Ширкати худравсозии барқии Tesla мегӯяд бо вуҷуди чолишҳое, ки дар занҷираи таъмини мавод ва қатаот дошта, тамоми худравҳое дархостии худро дар се моҳаи аввал соли 2022 таҳвил додааст.
Ин худравсози барқӣ мегӯяд, ки дар се моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 310 ҳазор худравро ба муштариён таҳвил додааст.
Ин омор тақрибан 70 дарсад бештар аз муддати мушобеҳи соли гузашта аст.
Илан Маск, мудири иҷроии ин ширкат гуфта ин муваффақият алорағми сиёсатҳои сахтгиронаи вируси коруно дар Чин, ҷое, ки Tesla як “корхонаи Giga” дорад ва ҳамчунин “се моҳи бисёр душвор” ба даст омадааст.
Бар асоси омори мунташиршуда, Tesla аз ибтидои соли ҷорӣ то поёни март 310 ҳазору 48 худрав таҳвил дода, ки ин рақам дар соли гузашта 184 ҳазору 800 дастгоҳ буд.
Маск дар ҳисоби твитерияш навишт: “О, ин се моҳи фавқулода сахт буд, ки далели он вақфаҳо дар занҷираи таъмин ва сиёсатҳои ковид дар Чин буд”.
“Кори дархӯри таҳсини тими Tesla ва таъминкунандагони калидӣ, ин муваффақиятро рақам зад.”
Бештари худравҳои таҳвилшуда моделҳои Tesla 3 ва Tesla Y будааст.
Маск қаблан гуфта буд, ки модели Y бахше аз барномаи Tesla барои дастёбӣ ба бозори густурдатар аст.
Tesla Y, ки охирин модели ҷадиде аст, ки равонаи бозор карда, дар соли 2019 рӯнамоӣ шуда буд.
Модели Y метавонад бо ҳар бор барқгирӣ бештар аз модели 3 масофат тай кунад ва арзаи он ба бозор ду сол зудтар аз ваъдаи дарназаргирифташуда буд.
Боарзиштарин худравсози ҷаҳон қарор аст натоиҷи комили гузориши молии худ барои ин давраро дар 20 апрел мунташир кунад.
Tesla як “корхонаи Giga” дар шаҳри Шангхайи Чин дар соли 2020 ифтитоҳ кард, ки як корхонаи тавлиди қатаоти худрав аст ва ботреҳои литиумро ҳам барои худравҳои ин ширкат тавлид мекунад.
Дар рӯзҳои ахир шаҳри Шангхай ба далели афзоиши теъдоди мубталиён ба вируси коруно дар карнитини комил фурӯ рафтааст.
Бар асоси гузоришҳои мунташиршуда, Tesla имрӯз ҳам натавониста фаъолияти “корхонаи Giga” дар Шангхайро аз сар бигирад.
Дар январи имсол Маск гуфт, ки интизор дорад, Tesla бо вуҷуди мушкилот дар занҷираи таъмин, беш аз 50 дарсад ба тавлиди худ биафзояд.
Ин ширкат дар соли гузашта рекорди 5.5 миллиард доллар судро гузориш кард.