Садр Бобоев, паҳлавони тоҷик дар мусобиқаи кушодаи Осиё дар Ҳонгконг шикаст хӯрд.
Ин мусобиқа рӯзҳои 9-10-уми декабри соли 2017 аз рӯи намуди гуштини ҷудо дар шаҳри Ҳонконг баргузор шуд.
Сомонаи ин мусобиқот иттилоъ додааст, Садр Бобоев ягона варзишкор аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ буд, ки дар ин мусобиқоти ҷаҳонӣ дар байни 22 кишвари дунё дар вазни 81 кг қувваозмоӣ кард.
Садр Бобоев дар даври дуввум аз рақибаш Юнг Ҷун Ли аз Кореяи Ҷанубӣ мағлуб гашт ва натавонист барои дарёфти медал муборизаашоро идома бидиҳад.
Садр Бобоев, шаҳрванди Тоҷикистон ва донишҷӯи соли панҷуми факултаи иқтисодии Донишгоҳи ба номи Г.В. Плеханови шаҳри Москва аст, ки дар ин мусобиқот ба намояндагӣ аз Тоҷикистон ширкат кардааст