Инак се соли тамом аз мамнӯъияти Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ) мегузарад. Ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон дар сентябри соли 2015 шарики асосии тавофуқномаи сулҳи соли 1997 — ро як гурӯҳи террористӣ хонд, раҳбаронашро ба зиндон андохта тамоми фаъолиятҳояшро ғайриқонунӣ эълон кард.
Барои шайтонсозии Наҳзат, Душанбе дар се унвони бузург тамоми васоили дар даст доштаашро ба кор баст, нахуст: пайваст додани Наҳзат ба ҳар ончӣ “терроризм” метавонад бошад, чӣ дар дунёи фикр ва андеша ва чӣ дар коркард ва мавзеъгириҳо ва равобити беруниаш. Дуввум: иттиҳоми Наҳзат ба нашри “мазҳаби шиъа” дар Тоҷикистон ва доштани равобити танг ва машкук бо Эрон ва низоми вилояти фақеҳ. Ва саввум: эҷоди ҷойгузини динии расмӣ, ки битавонад машруъияти исломии Наҳзатро миёни мардуми Тоҷикистон зери савол бибарад ва дар айни замон дар пешбурди як нусхаи “исломи тоҷикӣ” ҳукуматро ҳамкорӣ кунад.
Наҳзат ҳамаи иттиҳомоти воридшуда бар зидди худро рад мекунад ва бар мавзеъи худ бар муборизаи мусолиматомез дар равшании қавонини ҷумҳурии Тоҷикистон ва маводди тавофуқномаи сулҳ исрор дорад. Ин мавзеъи Наҳзат чӣ дар оғози таниши равобит бо ҳукумат ва чӣ дар ҷараёни ин се соли ахир борҳо аз минбарҳои гуногун мунъакис шудааст.
Дар ин се сол ҳукумати раисҷумҳур Раҳмон беист ҳар ончӣ тир дар камон дошт сӯи Наҳзат нишона гирифт ва Наҳзат ҳам бидуни ин ки даст ба аксуламали хушунатомез бизанад, бо таҳаррукоти маҳдуди сиёсӣ ва имконоти моддии маҳдудтар дар муҳити ҳиҷрат дар Русия ва Аврупо барои қазияи одилонаи худ даст ба кор шуд. Аммо дар ин рӯзҳои гузашта силсилае аз пешомадҳо ва рӯйкардҳои зиддунақиз пурсишҳоеро дар робита бо ин ки шояд Душанбе чароғи сабзе барои омодагии пазириши дубораи Наҳзатро нишон бидиҳад, барангехт.
Моҷаро аз чӣ қарор аст?
Моҳи августи гузашта Тоҷикистон шоҳиди озодии Хайруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигори саршиноси тоҷик ва Шуҳрат Қудратов як вакили дифоъи машҳур аз зиндон шуданд. Дар ин моҳ ҳамчунон давлат иҷозаи сафар ба хориҷро ба набераи бемори раиси ҲНИТ ва ҳамчунон духтар ва модари Шабнам Худойдодова яке аз фаъолони ҳуқуқи башари тоҷик, ки дар хориҷ ба сар мебурд, содир кард. Дар ҳамин моҳ сӯҳбатҳое дар бораи омодагии давлати Тоҷикистон дар робита бо афви 183 тан аз зиндониёни сиёсӣ ҳам расонаӣ шуд. Ин руйдодҳо гувоҳӣ аз нишонаи тағйир дар сиёсатҳои саркӯбгаронаи режими раисҷумҳур Раҳмон медод.
Дар ин миён моҳи сентябр ҳам шоҳиди ду руйдоди муҳими дигар дар робита бо Тоҷикистон буд:
Нахуст: шаклгирии Паймони Миллии Тоҷикистон ба унвони нахустин эътилофи фарогир миёни гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон дар шаҳри Варшава. Муҳиддин Кабирӣ раҳбари ҲНИТ раёсати Паймони Миллиро ба дӯш дорад ва мешавад ба ин паймон аз диди як гоми тактикӣ барои фишор ба Душанбе ва ҳамчунон эҷоди заминаҳои нав барои ҳамкории гурӯҳҳои мухолифи тоҷик дар хориҷ аз кишвар нигоҳ кард.
Дуввум: мушорикати давлати Тоҷикистон дар нишасти солонаи ҳуқуқи башари Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар Варшава. Ин мушорикат баъд аз ду сол вақфа ба нишонаи эътироз ба иқдомоти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо дар қиболи Тоҷикистон сурат гирифт ва ин бор давлати Тоҷикистон бо як тими мутанаввеътар ва васеътар дар ин иҷлос шаркат кард.
Ду руйдоди мутаноқиз дар ин нишаст, пурсишҳои бештареро дар робита бо чашмандози гуфтугӯ ва сулҳи миёни давлати Тоҷикистон ва мухолифин барангехт. Сайфуллоҳ Сафаров, муовини Маркази тадқиқоти стратегии ниҳоди раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раҳбарии тими ҳукуматиро ба дӯш дошт дар фурсатҳои маҳдуде, ки бо раҳбари Паймони Миллӣ ва ҲНИТ оқои Кабирӣ дошт, ба ӯ аз омодагии Душанбе барои музокира бо мухолифин дар дохили Тоҷикистон сухан рондааст. Сафаров ҳамчунон дубора аз бознигарӣ дар парвандаҳои зиндониёни сиёсӣ ва эҳтимоли озодии бархеи онҳо ба шумули бархе кадрҳои раҳбарии Наҳзат ҳам сӯҳбат кардааст.
Дар ин миён Варшава шоҳиди хушунати тими давлатии Тоҷикистон буд, ки дар беруни ҷойи баргузории нишаст яке аз намояндагони тими давлатӣ ба яке аз фаъолони ҳуқуқӣ, ки варақаҳоеро ба онҳо тақсим мекард, ҳамлавар шуд. Тими давлатӣ бақияи нишастҳоро вогузошта ба Душанбе бозгашт ва боз расонаҳо дар интиқод аз нишасти Созмони амният ва ҳамкории Аврупо ва аз гурӯҳҳои мухолифи давлат бо ҳамон лаҳҷаи қадим лаб кушоданд.
Пурсишҳои саргардон
Гомҳои мусбати давлати оқои Раҳмонро мешавад бештар марбут бидонем ба фишорҳои созмонҳои байналмилалӣ ва бархе аз кишварҳои ғарбӣ барои озодии зиндониёни сиёсӣ. Ва дар яке аз абъошад метавон онро марбут донист ба ниёзи Душанбе барои ороиши чеҳрааш ба ҳадафи ҷалби кӯмакҳои байналмилалӣ барои сомон додан ба вазъи бесомони иқтисоди кишвар. Шояд фазои нимабози сиёсӣ дар Ӯзбекистони баъд аз Ислом Каримов ҳам яке аз ангезаҳое бошад, ки Душанберо ба фикри мусолиҳа бо мухолифин андохта бошад ва ё ҳам ноамн шудани шимоли Афғонистон ва пешравии Толибон дар манотиқи марзӣ бо Тоҷикистон. Ва шояд ҳамаи ин факторҳо нақше дар мусбатандешии Душанбе дар робита ба интихоби мусолиҳа дошта бошад.
Дар миёни ин умедофариниҳо, мавҷи дубораи бим ва ноумедӣ бархоста аз вокуниши тунди тими ҳукуматӣ дар Варшава ва баъдан тез шудани таблиғоти расонаҳо бар алайҳи мухолифон, пурсишҳои бештареро матраҳ кард. Оё руйкардҳои умедофаринонаи давлат барои эҷоди навъе тафриқа миёни гурӯҳҳои мухолиф буд ва бо ба даст наомадани он Душанбе дубора баргаи зайтунашро дар ҷаъба андохт? Ё инки ин дугонагӣ дар ҳақиқат сӯҳбат аз ду ҷараён дар дохили дастгоҳи давлатӣ мекунад, як ҷараёни муътадил, ки мехоҳад давлат ба ҳаргуна, ки мешавад мухолифинро ба дохил бозгардонад ва онҳоро ба шакле дар баданаи давлат нигаҳ дорад ва фурсате барои истихдоми беруниҳо аз ин мухолифин бар зидди масолеҳи Тоҷикистон фароҳам кунад. Ва дуввум як ҷараёни тундрав, ки ҳаргуна мадоро бо мухолифинро рад мекунад.
Ҳақиқат ин аст, ки туб дар майдони Душанбе аст ва ин давлати оқои Раҳмон аст, ки бояд тасмим бигирад, ки Тоҷикистонро соҳаи тасвияҳисобҳои минтақавӣ миёни Эрон ва Арабистон насозад ва барои таҳкими озодӣ ва истиқлолият ва ободии кишвар дарвозаҳои гуфтугӯ ва музокираро бо ҳамаи мухолифини сиёсӣ боз намояд. Барои ҳамчун гоме, он гуна, ки Муҳиддин Кабирӣ таъкид кардааст, пас гирифтани иттиҳомоти террористӣ тавассути давлат, озодии зиндониёни сиёсӣ ва эҷоди шароити амн барои гуфтугӯҳо пешшартҳои асосианд.
Тоҷикҳо онгуна, ки дар соли 1997 тавонистанд бо тавофуқномаи сулҳ, оташи ҷангро хомӯш созанд, ин бор ҳам қодир ба баланд бурдани сақфи озодӣ ва демократия дар кишварашон хоҳанд буд. ва ин ниёзе аст, ки мухолифин ва бархеҳо дар Душанбе сахт ба он боварманд ба назар мерасанд.
Мутиъуллоҳ Тоиб
Коршиноси масоили сиёсӣ, Афғонистон