Кирилл Буданов, раиси Созмони иттилооти низомии Укроин бар пояи шавоҳид мегӯяд, тарҳи Путин тақсими кишвар ҳаммонанди Кореяи Шимолӣ ва Ҷанубӣ аст. Намояндагони ҳайатҳои укроинӣ ва русӣ аз имрӯз 28 март гуфтугӯҳои худро аз сар хоҳанд гирифт.
Консерти Стинг дар ҳамбастагӣ бо Укроин
Стинг, хонанда ва оҳангсози бритониёӣ мехоҳад консерти баъдии тури кунуниашро бо нусхаи ҷадид аз таснифҳои даҳаи 1980 худ бо номи “рошинз” (русҳо) оғоз кунад. Ба гузориши хабаргузории Олмон, Стинг рӯзи якшанбе дар шаҳри олмонӣ Лубок гуфтааст: “Ман ду навозандаи соз аз Укроинро вориди гурӯҳ кардаам, ки ба нишонаи ҳамбастагӣ бо Укроин ҳамкорӣ хоҳанд кард.”
Стинги 70 сола афзуд: “Наметавонистам аслан тасаввур кунам, ки ин масъала як бори дигар мавзӯӣ хоҳад ёфт, аммо имрӯз мавзӯии тамом ёфтааст.”
Мудирияти умури консертҳои Стинг гуфтааст, ки даромади ҳосил аз ин консерт ба як сандуқи кумакҳои инсондӯстона барои Укроин ихтисос хоҳад ёфт.
Украиниҳо худро барои ҳамлаи Русия ба шаҳри бандарии Одесса омода мекунанд
Шаҳри бандарии Одесса дар остонаи ҳамлаи густурдаи Русия ба сар мебарад. Одесса аз аҳамияти стратегӣ барои Укроин бархурдор аст ва дар сурате, ки таҳти контроли русҳо дарояд, зарбаи шадиди иқтисодӣ ба Укроин ворид мешавад, зеро масири тиҷории Укрино бо хориҷ қатъ хоҳад шуд.
Соҳили ин бандар мингузорӣ шуда ва танкҳо дар навоҳии соҳилӣ мустақар шудаанд то киштиҳои русиро ҳадаф қарор диҳанд.
Донишомӯзони Киев ба сурати маҷозӣ тадрис мешаванд
Виталий Кличко, шаҳрдори Киев дар шабакаи телеграм эълом кард, ки тадриси донишомӯзон аз рӯзи душанбе 28 март оғоз хоҳад шуд, он ҳам ба сурати онлайнӣ. Кличко гуфт, ки шаҳри ӯ собит хоҳад кард, ки “таҳти шароити бисёр душвори ҷангӣ низ зиндагӣ ва кор мекунад”.
Урдуғон бо Путин телефонӣ гуфтугӯ кард
Раисҷумҳури Туркия Раҷаб Таййиб Урдуғон рӯзи якшанбе 27 март бо ҳамтои руси худ Владимир Путин тамоси телефонӣ барқарор кард ва хостори оташбас шуд. Ин хабарро дафтари Урдуғон ба иттилоъи умум расонд. Илова бар ин қарор шудааст, ки даври баъдии гуфтугӯҳои кумитаи сулҳ миёни Укроин ва Русия дар Туркия баргузор шавад.
Пеш аз ин Давид Арахамия, музокиракунандаи аршади Укроин музокироти сулҳ дар Укроинро ба иттилоъ расонида буд.
То кунун се даври музокироти сулҳи ҳузурӣ дар минтақаи марзӣ бо Беларус ва чандин конфронси видеоӣ баргузор шудааст. Дар 10 март низ Дмитрий Кулеба, вазири хориҷаи Укроин бо ҳамтои руси худ Сергей Лавров дар Туркия гуфтугӯ карда буд. Аз ин гуфтугӯ аммо натиҷае ҳосил нашуда буд.
Нигаронии Амрико аз эҳтимоли ҳамалоти сайберии Русия
Ҷин Истрилий, мудири идораи Иёлоти муттаҳида дар умури амнияти сайберӣ дар шабакаи “CNN”нисбат ба ҳамалоти сайберии Русия ҳушдор дод. Ў гуфт: “Тамоми ширкатҳо, моликон ва мудирони зерсохтҳо бояд рӯйи ин ҳисоб кунанд, ки русҳо доранд дар мавриди эҷоди ихтилолҳои сайберӣ фикр мекунанд ва дар ҳоли тадорук ва баррасии имкони чунин ҳамалоте ҳастанд.”
Истрилий афзуд, муҳим аст, ки “ҳама аз тавони чунин фаъолиятҳои сайберӣ матлаъ бошанд” ва мутаносиб бо он худро омода кунанд.
Раиси Созмони иттилооти низомии Укроина: Путин мехоҳад кишварро тақсим кунад
Кирилл Буданов, раиси Созмони иттилооти низомии Укроин нигарони тақсими кишвар ба дасти Русия, ҳаммонанди Кореяи шимолӣ ва ҷанубӣ аст. Ў дар шабакаи иҷтимоии файсбук навишт, ки Русия дар талоши худ барои “фатҳи Киев ва сарнагунии давлати Укроин шикаст хӯрда аст”. Ҳоло Владимир Путин стратегияи дигареро думбол карда ва тақсими кишвар яке аз аҳдофи ӯ метавонад бошад.
Раиси Созмони иттилооти низомии Укроин дар паёми худ бо нигоҳ ба рӯйкарди Путин мегӯяд: “Шавоҳиде вуҷуд дорад далолаткунанда бар ин ки ӯ қасд дорад хати марзи ҷудоӣ бикушояд миёни манотиқи таҳти ишғол ва кишвари мо – талоше, ки мехоҳад аз Укроин як Кореяи шимолӣ ва ҷануби бисозад.”
Ин изҳороти Буданов ду рӯз пас аз он баён мешавад, ки артиши Русия эълом кард, аз ин пас нерӯи худро бар рӯйи “озодсозӣ”-и минтақаи Донбас дар шарқи Укроин мутамаркиз хоҳад кард. Пеш аз он артиши Укроин муваффақиятҳое дар бозпасгирии манотиқе дар ҳавмаи Киевро эълом карда буд.
Зеленский гузоришдиҳӣ аз таҳаррукоти воҳидҳои низомиро мамнуъ кард
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин гузоришдиҳӣ дар мавриди ҷобаҷоӣ ва таҳаррукоти воҳидҳои низомии кишварашро мамнуъ эълом кард, магар он ки ин гузоришҳо пешопеш бо фармондеҳии артиш ҳамоҳанг шуда бошанд.
Дар қонуне, ки ба имзои Зеленский расидааст, нақзи ин қонун се то ҳашт сол ҳабс ба думбол хоҳад дошт. Хабарнигорони дохилӣ ва хориҷӣ низ шомили ин қонун мешаванд.
Ҳушдори Русия ба расонаҳо: Дар бораи мусоҳибаҳои Зеленский набояд гузориш диҳед
Ҳайати назорат бар расонаҳои Русия рӯзи якшанбе 27 март аз расонаҳои ин кишвар хост аз гузоришдиҳӣ дар бораи мусоҳибаҳои Владимир Зеленский, раисҷумҳури Укроин парҳез кунанд. Ин ниҳоди назоратӣ гуфтааст,ки чандин мусоҳиба бо Зеленский барои фурӯш дар ихтиёри расонаҳо қарор гирифтааст.
Ба гузориши хабаргузории Рейтер, ҳайати назорат бар расонаҳои Русия ба расонаҳои ин кишвар дар мавриди зарурат иҷтиноб аз интишори мусоҳиба бо Зеленский ҳушдор додааст. Ин ҳайат аммо ҳеҷ далеле барои ин ҳушдори худ зикр накардааст.
Гармидиҳии хонаҳо дар Киев қатъ мешавад
Бо ин ки интизор меравад, ки дамои ҳаво дар Киев тайи шаби оянда ба як то се дараҷа бирасад бо ин ҳол мақомоти ин шаҳр поёни фасли гармоиши хонаҳоро эълом карданд. Шаҳрдории Киев гуфт, ки ин дастур аз сӯи фармондории низомии пойтахт содир шудааст.
Бар ин асос, хонаҳо, опортумонҳо ва фазои фурӯшгоҳҳо гарм нахоҳанд шуд. Қатъи гармидиҳӣ барои мадорис, кӯдакистонҳо, бемористонҳо ва ниҳодҳои фарҳангӣ бо назари масъулони он сурат хоҳад гирифт.
Ба таври маъмул фасли гармсозии хонаҳо тавассути шабакаи марказӣ дар авосити моҳи апрел ба поён мерасад. Шаҳрдорӣ аммо гуфтааст, ки дар ҳоли тармими осебҳое ҳастанд, ки ба шабакаҳои барқ, гармоиш ва об ворид шудаанд. Тимҳои изтирории поксозии шаҳр 24 соата фаъол ҳастанд ва 90 худравӣ ҷамъоварии зубола фаъол аст. Беш аз 2300 саройдори хона дар ҳоли поксозии хиёбонҳо ва ҳаёти манозил ҳастанд.
Гуфтугӯҳои Укроин ва Русия аз душанбе 28 март дар Туркия
Намояндагони ҳайатҳои укроинӣ ва русӣ аз фардо 28 март гуфтугӯҳои худро аз сар хоҳанд гирифт. Давид Арахамия, музокиракунандаи аршади Укроин дар фейсбук эълом кард: “Дар гуфтугӯҳои видеоии конфронси имрӯз тасмим гирифта шуд, ки даври баъдии музокирот аз 28 то 30 март дар Туркия баргузор шавад.”
Арахамия афзуд, ки музокирот то кунун “бисёр душвор” будааст. Дар 10 март гуфтугӯҳое дар сатҳи вазирон дар Анталияи Туркия баргузор шуд, ки ҳеҷ пешрафте барои истиқрори оташбас дар Укроин дар пай надошт.
Омори расмии Созмони милал: 1119 ғайринизомӣ дар ҷанги Укроин кушта шуданд
Созмони милали муттаҳид шумори қурбониёни ғайринизомиёни укроинӣ дар ҷангро 1119 нафар эълом кард. Ин рақам марбут ба 24 феврал то 26 март аст. Илова бар ин, дар ин муддат 1790 нафар маҷрӯҳ шудаанд. Дар миёни кушташудагон 32 писарбача ва 15 духтарбача дида мешавад. 52 кӯдак низ кушта шудаанд, ки имкон ташхиси ҷинсияти онҳо муяссар нест.
Мақомотм Созмони милал меафзоянд, ки рақами воқеии қурбониёни ҷанг дар Укроин бешак бисёр болотар аст. Оморе, ки Созмони милал ироа медиҳад танҳо қурбониёнеро дар бар мегирад, ки номашон ба сабт расида ва вазъиятшон баррасӣ шудааст. Ағлаби қурбониён дар асари инфиҷори таслиҳоте монанди шиллики тӯпхона, мушак ва ё ҳамалоти ҳавоӣ кушта ва захмӣ шудаанд.
Сайти рӯзномаи “Билд”-и Олмон дар Русия масдуд шуд
Ҳайати назорат бар расонаҳои Русия (Роскомнадзор) сайти рӯзномаи “Билд”-ро барои хонандагони русӣ масдуд кард. Хабаргузории русии Интерфакс ба нақл аз ин идора навишт, ки Додситонии кулли Русия масдуд шудани ин сайтро дастур додааст.
Иллате барои масдуд шудани ин сайт эълом нашудааст. Дигар расонаҳои Олмон ҳанӯз қобили дастрасӣ ҳастанд, аммо ҳар чанд рӯз як бор сайтҳои мунтақиди Кремл масдуд мешаванд. Охирин бор идораи назорат бар расонаҳои Русия шабакаҳои иҷтимоии твитер, файсбук ва инстаграмро масдуд кард.
Вазири хориҷаи Укроин хостори таҳрими фурӯшгоҳи “Декатлон” шуд
Дмитрий Кулеба, вазири хорҷаи Укроин хостори таҳрими фурӯшгоҳи варзишии занҷиравии фаронсавӣ — “Декатлон” ва фурӯшгоҳи занҷиравии маводи ғизоии фаронсавӣ “Ашан” шуд, зеро ин ҳар ду фурӯшгоҳ ба ширкати хонаводагии “Молиз” тааллуқ доранд, ки ҳозир нашудааст ба фаъолияти тиҷории худ дар Русия хотима диҳад.
Кулеба дар твитер навишт: “Аз қарори маълум аз даст додани фурсатҳои шуғле барои онҳо муҳимтар аз марги шаҳрвандони украинӣ аст.”
Иёлоти Навардроини Вастфалияи Олмон ҷирмангории намоди Z-ро баррасӣ мекунад
Герберта Ройла, вазири кишвари иёлотӣ ба рӯзномаи “Rheinische Post” гуфт: “Ҷанги таҷовузкорона ва ноқизи ҳуқуқи милали Русия ранҷи азим барои мардуми Укроин дар пай доштааст. Ман ҳеҷ тафоҳуме наметавонам дошта бошам, ки чигуна метавон ин ҷиноятро тавҷеҳ ва онро амале дуруст донист.”
Ӯ афзуд: “Ба ҳамин далел дар ҳоли баррасӣ тамоми имконот ҳастем, ки истифода аз ҳарфи Z ба унвони намоди артиши Русияро мавриди пайгарди ҷазоӣ қарор диҳем.”
Ҳарфи Z, ки дар алифбои крилики русӣ вуҷуд надорад, бар рӯйи тамоми худравҳо ва танкҳои русӣ нақш бастааст ва аз сӯи ҳаводорони рус ҷанги Русия алайҳи Укроин истифода мешавад.
Хабаргузории Олмон: Укроина 5100 силоҳи зидди танк аз Олмон харидааст
Хабаргузории Олмон ба нақл аз маҳофили давлати Укроин гузориш дод, ки давлати Укроин 5100 силоҳи зидди танк аз Олмон харидорӣ кардааст. Пеш аз ин ду рӯзномаи олмонӣ “Билд” ва “Ди Велт” низ аз хариди таслиҳоте гузориш дода буданд. Вазорати иқтисоди Олмон, ки контрол бар содироти таслиҳоти Олмонро бар уҳда дорад, дар мавриди пурсиш дар ин замина намехост изҳори назар кунад.
Ду ширкати таслиҳоти олмонӣ”, ки тавлидкунандаи силоҳи зидди танк RGW90 HH мавсум ба “Матадор”, ки бар дӯш савор мешавад ҳастанд, дар Иёлоти Навардроин Вестфалени Олмон мустақаранд.
Гуфта мешавад, ки 2650 қабза аз ин силоҳ рӯзи шанбе 26 март ба Укроин фиристода шуд ва мобақии 2450 қабза, ки дар дасти тавлид аст то поёни моҳи май ҳар ҳафта дар чанд қисм фиристода хоҳанд шуд.
Укроин: Русия дар ҳоли рафъи оқибатҳои зарбаҳои хӯрдааш аст
Ситоди муштараки нерӯҳои мусаллаҳи Укроин дар гузориши рӯзи якшанбе 27 март худ эълом кард, ки муҳоҷимони Русия барои ҷуброни зарбаҳои муҳлике, ки ба онҳо ворид шуда, дар ҳоли ҷо ба ҷои нерӯҳо дар Беларус ҳастанд. Онҳо қасд доранд воҳидҳои кӯчакшударо якҷря кунанд ва озуқа, сӯхту муҳиммот ба воҳидҳо бирасонанд ва сарбозони маҷрӯҳ ва беморро ба хориҷ аз маҳали даргирӣ интиқол диҳанд.
Ин иттилооти ҳанӯз қобили баррасӣ аз сӯи манобеъ мустақил нест.
Ба гузориши хабаргузории Олмон, ситоди артиши Укроин меафзояд: “Душман ба таҳоҷуми густурдаи мусаллаҳонаи худ алайҳи Укроин ҳамчунон идома медиҳад.” Воҳидҳои русӣ мекӯшанд шаҳри Чернигов, воқеъ дар шимоли Укроинро таҳти контроли худ дароваранд. Дар ҷанубу шарқии Укроин даргириҳо дар шаҳрҳои Рубижная, Северододск ва Мариупол ҳамчунон идома дорад.
Ситоди артиши Укроин рӯзи шанбе 26 март хабари бозпасгирии минтақаи Трестянтс дар наздикии Мариупол, воқеъ дар шимоли шарқии кишварро таъйид кард. Дар гузориши ситоди артиши Укроин омадааст, ки горди миллии Русия дар талош аст дар манотиқи ишғолии ҷануби Укроин, ҳар навъи муқовамат аз сӯи мардумро дар нутфа хафа кунад.
Укроин: Ҳамапурсии Русия дар манотиқи ишғолӣ мабнои қонунӣ надорад
Мақомоти Укроин эълом карданд, ки тарҳи Русия барои баргузории ҳамапурсӣ дар манотиқи ишғолӣ мабнои ҳуқуқӣ надорад ва бо посухи ҷомеъаи байналмилалӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва ин кишварро мунзавитар аз пеш хоҳад кард.
Раҳбари ҷудоиталабони минтақаи ишғолии Луганск эълом кардааст ба зудӣ дар ин минтақа ҳамапурсӣ барои пайвастан ба федератсияи Русия баргузор хоҳад шуд.
Олга Николаевна, сухангӯи вазорати хориҷаи Укроин дар як баёния ба хабаргузории Рейтер гуфтааст: “Тамоми ҳамапурсиҳои ҷаълӣ дар заминҳои муваққатан ишғолшуда, пуч ва орӣ аз ҳар гуна мабнои ҳуқуқӣ аст. Илова бар ин, Русия бо посухе қавитар аз сӯи ҷомеъаи байналмилалӣ рӯ ба рӯ хоҳад шуд ва бар инзивои ҷаҳонии худ хоҳад афзуд.”
Поп ҷанг дар Укроинро нафрин кард
Поп Франсис гуфт: “Беш аз як моҳ аз таҳоҷуми Русия мегузарад; Ҷанги бераҳм ва бемаъно, ки монанди ҳар ҷанги дигар, ба маънои шикасте барои мо, барои ҳамаи мо аст.” Ӯ афзуд, ки ин ҷанг нобудии ояндаи кишварро ба думбол дорад.
Бар асоси оморҳо, ниме аз кӯдакони Укроин, кишвари худро тарк кардаанд.
Раҳбари катуликҳои ҷаҳон гуфт: “Ин аст ваҳшигарии ҷанг, чизе, ки барбарманишона ва куфромез аст.” Инсонҳо набояд ҷангро амри иҷтинобнопазир бидонанд ва ба он одат кунанд: “Мо бояд ҷангро рад кунем; Макони марге аст, ки падарон ва модарон кӯдакони худро ба хок месупоранд, бе он ки битавонанд онҳоро бубинанд; Ҷое, ки қудратмадорон тасмим мегиранд ва тангдастон мемиранд.”
Поп гуфт, хатари як муноқишаи ҷаҳонӣ, ки метавонад аз ҷанг дар Укроин бархезад, бояд ҳамаро ба ин яқин бирасонад, ки инсон ба замоне расида, ки бояд ҷангҳоро барчинанд, пеш аз он ки башарият нобуд шавад.”
Штайнмайер аз рӯзҳои сахт барои мардуми Олмон хабар дод
Раисҷумҳури Олмон, ки ба бемории коруно дучор шуда, дар як паёми видеоӣ гуфт, ки таҳримҳои шадид алайҳи Русия ноамниҳо ва ҳазинаҳои барои мардуми Олмон эҷод мекунад, ки иҷтинобнопазир аст. Ў кӯтоҳ пеш аз баргузории консерт “барои озодӣ ва сулҳ” филармонии Берлин дар кохи риёсатҷумҳури Олмон гуфт “рӯзҳои сахте дар интизори мо дар Олмон аст. Ва тамоми ҳақиқат ин аст, ки мавонеъи душвор ҳанӯз дар пеши рӯ аст. Ҳамбастагии мо ва ҳимояти мо, истодагии мо ва низ омодаги мо барои пазириши маҳдудиятҳо, барои муддати замони тӯлонӣ зарурат дорад.”
Раисҷумҳури Олмон ҳамзамон мардуми Олмонро фарохонд, тарс ба худ роҳ надиҳанд ва ба қудрати озодӣ ва демокрасӣ такя кунанд. Штайнмайер пеш аз ин гуфта буд, ки Путин набояд тавони демокрасиро дасти кам бигирад. Ў гуфт, имрӯз мушаххас шуда, ки Путин демокрасиро дасти кам гирифтааст ва афзуд: “Ӯ тавонмандӣ, шаҳомат ва озодихоҳии занон ва мардони Укроинро дасти кам гирифт – ҳамчунон, ки якпорчагӣ ва қотеъияти паймонҳои мо, монанди Иттиҳодияи Аврупо ва НАТО-ро дасти кам гирифт.”
Макрон аз лаҳни Байден дар бораи Путин фосила гирифт
Эммануэл Макрон, раисҷумҳури Фаронса аз интихоби вожаҳое, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико дар мавриди Путин ба кор бурдааст, фосила гирифт. Байден Путинро як “қассоб” хонда буд. Макрон гуфт, ки ӯ ин вожаро ба кор намегирад, зеро ин мафоҳим метавонанд бар музокирот бо Кремл таъсири манфӣ бигузоранд.
Раисҷумҳури Фаронса гуфт, ки ӯ “фардо ё пасфардо” қарор аст бо Путин дар мавриди созмондеҳии нақл ва интиқоли ғайринизомиён аз шаҳри бандарии Мариупол, ки дар муҳосира аст, сӯҳбат кунад, зеро ин нақл ва интиқол бояд ҳар чӣ сареътар сурат гирад.