Додситонии кулли Тоҷикистон бо ташкили як мулоқот бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар Русия онҳоро ба ҳамкорӣ дар боздошти Дилшод Саидмуродов, яке аз муттаҳамони қатли Шӯҳрат Исматуллоев даъват кард.
Намояндаи Додситонии кулл дар ин вохӯрӣ, ки ба он ҳудуди 50 намоянда аз манотиқи гуногуни Русия бо амру таҳдид даъват шуда буданд, эълон кард Дилшод Саидмуродов, муаллаққаб ба «Дилшоди СБ» “узви гуруҳи муташаккили ҷиноӣ”-и муттаҳам дар куштори ноиби раиси «Ориёнбонк» мебошад айни ҳол дар Русия қарор дорад.
Як манбаъ ба “Паём” гуфт раҳбарони диаспораи тоҷикон дар манотиқи Русяи ба мулоқот бо намояндагии Додситонии кул беш аз як ҳафта қабл даъват шуда буданд. Ин даъват ба гуфтаи ӯ дар шакли амр фиристода шуда ва ба онҳое, ки барои ширкат накрадан баҳона овардаанд таҳдид шудааст, ки “бо ҷинояткорон ҳамкорӣ мекунед”.
Намояндаи додситонӣ аз шикарткунандагои нишаст хост ҳам худашон барои дастгир ва ба мақомоти дахлдори давлатӣ таслим намудани Дилшод Саидмуродов ҳамкорӣ кунанд ва ҳам ба тоҷикони саросари Русия ин даъватро расонанд.
Додситонии кулл ваъдаи мукофоти пулӣ барои нафаре, ки дар бораи “Дилшоди СБ” маълумот медиҳадро додааст, аммо ҳаҷми маблағ зикр нашудааст.
Охири моҳи гузашта вазири корҳои дохилии Тоҷикистон, Рамазон Раҳимзода бо як сафари оҷил ва эълоннашуда ба Русия рафт то ба гуфтаи дафтари матбуотиаш “масъалаи дастгир намудани ҷинояткор Саидмуродов Дилшод вобаста ба гаравгон ва куштори муовини раиси ҶСК «Ориёнбонк» Исматуллоев Шуҳрат”-ро бо ҳамтои русаш Владимир Колоколтсев баррасӣ кунад.
Баъди нишасти ду вазир, Вазорати корҳои дохилии Русия, эълон крад ду гумонбар дар куштори яке аз бонкдорон дар Тоҷикистон боздошт шуданд. Расонаҳо бо такя ба ин маълумоти ВКД, ки ба Русия танҳо ду нафар аз аъзои гурӯҳ фирор карда буданд, тахмин заданд яке аз боздоштшудаҳо Дилшод Саидмуродов бошад.
Аммо манбаъи мӯътамади “Паём” он замон гуфта буд, ки Саидмуродов ва дар озодӣ қарор дорад.