Рубрики Хабарҳо

Иззат Амонро бо даъвогар вохӯронданд

Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон, ки соли гузашта ба 9 соли зиндон маҳкум шуда буд, иттиҳом ё боз шудани парвандаи нав (қаллобӣ) — ро алайҳаш рад намудааст. Баъди вохӯрии ӯ бо даъвогар, қазия ба гардиши нав ворид шудааст. Дар ин бора “Азия – Плюс” бо истинода ба писари Иззат Амон Муҳаммадюсуф Холов хабар медиҳад.

Ӯ гуфт, ки чанде пештар Иззат Амон дар боздошгоҳи муваққатии шаҳри Душанбе бо даъвогар Нурулло Воҳидов, ки гуфта мешуд, барои аз зиндони Мардова ба Душанбе интиқол ёфтанаш ба воситаи шиносҳояш ба Иззат Амон 10 ҳазор доллар додааст, вохӯрд ва иттиҳоми пешовардаи ӯро рад кард.

Дар вохӯрӣ, Воҳидов тасдиқ намудааст, ки бар ивази 6 ҳазор доллари қарзаш як мошини тамғаи “Мерседес” — ро гирифтааст ва акнун даъво дорад, ки 4 ҳазор доллари боқимондаро баргардонад. Ин дар ҳолест, ки Иззат Амон гуфт, 4 ҳазори боқимондаро ба ҳамсари русаш дар Маскав расондааст.

— Ҳамин тариқ, парванда ба гардиши нав ворид ва акнун Нурулло Воҳидов даъво дорад, ки 4 ҳазор доллари қарзашро диҳем. Дар ҳоле ки падарам ба ӯ исбот намуд, ки ба зани русаш 4 ҳазори дигарро додааст. Вале ҳоло мушкил сари ин аст, ки зани руси даъвогар бедарак аст ва дар куҷо қарор доштанаш маълум нест, — гуфт Муҳаммадюсуф.

Ба иттилои манбаъ, алайҳи Иззат Амон бо моддаи 247 қисми 4 (қаллобӣ) парвандаи нав боз шудааст.

Саидбурҳон Шарипов, вакили дифои Иззат Амон ҳам гуфтааст, ки дар парванда забонхати Иззат дар мавриди гирифтани маблағ вуҷуд дорад.

“Ба ҷойи 6 ҳазор доллар мошин додаанд, ки инро ҷабрдида эътироф кард. Ҳоло баҳс сари 4 ҳазор доллари дигар давом дорад. Иззат мегӯяд ба кадом русзане бо номи Таня додааст, аммо ягон далели хаттӣ надорем. Исботи ин беҳад мушкил аст. Рубарӯкунӣ гузаронидем, ҳар касе дар мавқеи худ истодааст”,-гуфт Шарипов.

Ёдовар мешавем, ки як моҳ пештар наздикони Иззат Амон аз боз шудани парвандаи нав алайҳи ӯ хабар дода буданд. 

Иззат Амон рӯзи 19 октябри соли 2021, бо қарори Додгоҳи шаҳри Душанбе 9 сол равонаи зиндон гардид. Додгоҳи олии Тоҷикистон ҳукми Иззат Амонро бетағйир гузошт.

Иззат Амон, роҳбари «Маркази тоҷикон» дар Маскав ва яке аз ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия рӯзи 25-уми март дар Русия нопадид шуд ва баъдан ВКД Тоҷикистон гуфт ӯро дар Душанбе боздошт ва алайҳи ӯ бо гумони «қаллобӣ ба миқдори махсусан калон» (қисми чаҳори моддаи 247-и Кодекси ҷиноӣ) парванда боз кардааст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *