11 июня, 2025
# Tags
#Хабарҳо

Шаҳрванди Русия дар Тоҷикистон барои таҷовуз ба номус ва куштори духтарчаи 6-сола ба 28 соли зиндон маҳкум шуд

Шаҳрванди Русия Сергей Проскуряков, ки муваққатан дар ноҳияи ноҳияи Дустӣ, ҷамоати деҳоти Ҷиликули вилояти Хатлон иқомат дошт, аз ҷониби суд барои таҷовуз ба номус ва куштори духтарчаи 6-сола, моҳи декабри соли гузашта ба 28 соли зиндон маҳкум шудааст.

Дар ин бора Прокуратураи генералии Тоҷикистон рӯзи 17 феврал дар сомонаи худ  дод.

Ҳукм аз ҷониби Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон аз 16 декабри соли 2021 содир шудааст. Маҳкумшуда муҳлати ҷазоро дар зиндони низомаш шадид адо мекунад.

Дар бораи кадом сол тавалуд шудани мард, ба чӣ кор дар Тоҷикистон машғул будани ӯ маълумот дода намешавад.

Дар хадамоти матбуоти пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар робита ба овозаҳои дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашршуда вобаста ба ин ҷиноят хабар доданд, ки Сергей Проскуряков ҳеҷ гоҳ хизматчии ҳарбии онҳо набудааст.

Дар сомонаи Прокуратураи генералӣ зикр мешавад, ки моҳи сентябри соли гузашта нимаи дуюми рӯз Проскуряков дар ҳолати мастӣ ба кӯча баромада, ба духтарчае вомехӯрад, ки ба назди модараш мерафтааст.

Ӯ бо роҳи фиреб ноболиғро ба ҷойи хилвати беодам, дохили замини ҷуворимакка бурда, дастону пойҳои ӯро бо ресмонҳои полиэтиленӣ мебандад ва ба номусаш таҷовуз мекунад.

Сипас барои  пинҳон намудани ҷинояти содирнамудааш ӯ ноболиғро буғӣ карда мекушад ва аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.

Проскуряков дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 104 қ. 2 бандҳои “в,е” ва 139 қ. 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шудааст.

Leave a comment

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *