Рубрики Хабарҳо

Ширин Амонзода: дар Русия 120 000 муҳоҷири тоҷик авф шуда ва 150 000 будубошашонро қонунӣ карданд

Ширин Амонзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ гуфт 120 ҳазор муҳоҷири тоҷик дар Русия афв шудаанд ва 150 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон будубоши худро дар Русия қонунӣ кардаанд. Дар ин бора имрӯз, 9 феврал дар нишасти хабариаш иттилоъ дод. 

Қаблан гуфта мешуд, ки 230 ҳазор нафар муваққатан аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳруманд.

Аммо омори мақомоти тоҷик ҳамеша шубҳабарангез аст. Барои мисол Вазорати меҳнат, теъдоди муҳоҷиронеро, ки соли гузашта ба хориҷа барои кор рафтаанд  373 ҳазору 773 нафар мегӯяд. Аммо ҷониби Русия рақами дигар ироа мекунад — беш аз як миллион нафар..

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *