Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Тоҷикистон аз оғози сабтином барои кор дар Кореяи Ҷанубӣ иттилоъ медиҳад. Аз ин ниҳод ба Pressa.tj гуфтанд, ки сабти ном ва имтиҳон аз 7 то 17-уми июл давом мекунад.
Аз 18 то 39-сола
Гуфта мешавад, ки Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷиронро бо музди маоши аз 2 ҳазору 500 доллар боло ба кор даъват карда, хароҷоти роҳ, ҷойи хоб ва хӯрокро ҷониби корфармо пардохт мекунад.
Ёдовар мешавем, ки Кореяи Ҷанубӣ муҳоҷиронро барои кор дар соҳаҳои сохтмон, истеҳсолот, кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ ва дигар соҳаҳо даъват мекунад. Синну соли занону мардони довталаб аз 18 то 39-сола бояд бошад.
Аз Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Тоҷикистон хабар медиҳанд, ки соли ҷорӣ 800 нафар барои кор ба ин кишвар фиристода мешаванд.
Нафароне, ки мехоҳанд ба Кореяи Ҷанубӣ ба кор раванд, бояд ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Тоҷикистон ва шуъбаҳои он дар шаҳру навоҳӣ муроҷиат кунанд.
Гуфта мешавад, ки барои бақайдгирӣ ва супоридани имтиҳон довталаб бояд шахсан ба Агентӣ ва шуъбаҳои он ҳозир шавад. Зикр кардан бамаврид аст, ки барои супоридани имтиҳон 330 сомонӣ пардохт кардан лозим аст.
Талабот ва номгӯйи ҳуҷҷатҳо
Ба довталабон зарур аст:
– донистани забони кореягӣ дар сатҳи муошират (имтиҳони EPS TOPIK);
– доштани шаҳодатномаи тахассусӣ;
– надоштани доғи судӣ;
– солим будан аз ҷиҳати ҷисмонӣ ва равонӣ.
Довталабоне, ки аз имтиҳон мегузаранд ва интихоб мешаванд, бояд ҳуҷҷатҳои зеринро таҳия кунанд:
– шакли электронии шиносномаи хориҷӣ (сифати баланд, 55-60 Кб, 600×400 пиксел);
– расми ранга (3,5×4,5см, дар пасманзари сафед, бо костюми сиёҳ, JPG, 13-14 Кб);
– маълумоти пурра дар бораи ҷойи истиқомат;
– рақами телефон, ки бо барномаи “WhatsApp” пайваст аст.
Ба куҷо бояд муроҷиат кард?
Тавре ишора шуд, хоҳишмандон (занону мардони аз 18 то 39-сола) барои машварат ва сабти ном бояд ба Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Тоҷикистон ва шуъбаҳои он дар шаҳру навоҳӣ муроҷиат кунанд.
Суроға ва рақами телефони Агентиро “Тоҷикистон” дарёфт кард, ки онро манзури шумо мегардонем:
Шаҳри Душанбе
кӯчаи Лоҳутӣ, 108
Тел.: 221-39-67, +992 555 55 10 80, +992 98 790 66 66, +992 91 576 77 43, +992 93 093 49 94, +992 93 453 51 93, +992 88 822 00 26, +992 90 688 93 13
Шаҳри Хуҷанд
маҳаллаи 28, бинои 2А
Тел.: +992 92 807 99 99
Шаҳри Бохтар
кӯчаи Файзалӣ Саид, 69
Тел.: +992 90 580 00 63, +992 93 487 88 28
Шаҳри Хоруғ
кӯчаи Н. Атобек, 16
Тел.: +992 93 510 14 39
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube