Рубрики Хабарҳо

Вазири нақлиёт: рафтуомад бо Афғонистон идома дорад

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, ки додугирифти мол миёни Тоҷикистону Афғонистон идома дорад ва дар ин самт «ягон монеа нест».

Изҳороти Азим Иброҳим дар шароите садо медиҳад, ки гуруҳи Толибон иддао дорад 90 дарсад аз минтақаҳои наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистонро тасарруф кардаанд ва гузаргоҳҳои асосӣ ҳам зери назорати ин гуруҳ аст.

Азим Иброҳим, вазири нақлиёт, рӯзи 14-уми июл дар як нишасти матбуотӣ гуфт, «рӯзи 13-уми июл 51 мошин аз Тоҷикистон ба Афғонистон рафта, 72 мошин аз он тараф ба Тоҷикистон гузашт». Вазир бо ишора ба ин омор чанд дафъа таъкид кард, ки “монеа дар бораи ҳамлу нақл миёни Тоҷикистону Афғонистон дида намешавад.”

Гуруҳи Толибон пас аз тасарруфи минтақаҳои марзӣ бо Тоҷикистон эълон кард, ки бо Тоҷикистон ҳеч мушкил надоранд ва додугирифти мол давом мекунад. Баъзе аз расонаҳо бо такя ба ронандагон навиштанд, ки гуруҳи Толибон онҳоро аз пардохти боҷи гумрукӣ ва гирифтани раводид ё виза низ озод кардаанд.

Вазири нақлиёти Тоҷикистон гуфт, дар ин бора ҳеч санади расмӣ надорад ва чизе гуфта наметавонад. Азим Иброҳим танҳо гуфт, миёни Тоҷикистону Афғонистон “низоми бе рухсатнома надорем” ва барои гузарондани молу коло як миқдор маблағ гирифта мешавад.

“Дар дастам факти бевосита надорам, лекин мегуфтанд, ки баъзан аз ронандаҳо дигар пардохтҳо талаб карда мешавад. Аммо ягон санад надорем. Тавсияи мо барои ронандаҳо ин аст, ки пеш аз ҳама амнияти худашонро фикр кунанд. Агар ягон таҳдид бошад, аз сафар худдорӣ кунанд”, — афзуд вазири нақлиёти Тоҷикистон.

Қаблан Азия-Плюс бо истинод аз як  ронандаи мошини боркаши Тоҷикистон хабар дода буд, ки Толибон дар гузаргоҳи тиҷоративу гумрукии Шерхон-Бандар режими раводид ё доштани визаи Афғонистонро барои шаҳрвандони Тоҷикистон, ба вижа барои ронандаҳои мошинҳои боркашро бекор кардаанд.

Ба гуфтаи ин ронанда, ки нахост номаш бурда шавад, ҳоло марз дар Шерхон-Бандар боз аст ва Толибон барои рафту омад кадом мушкиле пеш намеоранд.

Ин ронанда нақл кардааст, ки “Толибон доштани визаи Афғонистонро барои мо бекор карданд. Ҳамчунин пештар вақте мо дохили Афғонистон мешудем як нав ришвае бо номи “хокпулӣ”, ки тақрибан 200 доллар мешуд аз мо мегирифтанд, ки ҳоло ин ҳам бекор шудааст. Ба ҷуз ин, мо вақте аз шерхон-Бандар мегузаштем то 1000 сомонии дигар масраф доштем, ин ҳам аз миён бардошта шудааст. Ҳоло танҳо 60 сомонӣ барои нафароне, ки боркашӣ мекунанд медиҳему халос”.

Гуруҳи Толибон дар моҳҳои охир дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон фаъол шудаанд ва ҳоло гузаргоҳҳои асосии байни ду кишвар дар дасти ин гуруҳ аст. Аз ҷумла, рӯзи 22-юми июн гуруҳи Толибон гузаргоҳии асосии Шерхон-Бандарро тасарруф карданд, ки гузаргоҳи асосии интиқоли молу маҳсулот миёни Тоҷикистону Афғонистон аст.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *