Рубрики Pressa

Боздиди Сарвари давлат аз гармхонаи Моғиён-Агро дар шаҳри Панҷакент


11 июл Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо фаъолияти гармхонаи Моғиён-Агро ба деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент ташриф оварданд.

Гармхона дар заминаи роҳнамоиҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби соҳибкор Муродқул Юсуфов бунёд шуда, аз лиҳози усули кишт, парвариш, ба даст овардани ҳосили фаровон ва таъмини ғановати бозори истеъмолӣ намунаи хуби истифодаи замин аст.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Сарвари давлат, масоҳати гармхона як гектарро ташкил намуда, дар он помидору қаламфури булғорӣ, қулфинай, лимӯ, гулкарам, бодиринг ва дигар навъи сабзавот бо шакли муосир кишту парвариш карда мешавад.

Хатҳои технологӣ тарҳи Кореяи Ҷанубӣ ва истеҳсоли кишвари Чин буда, обёрии сабзавот бо усули қатрагӣ сурат мегирад. Ин раванд бо коҳиши то чор маротибаи талабот ба оби полезӣ аз ҳолатҳои пешина тафовут мекунад.

Агротехникаи кишту парвариши сабзавот аз ҷониби 23 сокини маҳаллӣ мутобиқ ба талабот сурат мегирад. Ба даст овардани то 50 тонна маҳсулот дар як сол таҷрибаи аҳли заҳматро дар соҳаи кишоварзӣ бозгӯ мекунад.

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба талошҳои созандаи соҳибкор баҳои баланд дода, барои афзоиши ҳаҷми истеҳсолот, таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ ва таъмини бозори истеъмолӣ бо сабзавоти аз лиҳози экологӣ безарар тавсияҳо доданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube





Манбаъ

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *