Рубрики Хабарҳо

Шикори бабри барфӣ 3 то 5 сол зиндон дар пай хоҳад дошт

Тибқи иловаи нав  воридшуда ба   Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон — моддаи 2321  барои шикор ё қасдан нобуд кардани бабри барфӣ — бо ҷарима ба андозаи аз 800 то 1200  нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё корҳои ислоҳӣ ба муҳлати то ду сол ва ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол ҷазо дода мешавад.

Ҳамин кирдор, агар аз ҷониби шахс бо истифода аз мақоми хизматӣ, аз тарафи  гурӯҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ё аз ҷониби гурӯҳи муташаккил содир гардида бошад, дар ҳудуди мамнӯъгоҳ, парваришгоҳ ё дар минтақаи офати экологӣ ё минтақаи вазъияти фавқулодаи экологӣ содир шуда бошад -бо ҷарима ба андозаи аз 1500 то 2000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати аз се то панҷ сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансаби муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст.

Дар ин хусус зимни баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҷаласаи Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум, ки 12 октябри соли равон таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода доир гардид, иттилоъ дода шуд, хабар медиҳад “Ховар”.

Дар иҷлосия муовини Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Талбакзода гуфт, ки «тибқи дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17 декабри соли 2021 дар бораи пурзӯр кардани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои шикори ғайриқонунӣ ва муомилоти ғайриқонунии бабри барфӣ, аз ҷониби Прокуратураи генералӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳия ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон манзур гардид».

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *