан танҳо бояд аз шавҳараш иҷоза гирад. Боқимонда, дигарон ҳақ надорад ӯро барои ба ҷойе рафтан амр кунад ва ё боз дорад. Аммо аз рӯи эҳтиром пеш аз рафтан ба ҷойе ба хушдоману бузургони оила хабар диҳад хеле хуб аст. Ин одобу хушмуомилагии ӯро мефаҳмонад.

ҲУҚУҚҲОИ МОДДӢ

Шариат шавҳарро амр мекунад, ҳамсарашро бо тамоми эҳтиёҷоти рӯзгор муҳайё созад. Агар мабодо бемор шуд, табобати келин ба души шавҳараш аст. Беинсофии бисёриҳост, ки агар келин бемор шуд, дарҳол ба хонаи модараш гусел мекунанд.

Гӯё табобати келин қарзи волидон аст. Вақте сиҳат буду ҳама корҳоро мекард, аъзои хонавода буд. Имрӯз, ки мариз шуд духтари мардум мегардад.

Ҳатто ҳастанд келинҳое, ки ҳама эҳтиёҷоти худро ба падару модар ё наздикони худ мегӯянд. Агар мабодо ба наздикони шавҳар аз камбудие шикоят кунанд дар ҳол ҷангу ҷангҷол шурӯъ  мешавад.

ТАРБИЯИ КӮДАКОН

Келин наметавонад дар хонаи хушдоман ба майли худ ҳар тавр, ки салоҳ медонад, кӯдаконашро тарбият кунад. Модаркалону аммаҳо ҳатман бояд дар тарбия шарик бошанд. Ҳатто хариди либосҳои кӯдакашро дигарон мекунанд. Дуруст аст, агар бузургон ба модари бетаҷриба баъзе машвартҳо диҳанд, аммо ҳақ надоранд, модарро аз тарбияи ҷигарбандаш маҳрум созанд. Яке аз дӯстон мегуяд:

Бовар кун хоҳарҷон, ду фарзанд дорам яке 12 дигаре 10 сол дорад, боре ҳам нашудааст, ки худам ба фарзандонам либос харида бошам. Шавҳарам ба модараш пул мефиристад. Онҳо ба ман тине надода, ҳар чӣ хостанд ба фарзандонам мехаранд. Аммо заруриётҳои маро модарам ва бародаронам мехаранд.

То ин дараҷа келин беқадр аст.

ЧАРО КЕЛИНҲО ҲУҚУҚИ ХУДРО НАМЕДОНАНД АЗ ХУД ДИФОЪ НАМЕКУНАНД

Дар баъзе оилаҳо келин ҳама ҷабру ситамро мебардорад. Ҳатто ба таънаву дашноми дигарон хомӯш меистад. Ҳама сахтиҳоро таҳаммул мекунад, то аз хона наронанд ва дар байни мардум шармандаву беобрӯ нагардад.

Чаро ин қадар духтарон тарсуву қадрношиноси худ ҳастанд?

Сарчашмаи ҳамаи ин беқадриҳо аз хонаи падарӣ сар мезанад. Моён аз кӯчакӣ ба гуши духтар як чизро такрор мекунем.

Кӯшиш кун дар миёни мардум обрӯи моро нарезонӣ. Эҳтироми хонаводаи шавҳаратро кун. Корҳои манзилиро ба хубӣ ёд бигир, чун ҳама корҳои хона ба души ту меафтад.

Асло ба хешовандони шавҳарат гап нагардонад. Агар аз шавҳари якум ҷудо шудӣ бидон, ки дигар ҳаётат сӯхт.

Субҳаналлоҳ, ба ҷои ин суханҳо бояд худшиносиро ба духтарон омӯзем, то қадри худро бишносанд. Ба ӯ бигӯем: Духтаракам ту шахсият дорӣ, обрӯ дорӣ ба ману оилаат азиз ҳастӣ. Ҳаргиз магузор, касе ҳуқуқи туро поймол созад. Аз худ дифоъ кун ҳақорату ноҳақгӯийи касеро беҷавоб нагузорад. Агар хеле ба ту зулм мекунанд мабодо даст ба худкушӣ назан ҳама мушкилиро роҳи ҳалле ҳаст. Мо ҳамеша дар кӯмаки ту ҳастем, асло танҳо нестӣ.

Яке аз дӯстонам, ки аз Молайзия аст, ба ман хеле чизи аҷиберо нақл кард. Мегӯяд:

Дар ҷомеаи мо арӯс муҳим нест, ки пухту пазу корҳои манзилро ба пуррагӣ омӯхта бошад. Муҳим ин аст, ки келин таҳсил кардаву аз ҳуқуқи худу дигарон бохабар бошад. Соҳиби фарҳангу маърифат бошад. Ҳама инсон метавонад дар муддати кӯтоҳе пухту пазу тамизкориро ёд бигирад, аммо барои маърифатнокии як нафар бояд аз кудакӣ даст ба кор шавем.

Ин бефарҳангию камхирадӣ аксари гулдухтарони моро ба канизиву тарсончакӣ расонид, наметавонем ҳатто як ҷумларо барои дифоъ кардани худ бигӯем. Он қадар тарсончак ба воя мерасем, ки ҷумларо сар накарда гулӯямон буғи мегардад, дигар бо гиря суҳбатро хотима мебахшем.

Қиссаи дигаре дорам. Бо хоҳаре  шинос шудам. Ба фарқ аз дигарон хеле соҳибиродаву қавӣ буд. Аз худ ба хубӣ дифоъ мекард. Дар назди оилаи шавҳараш низ эҳтиром дошту  хонаводаи шавҳарашро эҳтиром мекард. Дар ӯ кашмакашиҳои оилавӣ хеле кам дида мешуд. Боре аз ӯ пурсидам: Сирри ин ҳама шуҷоъату ободиаш дар чист?

Гуфт: Аз кудакӣ падарам ба ман як ҷумларо пайваста такрор мекард. Ту духтари шуҷои ман ҳастӣ! Ба ҷои гиряву зорӣ бо ҳикмату шуҷоат мушкилиҳоятро ҳал мекунӣ.

Боре дар хонаи шавҳар дучори мушкилии сахте шудам. Ба падарам занг задам, вақте гуширо бардошт падар мегуфтаму мегиристам.

Медони падарам чӣ гуфт?

Гуфт ман духтари гирёнчаку тарсӯ бузург накардам. Ман духтаре бузург кардам, ки бо мусибатҳои дунё биҷангаду ҳаргиз ақабнишинӣ накунад. Гиря накун роҳи чораро ёб, ту метавонӣ, ту қавӣ ҳастӣ!

Барои ҳамин ҳамеша саъй мекунам, қадри худро донаму дигаронро низ қадрдонӣ кунам. Ман чунин ҳастам барои он, ки ингуна тарбия ёфтам.

Азизон на ҳама оилаҳо ба келин зулму ситам мекунанд. Албатта оилаҳое ҳастанд, ки бо келин мушкилие надоранд. Ҳамчун фарзанди худ муомила мекунанду оромона зиндагонӣ доранд.

Инчунин оилаҳое ҳастанд,ки бо омадани келин хонадонашон ба ҷаҳаннам табдил меёбаду писар аз модару наздиконаш ҷудо мегардад. дар барномаҳои оянда оиди келинҳои шумқадаме,ки бо хабарчиниву дуруғбофӣ ҳаёти оиларо сарду торик месозанд  суҳбат хоҳем кард.

Муслимаи Аҳмадӣ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *