Рубрики Хабарҳо

“Артиши паҳподҳо” дар роҳ аст

Русия ва Укроин дар ҷанг ба истифода аз паҳподҳо такя мекунанд: аз ҳавопаймоҳои кӯчак гирифта то паҳподҳои ҷангӣ бо фановарии пешрафта. Ин равандро метавон дар кишварҳои дар ҳоли рушд ва супоришҳои саноъати низомӣ низ мушоҳида кард. 

Бар асоси гузориши шабакаи аввали телевизиони Олмон аз Киев, Александр як сарбозӣ укроинӣ, ки истифода аз паҳподҳоро меомӯзад, мегӯяд: “ин омӯзиш барои шиносоии мавзеъҳои душман ва пайдо кардани макони тӯпхонаи онҳо аст. Дар гузашта зарбаҳоро бо дӯрбинҳои дучашмӣ мушоҳида ва ислоҳ мекарданд. Акнун ҷанги модерн шудааст. Бидуни паҳпод ғайриимкон аст.” 

Даҳҳо омӯзишкадаи ҳавопаймоҳои бидуни сарнишин 

Аз моҳи апрели соли ҷорӣ ба ин су ҳазорон халабони паҳпод дар як омӯзишкадаи паҳподҳо дар наздикии Киев ва 16 омӯзишкадаи дигар дар саросари кишвар омӯзиш дидаанд. Номи ин омӯзишкадаҳо аз тарҳи барномае гирифта шудааст, ки Владимир Зеленский кӯтоҳ пас аз таҳоҷуми Русия роҳандозӣ кард: “артиши паҳподҳо”. 

Паҳподҳо аз ҷабҳаи душман ҷосусӣ мекунанд, ба воҳидҳои низомии худӣ дар мавриди камингоҳҳо ҳушдор медиҳанд, ба воҳидҳои тӯпхона кумак мекунанд ва маводи инфиҷорӣ, ки ағлаб ба таври дастӣ дар паҳподҳо қарор гирифтаанд, сангарҳои душманро ҳадаф қарор медиҳанд. 

Густав Грессел, коршиноси низомӣ, мегӯяд: “афроде, ки дар сангарҳо нишастаанд наметавонанд як рӯҳияи матин ва собит дошта бошанд, зеро ҳамеша тарс аз зарба хӯрдан бо ҳамалоти паҳподиро доранд. Ин амр ба тадриҷ рӯҳияи нерӯҳоеро, ки дар он ҷо мустақар шудаанд тазъиф мекунад.” 

Раванди тавлиди дохилӣ дар ҷараён аст 

Бо ин ҳол, Укроин муддатҳост, ки танҳо ба ҳавопаймоҳои кӯчаки мавҷуд дар фурӯшгоҳҳои бузург вобаста нест, ки бисёре аз онҳо акнун аз тариқи ҷамъоварии пул аз мардум харидорӣ мешаванд. Укроиниҳо дар марҳалаи оғози ин ҷанг тавонистанд аз паҳподи ҷангии Туркия Байрактор TB2 истфода кунанд. 

Ҳоло қарор аст дар ҷануби Киев як маркази тавлиди ҷудогона барои сохт ва нигаҳдории ҳавопаймоҳои бидуни сарнишини Байрактор эҷод шавад, ки метавонад маҳмулаи 150 килограммии силоҳро ҳамл кунад ва бо абзорҳои гуногун муҷаҳҳаз шавад. Фурӯши паҳпод ба беш аз дувоздаҳ кишвар ба ин колои низомии Туркия равнақ бахшид ва дар соли 2020 ба як силоҳи муҳим дар ҷараёни ҷанги байни Озарбойҷон ва Арманистон табдил шуд. 

Русия аз Эрон харид мекунад 

Табиист, ки Русия низ дар мусобиқаи паҳподҳо ширкат дорад, аммо дучори камбуд шуда ва дар раванди тавлид ақиб мондааст. Аз ин рӯ Маскав акнун дар ҳоли хариди анбӯҳе аз паҳподҳо аз Эрон аст ва муҳимтар аз ҳама паҳподҳои интиҳории “Шоҳид” аст, ки кулоҳаки нисбатан кӯчаке доранд ва ба ҳадафҳое, ки дар он барномарезӣ шуда ҳамла мекунанд. Ахиран артиши Русия аз ин паҳподҳо барои ҳамалоти густурда ба зерсохтҳо ва шаҳрҳои Укроин истифода кардааст. 

“Вашингтон пост” бо истинод ба додаҳои созмонҳои иттилоотӣ менависад, Русия акнун мехоҳад худ як маркази тавлиди паҳподҳои “Шоҳид”-ро роҳандозӣ кунад ва тавофуқномае миёни Маскав ва Теҳрон имзо шудааст. 

Анвоъи зиёди паҳподҳоро метавон дар ҷанг байни Укроин ва Русия мушоҳида кард. Игор Николаев, раиси омӯзишкадаи “артиши паҳподҳо” дар Киев мегӯяд: “бисёре аз паҳподҳо ба осонӣ қобили ҳидоят ҳастанд ва дар оянда ҳар чӣ бештар мустақил аз инсон амал мекунанд. Возеҳ аст, ки онҳо дар ҷангҳои оянда нақши таъйинкунанда хоҳанд дошт.” 

Дар ҳоли ҳозир паҳподҳо нақши муҳиме дар тиҷорати ширкатҳои таслиҳотӣ мебозанд. Тибқи пешбиниҳои муҳаққиқони бозор, фурӯши паҳподҳои низомӣ дар саросари ҷаҳон метавонад то поёни даҳаи ҷорӣ се баробар шавад ва ба ҳудуди 30 миллиард доллар бирасад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *