Рубрики ХОВАР

Вобаста ба нақши ҷавонон дар ҳифзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид






ДУШАНБЕ, 13.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ҳамбастагӣ бо Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида ба 28-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Нақши ҷавонон дар ҳифзи Ваҳдати миллӣ» ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ баргузор гардид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ.

Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода изҳор дошт, ки дар шароити Тоҷикистони соҳибистиқлол ташаккули Ваҳдати миллӣ, қабл аз ҳама, ба омилҳои дохилии ҷомеа, махсусан ба фарҳанги қадимаи сулҳофар ва хирадгароёнаи миллати тоҷик вобастагии амиқ дорад. Дар ин раванд дарки дурӯсти аҳамияти ваҳдати миллӣ, шинохти моҳият ва нақши стратегии он дар сарнавишти миллат ва давлати миллӣ ҳамчун хусусияти хоси ин давлат ба назар мерасад.

Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ Аҳлиддин Ибодуллозода иброз дошт, ки Ваҳдати миллӣ аз бузургтарин неъматҳои ҷомеа аст, ки танҳо дар шароити сулҳу субот, ҳамдигарфаҳмӣ ва дӯстиву бародарӣ устувор мемонад. Ваҳдати миллӣ — пояи рушди устувори ҷомеа, амнияти миллӣ ва пешрафти ҳар як миллат аст.

АКС: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ



Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *