Ба зидди Маҳмурод Одинаев, муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал – демократи Тоҷикистон ва яке аз фаъолони шабакаҳои иҷтимоӣ, айби нав эълон шудааст. Дар ин бора Радиои Озодӣ хабар медиҳад.
Додситонии шаҳри Ҳисор ӯро ба «Даъвати оммавӣ барои амалӣ кардани фаъолияти экстремистӣ» муттаҳам кард. Маҳмурод Одинаевро пештар ба авбошӣ гумонбар карда буданд.
Дар Додситонии шаҳри Ҳисор далели боз шудани парвандаи навро шарҳ надоданд, аммо тасдиқ карданд, ки ба зидди Маҳмурод Одинаев бо ду моддаи Кодекси ҷиноӣ парванда кушодаанд ва баррасиашро додситон Икром Мирзошарифзода ба уҳда дорад.
Пайвандони Маҳмурод Одинаев рӯзи 14-уми январ гуфтаанд, масъулони Додситонии Ҳисор як ҳафта пеш онҳоро дар бораи айби нав хабардор карданд. Онҳо мегӯянд, далелеро дар ин замина намебинанд.
Иттиҳоми наве, ки Додситонии Ҳисор нисбат ба Маҳмурод Одинаев эълон кардааст, аз панҷ то 10 сол зиндонро дар назар дорад.
Одинаевро рӯзи 5-уми декабри соли гузашта дар ҳудуди шаҳри Душанбе дастгир карданд. Намояндагони Додситонии кулли Тоҷикистон гуфтанд, ба зидди ӯ 20-уми ноябр бо гумони «авбошӣ» парванда кушода буданд ва бо сабаби он ки ба бозпурсӣ ҳозир нашуд, маҷбурӣ боздошт карданд.