Рубрики Хабарҳо

Помпео: Трамп моил аст бо Рӯҳонӣ дидор кунад

Вазири умури хориҷаи Амрико эълом кард, ки Доналд Трамп, раисҷумҳури ин кишвар моил аст дар Ню Йорк бо Ҳасан Рӯҳонӣ, ҳамтои эронии худ дидор кунад.

Майк Помпео, вазири умури хориҷаи Иёлоти муттаҳидаи амрико жар гуфтугӯ о шабакаи телевизионии NBC эълом кард Доналд Трамп моил аст дар ҳошияи ҳафтодусеввумин ҷаласаи маҷмаъи умумии Созмони милал бо раисҷумҳури Эрон дидор кунад.

Помпео афзуд: Трамп ҳамеша аз дидор бо дигарон хурсанд мешавад ва дар ин замина бисёр сареҳ аст. Дархости дидор бояд аз тарафи Рӯҳонӣ сурат гирад.  Гуфтанист, ки баъди  ннқилоби исломӣ дар Эрон дар аввали соли 1979 ва сардшавии равобити ин ду кишвар, ҳеҷ вохӯрие байни сарони он дар ин 40 сол баргузор нашудааст. 

Маҷмаъи умумии Созмони милал аз 25 сентябр дар мақари он дар Ню Йорк оғоз хоҳад шуд. Суханронии сарони кишварҳо низ аз ҳамон рӯз оғоз гардида, то 1-уми октябр идома хоҳад кард.

Ин маҷмаъа фурсате барои дидори раҳбарони давлатҳо бо ҳамдигар аст. Сарони кишварҳо дар давоми ин нишаст дидорҳои зиёде бо ҳамтоёни худ ба нақша мегиранд. Вуруди онҳо ба Ню Йорк аз дирӯз оғоз шудааст. Аз ҷумал руасои Афғонистон, Эрон ва Туркия дурӯз, 23 сентябр вориди ИМА шуданд.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *