Фарзанди муваффақ, кӯдаки аълохону пешсаф неъмати Парвардигор аст, ки доштанашро тамоми падару модарон орзӯ мекунанд. Ҳар як падару модар мехоҳад, ки кӯдакаш дар байни ҳамсинну солонаш пешсафу боэҳтиром бошад. Фарзанде, ки ҳанӯз аз кӯдакӣ дар дарсҳояш муваффақ аст, ояндаи дурухшон дар интизораш аст. Кӯшишҳои кӯдак дар дарсҳо, нишондиҳандаи он ҳастанд, ки кӯдак дар оянда низ барои ба қуллаҳои баланд расидан, кӯшиш хоҳад кард. Аз тарафи дигар шахсоне, ки боилму маърифат ҳастанд, албатта ба ҷуз Тоҷикистон дар тамоми кишварҳои дигар хеле зуд соҳиби кори муносиб мегарданд. Кӯдаке, ки аз хурди соҳиби дониши хуб аст, дар оянда низ соҳиби кори муносиб гаштанаш хеле осон аст. Аз тарафи дигар дар муомила бо дигарон кӯдакони аълохон аз кӯдакони дигар хеле фарқ доранд. Одатан кӯдаке, ки дар дарсҳояш пешсаф аст, бо дигарон хеле зуд муомила барқарор мекунад. Чӣ гуна бо мардум муносибат карданро аллакай медонад. Оддитарин шахс метавонад, кӯдаки дар дарсҳояш муваффақро аз кӯдаки оддӣ, махсусан аз кӯдаки сустхон фарқ кунад.
Шахси илмдор, кӣ набошад ҳам, кӯдак, ҷавон, миёнасол ва ё кӯҳансол аз шахси бесавод тафовути зиёд дорад.
Баъзеҳо гумон мекунанд, ки сабабгори асосӣ дар пешқадам будани кӯдак, ин муаллим мебошад. Агар кӯдак дар дарсҳояш ақибмонда аст, новобаста аз он, ки он дарсҳо дарсҳои мактабӣ ҳастанд ва ё дарсҳои хусусӣ, дарсҳои дунявӣ ҳастанд ва ё динӣ, муаллим сабабгори асосӣ аст. Тамоми масъулияти пешравии илмии кӯдакро ба гардани муаллим бор мекунем, бо ҳамин худро аз масъулияти таълими кӯдак озод мекунем. Масъули аввали таълими фарзанд ин муаллим аст, агар аз ӯҳдаи масъулият набаромад, гуноҳаш ба худаш. Ҳол он ки кӯдак ҳамагӣ бо муаллим шояд чор соат вақти худро гузаронад, бист соати боқимондаро бошад, ҳамроҳи оила, махсусан ҳамроҳи модар мегузаронад. Масъулияти муаллим танҳо ба ҳамон соатҳои маҳдуди дарс аст, аммо масъулияти оила бошад, тамоми умри кӯдакии фарзандро фаро мегирад. Албатта муаллим дар таълими кӯдак нақши муҳим дорад, аммо сабабгори асосии босаводии кӯдакон оила мебошад ва чӣ гуна масъулияти худро бояд адо кунанд, иншоАллоҳ дида мебароем.
Баъзеҳо бошанд, гумон мекунанд, гап дар сари табиати кӯдак, соддатар карда гӯем ба характери кӯдак вобаста аст, ҳар кӯдаке, ки дар табиати худ хонданро дошта бошад, ӯ пешсаф мешавад ва ҳар кӯдаке, ки дар табиати худ муҳаббати хонданро надошта бошад, ақибмонда хоҳад шуд. Кӯдаки ман дар байни кӯдакҳои дигар пешсаф аст, зеро худ бо табиати илмдӯсти ба дунё омадааст. Кӯдаки ман сустхон аст, зеро бо зеҳни кунд ба дунё омадааст. Инҷо касе масъули босаводии кӯдак нест, агар дар табиаташ бошад, мехонад…
Албатта кӯдакҳое ҳастанд, ки бо заковати фавқулода ба дунё омадаанд. Тамоми масъалаҳоро ҳанӯз ба онҳо шарҳ надода, аз рафти сухан дарк мекунанд. Ҳар сухане, ки аз даҳони муаллим мебарояд, дар ҳол дар зеҳнашон сабт мешавад, худ аз ӯҳдаи дарсҳои худ мебароянд. Барои пешравии онҳо кӯмаки волидон ҳам он қадар ҳатмӣ нест. Ошиқи китобу хондан ҳастанд, қудрати омӯхтанро ҳам ба танҳогӣ доранд.
Баъзан мушоҳида мекунем, ки кӯдаке дар оилаи худ ягон шахси босаводро надорад, аммо худ ҳамеша дар мактабу дарсҳои дигар пешсаф аст. Дар хона касе ба ӯ кумак намекунад, аммо худ аз ӯҳдаи тамоми дарсҳояш мебарояд. Ин гуна кӯдакон бо неъмати заковати ғайриоддӣ офарида шудаанд, аммо хеле кам ҳастанд.
Падару модаре, ки Аллоҳ барояшон ин гуна фарзандро иҳдо кардааст, бояд ин неъматро барои ба қуллаҳои баланд расидан, кӯмак кунанд. Нагузоранд заковати худододи фарзандашон зери корҳои ҷисмони хомӯш гардад. Одатан кӯдаконе, ки бо заковати ғайриоддӣ ба дунё меоянд, шонси донишманди бузург гаштан, барояшон хеле болост.
