Рубрики Хабарҳо

Артиши Укроин аз тасарруфи 10 мавзеъи нерӯҳои рус дар атрофи Баҳмут хабар дод

Артиши Укроин рӯзи душанбе пешравии нерӯҳои ин кишвар дар атрофи Баҳмутро ба унвони “аввалин муваффақиятҳо” дар амалиёти таҳоҷумӣ барои дифоъ аз ин шаҳр васф кард. 

Муовини вазири дифоъи Укроин дар ҳамин росто эълом кард, ки нерӯҳои кишвараш 10 мавзеъи низомиёни рус дар атрофи Баҳмутро тасарруф кардаанд. 

Русия аз тобистони гузашта то кунун ба кумаки шибҳинизомиёни Вагнер талош мекунад то контроли Баҳмут воқеъ дар минтақаи Донбасс дар шарқи Укроинро ба даст бигирад. Набарди Баҳмут ба тӯлонитарин ва хунбортарин набард аз замони оғози таҳоҷуми низомии Русия ба Укроин табдил шудааст. 

Ҳарчанд артиши Укроин аз аввалин зиддиҳамлаи муваффақи худ дар атрофи Баҳмут сухан гуфтааст, аммо дар айни ҳол таъкид кардааст, ки шароити нерӯҳои укроинӣ дар минтақа ҳамчунон “душвор” аст. 

Артиши Укроин ҳафтаи гузашта эълом карда буд, ки пас аз чанд моҳи набарди сангин муваффақ ба ақиб рондани нерӯҳои русӣ дар атрофи Баҳмут шудааст. Ин дар ҳолест, ки вазорати дифоъи Русия рӯзи якшанбе аз кушта шудани ду фармондеҳи ин кишвар дар шарқи Укроин хабар дода буд. 

Мақомҳои укроинӣ таъкид кардаанд, ки пешравиҳо дар атрофи Баҳмут ба маънои оғози амалиёти зиддитаҳоҷумии ин кишвар нест. Гумоназаниҳои зиёде тайи ҳафтаҳои гузашта дар мавриди замони оғози амалиёти зиддитаҳоҷумии артиши Укроин барои озодсозии манотиқи ишғолшудаи ин кишвар сурат гирифта буд. 

Артиши Русия, ки тайи моҳҳои гузашта дастоварди мушаххасе дар ҷанг бо нерӯҳои укроинӣ надошта, умедвор аст то бо тасарруфи Баҳмут мавқеияти худ дар шарқи Укроинро тасбит кунад. Ин дар ҳолест, ки мақомҳои укроинӣ пеш аз ин гуфта буданд, ки идомаи дифоъ аз Баҳмут ба артиши ин кишвар иҷоза медиҳад то барои амалиёти зиддитаҳоҷумии худ омода шавад.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *