Рубрики Хабарҳо

Мирзиёев меояд. Оғози омодашавии… мактаббачагон (Навор)

Қарор аст рӯзи 9-уми март раисҷумҳури Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо сафари расмии дурӯза вориди Душанбе шавад. Мардум ва мақомоти ҳарду кишвар аз ин сафар умедҳои зиёде доранд.  

Бозшавии 14 гузаргоҳи марзӣ байни ду кишвар  дар остонаи ин сафарро низ, ки 10-тои он ду рӯз қабл — рӯзи 1-уми март боз шуд, мардум ба фоли нек гирифтаанд. Дар чанд моҳи охир додугирифт байни ду кишвар ҳам бо шиддат афзоиш ёфтааст.

Дар ин сафари Шавкат Мирзиёев қарор аст даҳҳо созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расад, ки муҳимтарини он аз байн бурдани виза байни ду кишвар аст.

Дар Тоҷикистон тайёри ба омадани раисҷумҳури Тоҷикистон аллакай оғоз ёфтааст. Дар як навори чандсониягие, ки рӯзноманигор Ёқуб Ҳалимов аз гардиши фурӯдгоҳи Душанбе дар саҳифаи фейбукиаш нашр кардааст, дида мешавад, ки мактаббачагони зиёдеро барои “маршировка” ҷамъ кардаанд.

Истифода аз донишҷӯёну мактаббачагон дар ҷашну идҳо ва пешвози меҳмонон дар Тоҷикистон кайҳо анъана шудааст. Дар сафарҳои раисҷумҳур ба навоҳии кишвар низ мақомоти маҳаллӣ мактаббачагонро ба кӯчаҳо мерезанд.

Барои пешвозгирии раисҷумҳур мактаббачагон чанд рӯз машқ карда тайёрӣ мебинанд. Гоҳо ин тайёриҳо дар ҳавои сарди зимистон ё гармои тобистон боиси беморӣ ва ҳатто марги хонандагони мактаб мегардад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *