Рубрики Хабарҳо

Эътирофи гурӯҳи террористӣ ба ташкили сӯхтори  ҷангал дар Туркия

Рӯзномаи Yeni Safak хабар додааст, ки “Ташаббуси фарзандони оташ” , ки дар Туркия созмони террористӣ эътироф шудааст, масъулияти ташкили барқасдонаи сӯхтор дар ҷангалҳои кишварро бар ӯҳда гирифтааст. 

Гуфта мешавад, ки “Ташаббуси фарзандони оташ” ба Ҳизби Коргарони Курдистон  иртибот дорад, ки Анкара расман онро як созмони ифротӣ эътироф кардааст.

Ба гуфтаи ин созмон, ҳукумати Туркия дигар забонро  намефаҳмад, аз ин рӯ аъзои “Ташаббуси фарзандони оташ”  ҷангалҳоро оташ заданд, то ҳукуматдорон сар фароранд. Мақомоти Туркия то ҳол дар ин бора изҳори назар накардаанд.

Сӯхторҳои ҷангал 28 июли соли равон дар Туркия сар зад. Сӯхтор дар чанд минтақаи кишвар паҳн шуд. Аз ҳама бештар минтақаи сайёҳии Анталия зарар дидааст. Дар сӯхторҳое, ки чаҳор рӯз боз идома доранд, шаш нафар кушта ва беш аз 180 нафар маҷрӯҳ шуданд. Президенти Туркия минтақаҳои осебдидаро минтақаи офатзада эълон кард.

Қобили зикр аст, ки дирӯз, 30 июл президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев эълом дошт, ки гурӯҳҳои имдодрасон барои хомӯш кардани сӯхторҳои ҷангал ва пешгирии паҳншавии онҳо ба Туркия фиристода мешаванд.

Инчунин ҳукумати Туркия аз Федератсияи Русия барои хомӯш кардани сӯхторҳои ҷангал, ки дар наздикии минтақаҳои сайёҳӣ ва маҳалҳои аҳолинишин идома доранд, кумак хостааст. Бинобар ин, Русия тасмим гирифтааст нерӯҳои ҳавоии иборат аз 11 ҳавопаймо фиристад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *