Аз оғози ҷанги Укроин, Иттиҳодияи Аврупо ҳудуди 14 миллиард евро аз амволу дороиҳои олигархҳо ва ниҳодҳои Русияро мусодира кардааст. Ин афрод ва ниҳодҳо дар листи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо алайҳи ин кишвар қарор доштаанд.
Диде Райндерс, комиссари қозии Аврупо бо унвони ин матлаб ва таҳсин аз тааҳҳуди панҷ кишвари узви ин иттиҳодия, аз ҷумла Олмон аз амалкарди аксари давлатҳои аврупоӣ дар ин замина интиқод кардааст.
Ӯ дар ҳошияи нишасти вузарои додгустарии Иттиҳодияи Аврупо дар Прага эълом кард, ки аъзои ин Иттиҳодия то кунун 13.8 миллиард евро аз дороиҳои афрод ва муассисоти Русияро, ки ба далели ҳамлаи низомии Русия ба Укроин дар листи таҳримҳои ин иттиҳодия қарор доранд, мусодира кардаанд.
Бо ин ҳол комиссари қозии Иттиҳодияи Аврупо бо интиқод аз бархе кишварҳои узви ин иттиҳодия эълом кард, ки ҳама кишварҳои аврупоӣ ба як андоза ба иҷрои таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Русия мутааҳҳид набудаанд. Бахши аъзами дороиҳои мусодирашуда ба арзиши 12 миллиард евро танҳо дар панҷ кишвар аз 27 кишвари Иттиҳодияи Аврупо забт шудааст.
Бар асоси эъломи давлати федерали Олмон, ин кишвар дар ин замина нақши калидӣ ифо мекунад. Кристиан Линднер, вазири дороии Олмон дар миёнаи моҳи июн миқдори амволи мусодирашудаи Русия тавассути ин кишварро 4.48 миллиард евро баровард карда буд. Ин амвол шомили киштиҳо, қайиқҳо ва ҳамчунин супурдаҳои Бонки марказӣ ва сармоягузориҳои ширкатҳо аст.
Дар ҳоли ҳозир ҳазору 158 тан аз масъулон ва 98 ширкат ва муассиса дар листи таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо қарор доранд, аз ҷумла Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ва афроди сарватманде чун Роман Абрамович, молики собиқи бошгоҳи Челсӣ.
Роман Абрамович маҷбур шуд ба далели ин таҳримҳо бошгоҳи Челсиро ба консирсиюме ба раҳбарии Тодд Бёли, тоҷири амрикоӣ бифурӯшад. Ҳатто даромади ҳосил аз фурӯши ин бошгоҳ низ ба миллиардери русӣ нахоҳад расид ва ин пул барои ҳимоят аз қурбониёни ҷанг дар Укроин ҳазина хоҳад шуд.
Дар моҳи май комиссияи Иттиҳодияи Аврупо ба мушкилоти пеши рӯ дар шиносоии амволи олигархҳои рус ишора ва эълом кард, ки ин афрод аз “сохторҳои печидаи қонунӣ ва молӣ” барои пинҳон кардани дороиҳои худ истифода мекунанд.
Пеш аз ин Мартин Ширдеван, раҳбари фраксюни чапҳо дар парлумони Аврупо ишора карда буд, ки масдуд кардани дороиҳои Русия барои Иттиҳодияи Аврупо ҳазинаи болое дар пай хоҳад дошт.
Ширдеван гуфта, ки вилаҳо ва қаиқҳои тафреҳии мусодирашуда дар ҳамон шароите, ки мусодира шудаанд нигаҳдорӣ хоҳанд шуд ба ин маънӣ, ки молиётдиҳандагони Аврупои бояд ҳазинаи нигаҳдории ин амволро пардохт кунанд.