Рубрики Хабарҳо

Бархе омилҳои шикасти эҳтимолии Русия

Шавоҳид нишон медиҳад, ки амалиёти низомии Русия дар Украина чунон ки русҳо ва ба хусус Путин фикр мекарданд, пеш намеравад. Зеро:

— Русия дар таҳлил ва муҳосиботи худ иштибоҳ кард. Чунон ки фикр мекард дар Украина касе мунтазири онҳо набуд ва мардуми Украина дар муқобили Русия муттаҳид шуданд.

— Мардуми Украина таъми озодиро чашидааст ва дарду даҳшати диктатураро низ дар пусти худаш эҳсос кардааст ва намехоҳад, ки бори дигар озодии фараҳбахшро аз даст бидиҳад ва ба даҳшати диктаторӣ баргардад.

— Худкомагӣ ва яккатозии Путин боис шудааст, ки касе аз мушовиронаш ҷуръати мухолифат бо ӯро пайдо накунанд ва масоилро тавре баррасӣ ва матраҳ кунанд, ки мавриди писанд ва хушоянди ӯ бошад. Тасмими шахс болотар аз тасмими ҷамъ аст.

— Фасоди мавҷуд дар рагу пайванди ҳукумати Русия. Женеролҳои рус пули будҷаро обу лой кардаанду тонкҳову силоҳҳои куҳнаи гузаштаро ҳамчун аслиҳаи ҷадид муаррифӣ кардаанд, ки ҷавобгӯи вазъияту ҳолати имрӯз нестанд. Пули хуроки сарбозонро обу лой карда ба онҳо хурокҳои чанд сол аз таърихи масрафашон гузаштаро додан, либосҳои даврони гузаштаро додан, гузоришҳои дурӯғ додан аз теъдоди сарбозони ҳирфаӣ ва ба ҷанг фиристодани сарбозони бетаҷриба ва ғайра ҳама ҷузъи фасодест, ки ба як система табдил шудааст ва ангезаву эътимоди сарбозони русро ба шиддат коҳиш додааст ва коҳиш хоҳад дод.

— Заъфу нотавонӣ ва фасодзадагии тамоми ҳукуматҳои русгарои ба қудрат расида дар Украина. Таҷрибаи талхи мардум аз ҳукуматҳои ҷонибдори Русия дар ин кишвар.

— Дастнорас будан ва дур будани Путин аз мардум ва мардумӣ будани Зеленский. Путин аз мақоми бартар ва омирона бо мардуми рус суҳбат мекунад, зеро ояндаи худро ба онҳо вобаста намедонад, Зеленский бо мардуми Украина аз ҷойгоҳи як масъул ва шахсе суҳбат мекунад, зеро ояндаи худаш ва ҳукуматашро вобаста аз мардум медонад.

Инҳо бархе аз омилҳои муҳимми шикасти эҳтимолии Русия ё ба дарозо кашидани пирузии он дар муқобили Украина ҳастанд. Албатта агар Русия Украинаро тасарруф ҳам кунад, бо ҳамин далелҳо нигаҳ доштани он барояш кори осоне нахоҳад буд.

Бобоҷон Қаюмзод

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *