Владимир Путин раисҷумҳури Русия фармоенро дар мавриди ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба нирӯҳои мусаллаҳи Федератсияи Русия имзо кард. Ин санад дар сайти Кремл мунташир шудааст. Аз ҷумла хидмати иҷборӣ барои шахсони дорои душаҳрвандӣ низ тасвиб шуд.
Қаблан фақат афроде, ки шаҳрванди Федератсияи Русия буданд, метавонистанд ба хидмати иҷборӣ ҷалб шаванд. Аз сӯи дигар, хориҷиҳо метавонистанд бо имзои қарордод дар сафҳои сарбозон, малавонон, гурӯҳбонҳо (сержант) ва саргурӯҳбонҳо (старшинаҳо) хидмат кунанд. Онҳо ин гузинаро низ ҳифз мекунанд.
Ба алова, тибқи фармони нав, ба хидмати сарбозии иҷборӣ сарбозон, малавонон, гурӯҳбонҳо ва саргурӯҳбонҳое, ки шаҳрванди Русия ҳастанд, аз ҷумла касоне, ки тобеияти як кишвари хориҷиро доранд, ҷалб мешавад. Фармон ҳамчунин дар мавриди касоне иҷроӣ мешавад, ки дорои ҳуҷҷати иқомати муваққат ё санади дигаре ҳастанд, ки ҳаққи иқомати доимии як шаҳрванд дар қаламрави Русияро таъйид мекунад.
Ин санад хидмати хориҷиҳо ҳам дар нерӯҳои мусаллаҳи Русия ва ҳам дар нерӯҳои Горди миллӣ ва дигар ташкилоти низомӣ танзим мекунад.
Имзои қарордод бо шаҳрвандоне, ки таҳти тафтишот қарор доранд, ҳукми гунаҳкорӣ содир шудааст ва ё доғи судӣ доранд, манъ шудааст. Ҳамчунин бо онҳое, ки барои истеъмоли маводи мухаддир ҷазои маъмурӣ гирифтаанд, то анҷоми мӯҳлати ҷазо қарордоди имзо карда намешавад.
Манъи ҷалби хориҷиёни дорои доғи судӣ ё таҳти тафтишот ба сафи артиши Русия дар ҳолест, ки ширкати низомии шахсии “Вагнер” на танҳо аз зиндонҳои Русия, балки аз зиндонҳои кишварҳои дигари муштаракулманофеъ ҳазорҳо зиндониёни ҷинояткор, аз ҷумла онҳоеро, ки барои куштор ва ҳатто таҷовуз маҳкум шудаанд ба ҷанг алайҳи Укроин ҷалб кардааст.
Дар ҳамин ҳол, бо вуҷуди басиҷи нисбӣ ва ҷалби 300 ҳазор нерӯи иловагӣ ба сафи артиши Русия, ин кишвар дар ҷанг бо Укроин на танҳо ҳеҷ пешравие надорад, балки ҳар рӯз қисмате аз манотиқи забткардаашро аз даст медиҳад. Тибқи додаҳои мақомоти укроинӣ ва хадамоти ҷосусии Бритониё, Русия сарбозони басиҷшударо бо камтарин силоҳ ва лавозимоти дигари ҷангӣ ба майдони набард мефиристад, ки дар натиҷа ҳар рӯз садҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. Танҳо дар як ҳафати гузашта беш аз 4000 сарбози рус кушта шудаанд.