Сироҷиддин Икромӣ, раиси «Амонатбонк» аз коҳиши интиқоли маблағи муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба кишвар хабар дод. Аммо раиси ин бонки давлатӣ нагуфт, ки дар ин шаш моҳ чӣ қадар пул ба Тоҷикистон фиристодаанд.
Тоҷикистон яке аз он кишварҳои ҷаҳон аст, ки иқтисодаш сахт пойбанди пули муҳоҷирони корӣ ва бахусус муҳоҷирон дар Русия аст. Миллиардҳо долларе, ки ҳар сол аз ҳисоби муҳоҷирон ба Тоҷикистон ворид мешавад, дар пешрафти иқтисоди кишвар ва коҳиши фақру камбизоатӣ кӯмак мекунад.
Сироҷиддин Икромӣ рӯзи 21-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, баъди хуруҷи коронавирус ва баста шудани роҳҳо дар шаш моҳи имсол, интиқоли маблағи муҳоҷирон аз тариқи «Амонатбонк» кам шудааст.
Ӯ афзуд, ки тариқи «Амонатбонк» ирсоли маблағи муҳоҷирон дар муқоиса ба ҳамин давраи соли гузашта 20 фоиз коҳиш ёфтааст, вале аз гуфтани ҳаҷми маблағҳои интиқолшуда худдорӣ намуд.
Ӯ гуфт, ки коҳиши пули муҳоҷирон ба вазъи иқтисоди кишвар бе таъсир намонд: «Нақши маблағҳои интиқолии муҳоҷирон маълум аст, ки бо ин сатҳи зиндагии хонаводаҳои онҳо беҳтар мегардид, имкони харидории маҳсулоти хӯрока ва дигар маҳсулот пайдо мешавад ва дар натиҷа гардиши маблағ дар бозор зиёд мешавад ва ин ба дигар пардохтҳои буҷа вобаста аст. Яъне, ин як занҷири пайдарпай аст, ки ба иқтисодиёт маблағ, ки ворид шуд, ҳатман ба рушди дигар соҳаҳо низ таъсири худро мерасонад».