Нархи чаканаи гази моеъ дар Душанбе дар як рӯзи ахир каме поин рафт. Агар дар аввали ҳафта як литр гази моеъ 6 сомониву 80 дирам буд, имрӯз, 18-уми феврал нархи он то 6 сомониву 60 дирам поин рафт.
Бархе аз фурӯшандагони гази моеъ сабаби поин рафтани қимати ин навъи маводи сӯхтро ба афзоиши тадриҷии воридот аз Узбекистон ва Туркманистон марбут медонанд. Аммо Қазоқистон ҳамчунон таъминкунандаи асосии гази моеъ ба ҷумҳурӣ боқӣ мемонад.
Аксари мошинҳо дар Тоҷикистон аз гази моеъ истифода мекунанд ва боло рафтан ё поин рафтани қимати ин навъи сӯзишворӣ ба «буҷа»-и ҳар як шаҳрванди миёнаҳоли тоҷик таъсир дорад. Аммо, то ҳол касе намегӯяд, ки тамоюли поинравӣ идома хоҳад ёфт.
Қаблан Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ гуфта буд, ки Тоҷикистон ният дорад, рӯйхати ширкатҳои воридкунандаи гази моеъро васеъ намояд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло таъминкунандагони аслии маводи сӯхт барои Тоҷикистон Русия ва Қазоқистон ҳастанд.
Вазир дар бораи афзоиши ҳаҷми воридоти гази моеъ аз Туркманистон хабар дода, изҳор дошт, ки кишварҳо ахиран созишномаеро ба имзо расониданд, ки бар асоси он Тоҷикистон метавонад миқдори номаҳдуди ин захираҳоро дарёфт кунад. Дар соли 2021 ҷумҳурӣ аллакай 5 ҳазор тонна гази моеъи туркманӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ ба Тоҷикистон 410 ҳазор тонна маводи сӯхт ворид шудааст, ки 360 ҳазор тоннаи он аз Қазоқистон ворид шудааст. Бақияи гази моеъ аз Русия ворид шудааст.
Ин навъи сӯзишворӣ яке аз сузишвории серталаби ронандагон дар Тоҷикистон аст. Қариб 50—60 фоизи мошинҳо дар Тоҷикистон бо гази моеъ кор мекунанд.
Тибқи омор, дар соли гузашта нархи гази моеъ 1,7 маротиба боло рафтааст. Нархи як литр гази моеъ соли гузашта ба ҳисоби миёна дар ҳудуди 7,40-7,80 сомонӣ буд.