Роберт Ҳабек, вазири иқтисоди Олмон рӯз душанбе эълом кард, ки давлати Олмон ба таври муваққат ва бо таваҷҷӯҳ ба аҳамияти мавзӯъи таъмини энерҷӣ, контроли ширкати олмонии “Газпром Германия”-ро, ки ба унвони як ширкати тобеъ бо ғӯли русии Газпром ҳамкорӣ дошт, дар даст мегирад.
Бар ин асос, Ожонси шабакаи федероли Олмон ба намояндагӣ аз давлат то 30 сентябри соли ҷории мелодӣ мудири ширкати “Газпром Германия” хоҳад буд, ки то кунун танҳо молики он “Газпром Россия” маҳсуб мешуд.
Пеш аз ин дар рӯзи ҷумъа ва дар пайи муноқишот бар сари гази Русия, ширкат Газпром бидуни ироаи шарҳ эълом карда буд, ки фаъолиятҳои тииҷориашро дар Олмон мутаваққиф мекунад ва бо ин тасмим ояндаи ин ширкат ва фаъолиятҳои онро дар номаълум сохта буд.
Ширкатҳои тобеъи Газпром дар воқеъ операторҳои муҳимме ҳастанд, ки дар заминаи захирасозии газ ва дигар маҳмулаҳои сӯхти Газпром дар Олмон фаъолият доранд. “Газпром Германия” низ дар навбати худ дорои чандин ширкати тобеъ дар Бритониё, Суис (Швейтсария) ва Чехия буд.
Роберт Ҳабек дар як нишасти матбуотӣ гуфт: “давлати Олмон ҳар кореро, ки лозим бошад барои тазмини амнияти пешниҳоди сӯхт дар кишвар анҷом медиҳад, ки вогузор накардани сарнавишти зерсохтҳои энерҷӣ ба Кремл ва тасмимоти худсронаи он, яке аз ин корҳо аст”.
Вазири иқтисоди Олмон ҳамчунин афзуд, ки ҳаққи раъйи соҳибони “Газпром Германия” низ ба Ожонси шабакаи федерали Олмон ё ҳамон Вundesnetzagentur вогузор шудааст ва ба ин тартиб ин ожонс метавонад ҳама тасмимоти лозимро барои тазмини пешнизоди энерҷӣ бигирад.
Олмон пеш аз ин дар рӯзи чаҳоршанбе 30 март, аз фаъол кардани марҳалаи аввали як тарҳи изтирорӣ барои тазмини таъмини гази табиӣ дар сурати қатъи эҳтимолии содирот гази Русия хабар дода буд.