Агар падару модар завқи пешравии илмии кӯдакашоро надоранд, хешовардон ва устодони кӯдак барои пешравии кӯдак ба миён дароянд. Бешак маслиҳати донишмандону шахсони ботаҷриба волидонро такон медиҳад.
Абӯюсуф шогирди машҳури Имом Абӯҳанифа дар айни замон қозии машҳури хилифа Ҳорунаррашид, шахсе, ки дар тамоми китобҳои фиқҳу таърих машҳур аст ва китоби Хароҷе, ки навиштааст то ҳол муҳимтарин сарчашмаи уламои иқтисоди исломӣ ба шумор меравад, дар кӯдакӣ дар оилаи фақире ба дунё омада буд. Падару модараш зиндагии фақирона доштанд. Аммо Абӯюсуф бошад, заковати фавқулода дошту ҳаваси илм. Ба маҳзи он ки дар аввалин ҳалқаи дарсии имом Абуҳанифа иштирок карда буд, Абуҳанифа заковати ғайриоддии Абуюсуфро дарк карда буданд, Абуюсуф бошад, ҳанӯз кӯдаки даҳсола буд. Аммо Абӯюсуф боинтизом ба дарсҳои Абуҳанифа иштирок намекард, зеро азбаски фақир буд, рӯзона дар бозор ҳаммолӣ мекард, боркаш буд. Падари Абӯюсуф пайваста ба Абӯюсуф насиҳат мекард, ки дарсҳои Абуҳанифаро канор гузошта, аз паи рӯзиаш шавад, зеро Абуҳанифа сарватманд аст, Абуюсуф бошад, барои хӯрдан ҳам, нони кофӣ надорад. Падару модари Абуюсуф ҳамеша зиддӣ он буданд, ки фарзандашон дар дарсҳои Абуҳанифа иштирок карда, аз касби рӯзонаи худ маҳрум гардад.
Боре Абӯюсуф якчанд рӯз ба дарси Абӯҳанифа намеояд, Абӯҳанифа аз ҳалқаи дарсӣ бархеста ба хонаи Абӯюсуф меоянд. Аз модари Абӯюсуф мепурсанд, ки кӯдакат дар кӯҷост, чаро дер боз ба дарсҳоям намеравад. Модари Абӯюсуф ба Абӯҳанифа бо дағалӣ мегӯяд: Фарзандамро ба ҳолаш гузор, ӯро бо дарсҳоят машғул накун, бигзор аз паи касбу кораш шавад.
Абӯҳанифа ба модари Абӯюсуф мегӯянд, Яъқубро (Номи Абӯюсуф) бигзор дар дарсҳо иштирок кунад, ӯ аз дигар кӯдакон фарқ дорад, агар ӯро машғули талаби илм кунӣ, рӯзе мешавад, ки ҳамроҳи хулафову умаро пиставу ширинӣ мехӯрад. Албатта дар он замон пиставу ширинӣ, таъоми хоси Халифаву умаро буд. Сухани Абӯҳанифаро шунавида, модари Абӯюсуф тамасхур карда мегӯяд:
“Яъқуб фарзанди ман, фақири аробакаш ҳамнишини хулафо бо пиставу ширинӣ, бирав афсонаҳоятро ба дигарон гӯй”.
Абӯҳанифа мебинанд, ки падару модари Абӯюсуф ӯро ба дарс равон кардани нестанд, ба падари Абӯюсуф мегӯянд:
“Писарат ҳар рӯз ба хона чанд сум пул меоварад. Касби якрӯзаи кӯдак чӣ қадар аст, ки ба хотири он, ӯро аз талаби илм бозмедорӣ”.
Падари Абӯюсуф мегӯяд: “Ҳар рӯз ду дирҳам ба хона меоварад.
Абӯҳанифа мегӯянд: Ман ҳар рӯз ба ту ду дирҳами медиҳам, ту бигзор Абӯюсуф кор дар бозорро тарк карда, ба дарсҳоям равад.
Ҳамин тавр падари Абӯюсуф розӣ мешавад ва Абӯюсуф то вафот кардани Абуҳанифа дар назди имом таълим мегирад.
Аҷиб ин аст, ки вақте илми Абӯюсуф дар ҳамаҷо машҳур мешавад, Ҳорунаррашид халифаи он замон Абӯюсуфро қозии давлатӣ эълон мекунад ва ҳамеша барои сӯҳбат кардан. Абӯюсуфро ба наздаш мехонад. Албатта дар назди халифа Абӯюсуф бо пиставу ширинӣ меҳмон мешаванд ва ҳамон гуфтаи Абӯҳанифа меояд, кӯдаки аробакаши фақир рӯзе расид, ки ба сабаби илму заковати худ ҳамнишини халифа гашту меҳмони ӯ.
Имрӯз шояд заковати садҳо кӯдакони боистедоди мо зери бемасъулияти волидон ҳадар шавад.
Барои таълими кӯдак шарт нест, ӯро дар яке аз мактабҳои махсуси гарони Аврупову кишварҳои дигар дохил кунем. Кофист, кӯдак камтарин дастгирии волидонро ҳис кунад, донад, ки оилааш мухлиси пешравиҳои илмии ӯ ҳастанд, заковати дар худ будаи худро харҷ мекунад. Дар оддитарин мактаб хонда бошад ҳам, ба мақоме мерасад, ки тасавваруш надоштем.
Оиди роҳҳои ҳавасманд кардани кӯдакони оддӣ дар дарсҳо ва дастгирии кӯдакони зеҳни кунддошта, иншааллоҳ баъдтар дида мебароем.
Муслимаи Аҳмадӣ