Даъват, бозпурсӣ ва шиканҷаи бародарони журналисти тоҷик
Мақомоти корҳои дохила ва амнияти миллӣ дар Тоҷикистон бародарони журналисти мустақилли тоҷик Амруллоҳи Низомро “даъват”, бозпурсӣ ва шиканҷа карданд.
Рӯзҳои 29 ва 30—юми декабри соли 2016 кормандони Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амниятӣ миллии Тоҷикистон (КДАМ) дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Вахши вилояти Хатлон се бародари ин журналисти мустақилли тоҷикро даъват, бозпурсӣ ва мавриди шиканҷаи равонӣ ва ҷисмонӣ қарор додаанд. Дар ин бора Амруллоҳи Низом хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ин бори аввал нест, ки дар як соли ахир кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бародарони ӯро ба хотири фаъолиятҳои сиёсӣ, баъзе матолиби интиқодӣ ва мавзеъгириҳои баҳсбарангезаш дар шабакаи иҷтимоии «Фейсбук» даъват ва бозпурсӣ мекунанд, қаблан ҳам онҳоро се-чор маротиба чунин даъвату бозҷӯиҳо карда буданд, аммо ин маротиба ба фарқ аз гузашта онҳоро мавриди шиканҷа низ қарор додаанд, ки ин хабарро расонаӣ мекунад.
Ҳамзамон мақомоти номбурда ба бародарони ин хабарнигори тоҷик расонидаанд, ки онҳо алайҳи рӯзноманигор Амруллоҳи Низом як парвандаи ҷадид ва ҷиноятии дигаре бо иттиҳоми пайравӣ аз ҷараёни дар Тоҷикистон мамнӯъи «Салафия» оғоз карда, айни замон тафтишоти онҳо дар ин маврид идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки ҳанӯз вақте дар солҳои 2004-2009 ҳукумати Тоҷикистон ба салафиҳо минбар дода, онҳоро ҳимоят ва аз онҳо дар муқобили чанде аз рӯҳнониёни бо нуфӯз ва Ҳизби наҳзати исломӣ истифода мекард, Амруллоҳи Низом алайҳи густариши таблиғоту ташвиқот ва хатарҳои эҳтимолии ин гурӯҳ тариқи воситаҳои ахбори омма садо баланд мекард.
Вақтҳои ахир журналисти тоҷик бо таълиф ва таҳияи чандин матолиби интиқодиаш дар бораи ҳукуматдорони тоҷик, аз ҷумла «Рӯзи ғам» дар бораи сафари ахири президент Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Санкт—Петерсбурги Русия, «Ҳамоқати Аслов дар Ҳамбург» дар бораи мавзеъгирии вазири корҳои хориҷаи Тоҷикистон дар баробари иштирокчиёни мухолифин дар нишасти солонаи САҲА дар бораи ҳуқуқи инсон дар шаҳри Варшава ва «ҷинояткор» хондани онҳо, «Радиои «Озодӣ» — лонаи лоббиҳои ҳамҷинсгароён дар Осиёи Марказӣ» ва ғайра, хеле аз корбарони бахши Тоҷнет дар шабакаҳои иҷтимоиро ба худаш ҷалб кардааст.
Қобили зикр аст, ки Амруллоҳи Низом яке даҳҳо тан журналистони Тоҷик аст, ки бинобар фишору таъқиб ва таҳдидҳои гуногуни мақомоти қудратӣ ва баъзе мансабдорони кишвар дастикам дар ду соли ахир маҷбур шуд, то Тоҷикистонро ба қасди дигар кишварҳо тарк ва дархости паноҳандагӣ намоянд.
Ӯ собиқ хабарнигори Оҷонси иттилоотии «Тоҷнюс» ва ҳафтаномаи сиёсии «Нигоҳ»—и Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аст, ки пас аз ҳодисаи 4- уми сентябри соли 2015 мавриди таъқиб, бозпурсӣ ва таҳдиди мақомоти қудратии Тоҷикистон қарор гирифта, дар натиҷа моҳи ноябри ҳамон сол Тоҷикистонро ба қасди Лаҳистон тарк карда, аз ин кишвар дархости паноҳандагӣ кард. Айни замон ӯ дорандаи мақоми паноҳандагии сиёсӣ аз ҷониби кишвари Лаҳистон аст.