Ишга марҳамат!
Мақомоти Узбекистон ба муҳоҷирони меҳнатие, ки ба кишварҳои хориҷи дур мераванд, маблағи визои корӣ ва қисмате аз билети ҳавопайморо ҷуброн мекунад. Ин имтиёз ба муҳоҷирон бо қарори раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев “Дар бораи чораҳои иловагӣ барои ҳавасмандгардонии шаҳрвандони сафаркунанда ба хориҷ бо роҳи муҳоҷирати меҳнатии муташаккил” дода шудааст.
Ба муҳоҷироне, ки дар марказҳои касбӣ ва забономӯзии “Ишга марҳамат”, давлат 490 000 суми ($46) маблағи билетро ҷуброн мекунад. Бо ин ҳадаф то охири соли ҷорӣ беш аз 33,5 млрд сум ҷудо мегардад. Аз ин имтиёз ҳудуди 70 000 муҳоҷирӣ корӣ метавонанд истифода кунанд.
Бо дарназардошти ин ки қимати билети ҳавопаймо дар Узбекистон гарон нест, маблағи ҷудокардаи давлат аз 10 то 20 дарсади қимати билетро ҷуброн мекунад. Ва ин танҳо имтиёзе нест, ки ҳукумати Узбекистон барои муҳоҷирон ҷудо кардааст.
Ба онҳое, ки аз имтиҳоноти забондонӣ ва касбӣ дар марказҳои “Ишга марҳамат” (Марҳамат ба кор) бо муваффақият мегузаранд, харҷи омӯзиш дар марказ дар ҳаҷми 735 ҳазор сум ($69) баргардонида мешавад. Ҳаҷми умумии маблағи ба ин мақсад аз тарафи ҳукумат ҷудошуда 14,5 млрд сумро ташкил медиҳад, ки барои ҷуброни хароҷоти ба 20 ҳазор омузишгиранда пешбинӣ шудааст.
Дар ҳуҷҷат қайд шудааст, ки 9%-и узбекистониҳо барои кор ба кишварҳои тараққикарда мераванд. Барои гирифтани визои корӣ ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо 1,2 млн, Канада 1,3 млн ва ИМА беш аз 2 млн сум ҳазинаи консулӣ гирифта мешавад.
Давлати Узбекистон омода аст барои ҳар шаҳрванде, ки ба хориҷи дур визо мегирад, 1,2 млн ($113) ҷубронпулӣ барои гирифтани визо пардохт кунад. Бо ин мақсад имсол ҷудосозии 3,8 млрд сум ба нақша гирифта шудааст, ки ҳудуди 3 000 шаҳрванд метавонанд аз ин имтиёз баҳрабардорӣ кунанд.
Дар қарор қайд шудааст, муҳоҷироне, ки дар аснои фаъолияти корӣ дар хориҷ ба тасодуф ё бемории вазнин гирифтор мешаванд ва ё ҷароҳат мебардоранд, ҳамчунин фарзандони ноболиғи онҳо бепул ба Узбекистон баргардонида мешаванд. То ин замон ин имтиёд танҳо ба онҳое дахл дошт, ки дар вазъи вахими саломатӣ қарор мегиранд. Давлат ҳамчунин хароҷоти кормандони тиббиеро, ки баъди баргаштани муҳоҷир аз ӯ муроқибат мекунанд, ҷуброн хоҳад кард.
Тибқи ҳисобҳои гуногун, ҳудуди 20%-и аҳолии қобили кори Узбекистон дар хориҷ аз кишвар кор мекунанд, ки аз 34 млн шумори умумии аҳолӣ 2,5 млн нафарро ташкил медиҳад.
Пешниҳоди имтиёзҳои нав ба муҳоҷирони узбекистонӣ дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон муҳоҷирони худро аз охирин роҳи сафари нисбатан арзон ба хориҷ маҳрум мекунанд. Садҳо муҳоҷири меҳнатӣ, ки баъди харидани билети парвоз аз фурӯдгоҳҳои Узбекистон ба сарҳади ин кишвар омаданд, аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик иҷозаи убур пайдо накарданд. Бархе аз онҳо ҳатто аз парвоз дер монданд ва зарари зиёд диданд.
Чанд рӯзи охир расонҳаои Тоҷикистону Узбекистон аз таҷаммӯъи садҳо нафар дар гузаргоҳҳои сарҳадии ду кишвар гузориш медиҳанд. Сабаби ин таҷамӯъҳо иҷозаи убур надодан ба шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҷониби сарҳадбонони тоҷик гуфта мешавад.
Барои мисол, тибқи як гузориши Радиои Озодӣ дар гузаргоҳи Фотеҳобод (Ойбек), садҳо нафар ҷамъ омада, хоҳони гузаштан аз сарҳад шудаанд. Вале сарҳадбонони тоҷик иҷозаи убур надодаанд. Аксари нафарони дар сарҳад дармонда гуфтаанд, ки тавассути Узбекистон ба Русия рафтанӣ ҳастанд ва агар таъхир кунанд, билеташон месӯзад. Муҳоҷирон мегӯянд ҳангоми рафтан ба Русия ё баргаштан аз онҷо «убури марзи Узбекистон осон аст», аммо дар сарҳади Тоҷикистон «банд мемонанд».
Расонаҳо менависанд, ки мақомот масъаларо расман шарҳ надоданд, аммо ба сокинон гуфтаанд, сарҳад бастаасту барои гузаштан аз он иҷоза ё даъвати расмӣ аз Узбекистон зарур аст.дар ҳамин ҳол ҷамъомадгон дар сарҳад мегӯянд, «то кунун гуруҳе бидуни ҳеч санад аз марз гузаштанд».
Дар бораи баста будани сарҳаду зарурат даъвати расмӣ аз Узбекистон ҳеҷ гузорише нашудааст. Собирҷон Қаҳҳоров, як муҳоҷири тоҷик, ки ду рӯз қабл бо пардохти 1400 сомонӣ ришва ба сарҳадбонони тоҷик аз сарҳад убур кардааст, ба Паём гуфт сарҳадбонони Узбекистон ҳеҷ гуна даъватнома ё виза намепурсанд. “Муносибаташон бисёр хуб аст ва бе ҳеҷ таваққуф мусофиронро ба кишварашон мегузаронанд” — гуфт ӯ.
Дар гузориши Радиои Озодӣ ҳам омадааст, ки бархе аз дармондагон дар сарҳад гуфтаанд, баъзеҳоро бо пул, дар ивази 1300 сомонӣ гузаронида истодаанд.
Ду ҳафта пеш ба Паём чанде аз муҳоҷироне, ки аз Панҷакент ба Русия тавассути Узбекистон раҳсипор буданд, занг зада шикоят карданд, ки дар гузаргоҳи сарҳадӣ сарҳадбонони Тоҷикистон аз мусофирон пул талаб мекунанд.
Як муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия, ки нахост номаш ифшо шавад ба Паём гуфт, дар Панҷакент, гузаргоҳи Саразм — Ҷартеппа сарҳадбонони тоҷик аз ҳар нафаре, ки сафари муҳоҷират ба Русия дорад 1000 сомонӣ пул талаб мекунанд. Аз иддае то 1500- 2000 сомонӣ низ талаб кардаанд.
Бо вучуди шикоятҳои зиёди мусофирон дар расона ва шабакаҳои иҷтимоӣ, мақомоти тоҷик то ҳол ба ин шикоятҳо вокуниш нишон надодаанд. Ҳарчанд масъала сода нест — сухан аз ришваситонӣ дар ҳаҷми калон аз садҳо нафар дар рӯз меравад. Дилхоҳ мақомоти тафтишотии кишвар метавонистанд дар чанд соат мушкилро санҷанд ва тадбир андешанд. Вале, новобаста аз ин ки шикоятҳо ҳар рӯз бештар мешаванд, масъала ба ҳамсоякишвар рафтааст ва расонаҳои онҷо ҳам онро пайгирӣ доранд, мақомоти Тоҷикистон ба қабле ба лаб кулӯх молидаанд.
Албатта, мақомоти Тоҷикистон кайҳо аз шикоятҳои мардум ва ифшогариҳои ҷиноёташон дар расонаҳо иммунитет пайдо кардаанд, аммо одатан вақте масъала бузург шуд ва он ба яке аз аъзои хонаводаи Раҳмон ё хешони наздики ӯ дахл надошт, вокуниши мақомот сурат мегирифт. Шикояти мардум боис шуда буд ҳатто бизнеси нави қудои раисҷумҳур Бег Сабурӣ — гарон кардани қимати симкортҳо боз дошта шавад.
Аммо чаро ба масъалаи ришваситонӣ дар марз, ки ба обрӯи байналмиллалии кишвар ва бахусус муносиботи он бо Узбекистон бетаъсир нахоҳад буд, то ҳол вокунише дида нашудааст?
Ба андешаи мо масъала ба ҳаде, ки мардум мепиндоранд сода нест ва танҳо ва ришвахории сарҳадбонон бастагӣ надорад. Парвози муҳоҷирон тавассути фурӯдгоҳҳои ҳамсоякишвар ба яке аз бизнесҳои сердаромади Оила зарба задааст. Аз ин ки шумори муҳоҷирони тавассути Узбекистон сафаркунанда бо суръат меафзояд, Оила зоҳиран ба ин натиҷа расидааст, ки агар ҳоло пеши роҳи ин раванд гирифта нашавад, яке аз сердаромадтарин тиҷоратҳояш аз даст меравад.
Бо вуҷуди фарқи бисёр ками масофа аз Русия, қимати билетҳо ба/аз Тоҷикистон аз 40 то 200% гаронтар нисбат ба ҳамсоякишварҳост. Ин монополия ба ширкати оилавии Сомон Эйр имкон медиҳад, ки тақрибан бидуни рақобат, садҳо миллион доллар даромад гирад. Табиист, ки Оила намехоҳад ин даромади ҳангуфтро аз даст диҳад.
Барои расидан ба ин сатҳи даромад, лозим омад ба чанд хиёнат даст зананд:
- Муассис ва молики Сомон Эйр Мирзо Мастонгулов террор ва моликияташ ғасб карда шуд;
- Бо баҳонаи сохтмони “Роғун” 186 млн доллар пули мардуми камбизоати кишвар ҷамъоварӣ ва барои хариди ду ҳавопаймои нав истифода гардид;
- Ду ширкати дигари хусусии ҳавопаймоии маҳаллӣ бо истифода аз фишори сатҳи давлатӣ аз майдон ронда шуданд;
- Парвозҳои сердаромади ширкати миллии ҳафопаймоӣ — Тоҷик Эйр тадриҷан ба Сомон Эйр дода шуд. Кор ба ҷое расид, ки Сомон Эйр ҳамаи парвозҳои сердаромад ва Тоҷик Эйр парвозҳои зарароварро анҷом медод:
- Тоҷик Эйр амдан муфлис гардонда шуд. Яке аз усулҳои истифодашуда барои муфлигардонии он ин буд, ки “Агентии алоқаи ҳавоӣ”, мутааллиқ ба Таҳминаи Эмомалӣ фурӯши билетҳои ин ширкатро монополӣ кард ва барои ҳар билет аввал 12, дертар 15 %(!) комиссия мегирифт. Дар ҳоле, ки ҳеҷ ширкате дар ҷаҳон ба агенташ беш аз 5% комиссия намепардозад;
- Бо ширкатҳои хориҷӣ, ба хусус русӣ созишномаҳои пинҳонии нигоҳ доштани қимат дар сатҳи муайян баста шуд. Ин созишномаҳо аввал бо роҳи фишор, яъне надодани иҷозаи парвоз ба Тоҷикистон ба тасвиб мерасиданд, аммо кам-кам ширкатҳои русӣ ҳам ба пули муфти муҳоҷири бечораи тоҷик одат карданд.
Даромади Оила дар ин соҳа танҳо аз парвозҳои Сомон Эйр нест. Воридоти авиакеросин ҳам монополияи Оила аст ва бо болонархии 100-дарсадӣ, ки қимати керосинро ду баробар бештар аз ҳамсояҳо кардааст, даҳҳо миллиони дигар аз ин самт фоида мегирад. Ҳамчунин таъмини хӯроки мусофирон ва бархе хидматрасониҳои дигар монополия шудааст.
Хиёнатҳои Оила танҳо дар соҳаи авиатсия ба буҷа ва мустақиман кисаи мардум миллиардҳо доллар(!) зарар овард ва ҳисобҳои офшории Оилаву даромади ширкатҳои русиро ба ҳамин миқдор афзоиш дод.
Ҳоло муҳоҷирон бо парвоз тавассути Узбекистон мехоҳанд Оиларо аз ин даромади ҳангуфт ва бедардимиён маҳрум созанд. Қаблан мусофирони зиёде, бахусус сокинони Суғд, тавассути Қирғизистон парвоз мекарданд ва ин раванд ҳам рӯ баафзоиш буд. Вале ногаҳон, баъди бозшавии роҳҳо ва шурӯъи парвозҳо, муносибат бо ин кишвар сард ва сарҳадҳо баста шуданд. Шояд яке аз сабабҳои сардии муносибот ҳам ҳамин бошад?
Ҳоло Тоҷикистон мекӯшад муносиботаш бо Узбекистонро хуб кунад, чун ягона роҳи баромадаш ба хориҷ аст. Ҳамчунин муносиботи хуб бо ин ҳамсоякишвар такони хубе ба иқтисоди кишвар аст. Аммо ҳамроҳ бо ин фоидаҳо, бозкушоии сарҳадҳо хатари мустақим ба бизнеси бузурги Оила эҷод кардааст.
Мунсоибатҳои дӯстона бо ингуна ришваситониҳои ошкору монеъаэҷодкуниҳо дар сарҳад метавонанд хатчадор шаванд. Бояд Оила яке аз инҳоро интихоб кунад.
Аз тарафи дигар эътирозоти мардум ҳам торафт бештар хоҳад шуд, чун рабти мустақим ҳаминалонӣ ба кисааш дорад. Аммо кай ин хонавода ба хотири мардум аз даромадаш даст кашида буд, ки акнун кашад?
Тоҷикон бояд ба хориҷ раванд, кор пайдо кунанд, пул фиристанд, аммо набояд кисаи Оиларо фаромӯш созанд. Ишга марҳамат!