Бо гузашти беш аз панҷ ҳафта аз оғози ҳамалоти низомии Русия ба Укроин қарор аст имрӯз аввали апрел музокироти мустақим миёни намояндагони Маскав ва Киев умдатан дар мавриди долони башардӯстонаи Мариупол аз сар гирифта шавад. Ин дар ҳолест, ки Ҷо Байден, раисҷумҳури Амрико гуфта, ки нисбат ба нияти Путин дар истифода аз роҳи ҳали дипломатик “бадбин” аст. Кохи сафед иддао мекунад, ки иттилооти нодурусте аз ҷабҳаҳои ҷанг ба дасти Путин мерасад ва ӯ ҳатто бархе аз мақомоти худро ҳабси хонагӣ кардааст. Ҳамзамон тарафи русӣ дар посух ба дархости Париж ва Берлин бо оғоз ба кори як долони башардӯстона аз Мариупол ба самти Запорожя мувофиқат кардааст.
Владимир Путин эълом карда, ки аз имрӯз харидорони гази Русия бояд баҳои онро ба рубл пардохт кунанд: Тақозое, ки зоҳиран бо мухолифати Олмон ва Фаронса, ду қудрати аввали Иттиҳодияи Аврупо мувоҷиҳ шуда ва ояндаи мубодилоти энерҷии Аврупо ва Русияро дар ҳолати ибҳом фурӯ бурдааст. Гуфта мешавад Берлин ва Париж дар ҳоли баррасии бадтарин ҳолати мумкин ва қатъи эҳтимолии харид газ аз Русия ҳастанд.
Ин дар ҳолест, ки ба дастури Байден Амрико дасти кам тайи шаш моҳи оянда рӯзе як миллион бушкаи нафт вориди бозор хоҳад кард то аз рушди қимати сӯхт ҷилавгирӣ кунад.
Охирин хабарҳо ва рӯйдодҳои муртабит бо таҳоҷуми низомии Русия ба хоки Укроин дар рӯзи ҷумъа 1 апрелро дар ин гузориш думбол кунед.
11:23
Дидори ҳамзамони вузарои хориҷаи Русия ва Бритониё дар як рӯз аз Ҳинд
Лиз Тирос, вазири умури хориҷаи Бритониё ва Сергей Лавров, ҳамтои русии ӯ дар ҳоле аз Ҳинд дидан мекунанд, ки ҳар ду тараф ба думболи тақвияти равобит бо Деҳлӣ ҳастанд.
Хонум Тирос аз Деҳлӣ мехоҳад то бо коҳиши вобастагии худ ба Маскав, бо соири кишварҳои демократик барои муқобила бо таҳоҷуми Русия ба Укроин ҳамкорӣ кунад.
Аз тарафе вазири хориҷаи Русия аз Ҳинд мехоҳад, ки таҳримҳои ғарбро давр бизанад ва нафту гази Русияро бештар бихарад.
Вазири хориҷаи Бритониё ҳамчунин гуфт, ки Бритониё мехоҳад шоҳиди таҳримҳои қавитар алайҳи Русия бошад.
Аммо оқои Лавров аз сафари худ барои эҷоди равобити тиҷории наздиктар бо Ҳинд бо ҳадафи коҳиши таъсири таҳримҳои эъмолшуда бар Маскав истифода мекунад. Дар авоили моҳи ҷорӣ, Ҳинд бо воридот се миллион бушка нафти Русия мувофиқат кард.
Ҳинд дар раъйгирии Созмони милал алайҳи ҳамлаи Русия ба Укроин раъйи бетараф дода ва онро маҳкум накарда ва гуфтааст, ки гуфтугӯ ва дипломосӣ танҳо роҳи пеши рӯ аст.
10:34
Ҳамлаи чархболии Киев ба як анбори нафт дар Русия
Як мақоми Русия рӯзи ҷумъа Укроинро ба анҷоми ҳамлаи чархболӣ ба як анбори нафт дар шаҳри Белгород дар ғарби Русия, дар ҳудуди 40 километрии марзи Укроин муттаҳам кард.
Вячеслав Гладков, фармондори минтақаи Белгород дар ҳисоби телеграммим худ гуфт: Ҳамлаи ҳавоии ду болгарди артиши Укроин мунҷар ба оташсӯзӣ дар як анбори нафт дар хоки Русия шудааст.
Вай дар паёми дигар аз талоши оташнишонон барои хомӯш кардани сӯхтор ва ҷароҳатбардории ду нафар аз коркунони анбор хабар дод.
Ширкати нафти Руснафт молики ин маҳал, ба хабаргузориҳои русӣ гуфт, ки коркунони худро ба маҳали дигаре мунтақил кардааст.
Белгород ҳудуди 80 километрии шимоли Харков қарор дорад, ки аз замони шурӯъи таҳоҷуми Кремл мавриди ҳамлаи нерӯҳои русӣ қарор гирифтааст.
09:54
Раиси парлумони Аврупо дар роҳи Киев
Роберта Метсола, раиси парлумони Аврупо дар ҳисоби твиттерии худ навишта дар роҳи пойтахти Укроин аст. Иттилооти бештаре аз наҳва ва замони сафари хонум Метсола мунташир нашудааст. Бархе расонаҳо навиштаанд ӯ бо қатор роҳии Киев шудааст.
Раиси парлумони Аврупо бо интиқод аз сиёсати сонсури мунтақидони таҷовузи низомии Русия гуфта буд тактики Владимир Путин, манъи суханони озод ва таҳрифи воқеият аст.
Русия рӯзи гузашта бисёре аз мақомоти ол рутбаи Иттиҳодияи Аврупо ва аксари намояндагони парлумони Аврупоро таҳрим кард.
09:53
Ожонси байналмилалии энергии атомӣ: хурӯҷи нерӯҳои русӣ аз Чернобил сиҳат дорад
Ожонси байналмилалии энергии атомӣ аз тарафи Укроин иттилоъ гирифтааст, ки нерӯҳои Русия аз Чернобил хориҷ шудаанд. Ожонс ҳамчунин изофа карда, ки ҳам инак контроли нерӯгоҳи ҳастаӣ ба коркунони укроинӣ вогузар шудааст ва нерӯи хориҷие дар нерӯгоҳ мустақар нест.
Нерӯҳои Русия дар ҳамон рӯзҳои оғози ин ҳамла ба Укроин контроли нерӯгоҳ ҳастаии Чернобилро дар даст гирифта буданд.