Ситоди ПМТ дар Варшава ба даҳҳо хонаводаи муҳоҷир аз Украина кӯмак кард
Паймони миллии Тоҷикистон бо нашри хабарномае, ки дирӯз расонаӣ шуд, аз кӯмак ба даҳҳо хонаводаи муҳоҷирини тоҷику миллатҳои дигар, ки аз ҷанги Укроин фирор кардаанд, хабар дод.
Дар хабарнома гуфта мешавад аз ҷониби паймони мухолифин ситоди корие дар Варшава ташил шуда ва ин ситод бо 35 узв ва 10 мошинро дар хидмати муҳоҷирин қарор дода, беш аз 130 нафарро дар хонаҳо ҷойгир ва барои интиқолашон ба кишварҳои дигар кӯмак кардааст.
Сухангӯи ситод Муҳаммадраҷаб Шоҳимӣ дар гуфтугӯ бо Паём гуфт то ин соатҳо шумори муҳҷироне, ки ситод ба онҳо кӯмак расонидааст аз 200 нафар убур карданд ва кӯмакҳо идома доранд.
Ӯ гуфт дирӯз бо ташкили як мусофирбар ва чанд мошин, ҳудуди 50 нафар ба кишварҳои дигар интиқол дода шуда ва 27 нафари онҳо аз ҷониби намояндагони ПМТ дар Утриш қабул ва ҷобаҷо карда шуданд.
Шоҳимӣ ҳамчунин гуфт, бинобар афзоиши соат ба соати шумори муҳоҷирон, аз ҷониби ситод се хона барои қабулу гусели онҳо иҷора гирифти шудааст.
Ситод ба номнависии тоҷикони муқими Лаҳистон, ки омодаи кӯмак ба мақомоти Лаҳистон дар қабулу гусели муҳоҷирон ҳастанд шурӯъ кардааст ва тасмим дорад на камтар аз даҳ нафарро ба марзи Укроин эъзом кунад.
Матни хабарномаи Ситоди Паймони миллии Тоҷикистон ба шакли зер аст:
Бо назардошти вазъи Украина бо дастури роҳбарияти Паймони миллии Тоҷикистон (ПМТ), рӯзи 23 — юми феврали соли ҷорӣ Ситоди Украина ташкил карда шуд. Шоҳнаими Карим, муовини раиси ҲНИТ раиси Ситод таъйин гардид. Ҳамчунин дар Ситод 15 нафар афроди ботаҷрибаи корӣ дар заминаи ҳуқуқӣ, дипломатӣ ва расонаӣ азҷумла аз кишварҳои Лаҳистон, Олмон, Литва, Утриш ва Фаронса ба кор шурӯъ карданд.
Вазифаи Ситод дар марҳилаи аввал иборат аз инҳо буд:
1- Омӯзиши сареъи вазъи Украина;
2- Тартиб додани омори шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина;
3- Барқарории иртибот бо шаҳрвандони Тоҷикистон дар Украина.
Баъд аз омӯзиши вазъи Украина ва ҳамлаи Русия ба ин кишвар дар таърихи 24 – уми феврал, Ситод ба хулосае омад, ки ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қасди хориҷ шудан аз Украинаро доранд, кумак намояд.
Бинобар ин:
1- Листи шаҳрвандони Тоҷикистон таҳия шуд;
2- Ба ҳамаи онҳо мавшварат дода шуд, ки ҳарчӣ зудтар тариқи яке аз марзҳои Украин ба ҷои амн хориҷ шаванд.
Сипас, Департаменти Равобити хориҷии ПМТ ба роҳбарияти умумии марзбонии Лаҳистон нома фиритода, хоҳиш намуд, ки ба муҳоҷироне, ки қасди ворид шудан ба Лаҳистонро доранд, кумак намянд.
Якбора рӯзи 25 – уми ферал баъди муташанниҷ шудани вазъ, даҳҳо ҳазор шаҳрвандони Украина ва шаҳрвандони кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, ки бо сабабҳои мухталиф дар кишвари Украина ба сар мебурданд, ба марзҳо ҳуҷум оварданд. Баъд аз зуҳри рузи 25 -уми феврал аввалин муҳоҷирони тоҷик ба марзи Краковиетс – Корчоваи байни Украина ва Лаҳистон расиданд.
Ҳамин тариқ, хориҷ шудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Украина оғоз шуд. Дар ин миён аз шаҳрвандони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Узбекистон ҳам, ки ба трафи марзи Лаҳистон омада буданд, талаби кумак шуд.
Вақте аксари муҳоҷирони тоҷик ба марзҳо расиданд, аз таърихи 26-уми феврал бо тасими Ситоди Паймони миллии Тоҷикистон, дар кишвари Лаҳистон Ситоди қабули муҳоҷирони Украина ташкил карда шуда Исломҷон Саидов масъули намояндагии ПМТ дар Лаҳистон раиси Ситод таъйин шуд. Ситод бо имконоти зерин:
— 35 узви кории фаъол;
— 10 мошини сабукрав;
— Беш аз 20 хонаи истиқоматӣ;
корро шурӯъ кард.
Тибқи гузориши Ситоди қабули муҳоҷирон дар Лаҳистон то рузи 28-уми феврал 131 нафар шаҳрвандони Осиёи Марказӣ, бо раҳнамоӣ ва кӯмаки Ситоди мазкур вориди Лаҳистон шудааст, ки аз ин теъдод 29 нафар кудак, 37 нафар зан ва 65 нафар мард мебошанд. Ин 131 нафар, ки 10 нафар шаҳрвандони Узбекистон, 2 – нафар шаҳрванди Украина ва бақия шаҳрвандони Тоҷикистон будаанд, дар 20 хонаи истиқоматӣ ҷой дода шудаанд. Ҳамчунин барои 50 нафари дигар дар Ҳостелҳо ҷой гирифта шудааст. Баъзе аз муҳоҷирон ба мудддати 1 то 3 руз дар Лаҳистон монда, сипас Лаҳистонро ба мақсади кишварҳои дигари Иттиҳодяи Аврупо тарк кардаанд.
Тибқи иттилоъи Ситоди қабули муҳоҷирони намояндагии ПМТ дар Лаҳистон, баъд аз ташкили Ситод даҳҳо нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ба масъулон ва аъзои кории Ситод занг зада талаби кумак ва раҳнамоӣ кардаанд ва ин раванд то бегоҳи рузи 28 – уми феврал идома доштааст.
Гузориш ва иттилоияи муфассали фаъолияти Ситод дар рӯзҳои баъдӣ нашр хоҳад шуд.
Паймони Миллии Тоҷикистон
01.03.2022