Рубрики Хабарҳо

Ягона писари Озарахшу Фарзона дар дарёи Сир ғарқ шудааст

Ҳумоюн Каримов, писари шоирони шинохта Озарахш ва Фарзона, дар дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд ғарқ шуда, ҷон бохтааст. Ҳодиса рӯзи 13-уми апрел рӯй дод, хабар медиҳад Радиои Озодӣ.

Мақомот ва наздиконаш ҳанӯз иттилоъ надоданд. Манбаи наздик ба ташхиси тиббӣ ҳалокати ӯро тасдиқ карда, вале ҷузъиёти ҳодиса маълум нест.

Ҳумоюн, фарзанди хурдӣ ва писари ягонаи Озарахш (Толиб Карим) ва Фарзона (Иноят Хоҷаева), 21 сол дошт ва дар шуъбаи шарқшиносии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд мехонд.

Дар гузашта чанд навори сурудхонии ӯ бо падар ва амакбачааш, Фараҳманд Каримов, ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфтааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *