Тоҷикистон дар 4 моҳи соли 2022 аз Қазоқистон 5168 тонна биринҷ харидорӣ кардааст. Ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта, ки воридоти биринҷ ҳудуди 10 ҳазор тонна буд, 48,3% камтар аст. Чунин маълумотро kapital.kz овардааст.
Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон дар воридоти биринҷи қазоқ пас аз Русия мақоми дуввуми худро нигоҳ дошт.
Дар Тоҷикистон нархи биринҷ маъмулан дар тобистон то омадани ҳосили нав, ки асосан моҳи октябр ҷамъоварӣ мешавад, боло меравад. Дар ҳоли ҳозир ба ҳисоби миёна 1 кг биринҷ 15 сомониро ташкил медиҳад.
Точикистон аз чихати ҳосили ҳар гектар дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои баландтаринро ишғол мекунад.Аммо коршиносон ба ин бовар надоранд ва мегуянд ин шояд аз рӯи оморҳои сунъӣ бошад.
Дар Тоҷикистон ҳамасола тақрибан 100 ҳазор тонна биринҷ истеҳсол мешавад. Аз руи ин нишондиханда кишвари мо дар миқёси Осиёи Миёна ҷои 4-умро ишғол мекунад, вале аз ҷиҳати ҳосилнокии ҳар гектар аз ҳамаи мамлакатҳои минтака, бо ҳосили 45 центнер аз 1 гектар пеш аст. Ин яке аз баландтарин нишондодҳо дар ҷаҳон аст.
Тоҷикистон ба далели истифодаи муассири замин ва афзоиши ҳосилнокӣ ҳамасола воридоти биринҷро коҳиш медиҳад. Аммо имсол шоликорон бо нархи баланди нуриҳои минералӣ ва маводи ниҳолшинонӣ мувоҷеҳ шудаанд, ки метавонад ба нархҳо таъсири манфӣ расонад.