Бритониё эълом кард, ки нерӯи баҳрии салтанатии ин кишвар як маҳмулаи “мушакҳои пешрафтаи эронӣ”-ро дар дарёи Уммон тавқиф кардааст. Бино ба гузоришҳо, ин маҳмула дар авоили соли ҷорӣ тавқиф шудааст.
Сафорати Бритониё дар Амороти арабии муттаҳида рӯзи панҷшанбе 7 июл эълом кард, ки нови ҷангии нерӯи баҳрии салтанатии Бритониё барои нахуст бор шиноварҳои ҳомили мушакҳои замин ба ҳаво ва моторҳои мушакҳои курузро (зенитӣ) дар масири Эрон ба Яман, тавқиф кардааст.
Ҷеймс Ҳаппи, мақоми аршади нерӯҳои мусаллаҳи Бритониё дар пайи интишори хабари тавқифи ин маҳмула, бар ҳимояти Лондон аз сулҳи пойдор дар Яман таъкид кард.
Мақомҳои эронӣ аммо ин хабарро такзиб карданд.
Бархе аз таҳлилгарони сиёсӣ судури чунин иттилоияе тавассути давлати Бритониёро дар ростои афзоиши танишҳо миёни Теҳрон ва Ғарб арзёбӣ мекунанд. Онҳо бар ин назаранд, ки кишварҳои ғарбӣ дар гузашта аз муттаҳам кардани Эрон ба ирсоли силоҳ ба ҳусиҳои Яман ба сурати расмӣ худдорӣ мекарданд.
Яман аз соли 2014 даргири ҷанги дохилӣ шудааст, ки миёни нерӯҳои давлатӣ таҳтӣ ҳимояти Арабистони саудӣ ва ҳусиҳои таҳти ҳимояти Эрон даргирифт. Як сол пас аз густариши ҷанги Яман, як эътилофи низомӣ ба раҳбарии Арабистони саудӣ шакл гирифт, ки ҳадафаш ба қудрат расондани дубораи давлати “Абд-Раббу Мансури Ҳодӣ” дар Яман буд.
Дар солҳои гузашта эътилофи низомӣ ба раҳбарии Арабистони саудӣ бо муҳосираи ҳусиҳо, ки бар бахшҳои зиёде аз хоки Яман тасаллут доранд, убур ва мурур ба сӯи ин кишварро контрол мекунад. Бино ба гузоришҳо, ҳусиҳо дар посух ба ҳамалоти ҳавоии ин эътилофи низомӣ, борҳо Арабистони саудӣ ва Амороти арабии муттаҳидаро бо паҳпод ва мушак маврид ҳадаф қарор додааст.
Эътилофи низомӣ ба раҳбарии Арабистони саудӣ ва ҳамчунин муттаҳидонаш монанди Амрико борҳо Эронро ба ирсоли ҷангафрӯз ба Хусиҳо муттаҳам кардаанд. Мавзӯе, ки Теҳрон онро рад мекунад.
Дар ҳар ҳол нерӯи баҳрии Бритониё бо истинод ба таҷзия ва таҳлили мушакҳое, ки авоили соли ҷорӣ тавқиф карда буд, онҳоро бо як мушаки курузи сохти Эрон бо бурди ҳазор километр муртабит донист. Бар асоси ин гузориш, ин мушакҳо ба мушакҳои партобшуда тавассути Хусиҳо шабеҳ ҳастанд.
Аммо интишори хабари тавқифи шиноварҳои ҳомили мушакҳо ба мақсади Яман тавассути Бритониё ва эъломи ин ки Эрон мабдаи ин шиноварҳо буда, бо ташдиди танишҳо миёни Теҳрон ва кишварҳои ғарбӣ бар сари мавзӯъоти мухталиф ҳамзмон шудааст.
Расонаҳои наздик ба Сипоҳи Посдорони Эрон шаби чаҳоршанбе аз шиносоӣ ва боздошти шуморе аз дипломатҳои хориҷӣ дар ҷараёни “ҷосусӣ” тавассути Созмони иттилооти ин ниҳоди низомӣ хабар доданд. Бар асоси гузориш ин даста аз расонаҳо, муовини сафири Бритониё аз ҷумла ин дипломатҳо будааст, мавзӯе, ки тавассути Лондон такзиб шуд.