Рубрики Хабарҳо

Додситонии кулл аз изҳороташ дар бораи навори латукӯб пушаймон шуд?

Хушҳолии корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз шурӯъи таҳқиқи ҳодисаи латукӯби сарбозон аз ҷониби Додситонии кул дер давом накард. Додситонии кулли Тоҷикистон матни изҳороташ дар бораи латукӯби сарбозон дар як қисми ҳарбиро, ки шоми дирӯз 24 апрел нашр шуда буд аз сойташ ҳазф кардааст.

Корбарони шабакаҳои иҷтмиоӣ аз ин “суръати вокуниш”-и додситонӣ изҳори хушҳолӣ намуда, ба худ иҷоза дода буданд талаб намоянд, ки раванди тафтиш ва додгоҳи боздошташудаҳо дар телевизионҳои кишвар намоиш дода шавад.

Сабаби аз сойти Додситонии кулл ҳазф шудани матни изҳорот, ки то нисфирӯзии имрӯз, 25 апрел дастрас буд маълум нест.

Ин ниҳод дирӯз эълон карда буд, ки бар асоси ин навор панҷ нафарро карданд

Додситонии кулл ва Вазорати корҳои дохила хабар дода буданд, ҳодиса 15  декабри соли 2022 дар қисми ҳарбии 0215-и нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ки дар ҳудуди шаҳри Конибодоми вилояти Суғд ҷойгир аст, рух додааст.

Ҳарду ниҳод хабар додаанд, ки 5 нафар боздошт шуда, алайҳашон аз тарафи додситонии низомии Суғд парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар ҳамин ҳол изҳороти ВКД, ки дар канали телграмиаш нашру шудаву пур аз хатои имлоӣ буд, ҳазф нашуда ва хатоҳояш ислоҳ шудааст.

Латукӯб ва шиканҷа дар артиши Тоҷикистон даҳсолаҳост идома дорад.

Бо вуҷуди ваъдаҳои зиёд, мақомот наметавонанд ё намехоҳанд пеши роҳи ин ҷинояти зиддибашариро бигиранд. 

Солона даҳҳо нафар сарбоз бар асари шиканҷаву латукӯб ҷони худро аз даст дода, садҳо нафари дигар маъюби якумрӣ мешаванд.

Беуонунӣ дар артиш боиси фирори саросарии ҷавонон аз он шудааст. 

Мақомот барои иҷрои нақшаи даъват онҳорео ҳам, ки даъваташон ба артиш қонунан манъ аст, аз ҷумла маъюбон, писарони ягона, ятимони кулл ва донишҷӯёнро “шикор” мекунанд.  

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *