Рубрики Хабарҳо

БҶ ба «Барқи тоҷик» $134 млн медиҳад. Ба ҳарти боло бурдани қимати барқ

Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон як қатор созишномаҳои молиявиро барои татбиқи лоиҳаҳо дар кишвар ба тасвиб расонид.

Аз ҷумла, вакилони парлумон созишнома дар бораи маблағгузории барномаи барқарорсозии молиявии холдинги давлатии “Барқи Тоҷик”- ро тасдиқ карданд.Ин созишнома миёни Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд, як бахше аз Бонки Ҷаҳонӣ моҳи майи соли ҷорӣ ба имзо расидааст.

Созишномаи молиявӣ, ҷиҳати дастгирии молиявии ширкати «Барқи Тоҷик»  ба беҳтар намудани фаолияти ширкат равона шудааст.

Барои амалисозии лоиҳа Бонки ҷаҳонӣ ба Барқи Тоҷик  134 миллион доллар маблағҳои грантӣ ҷудо мекунад. Татбиқи лоиҳа соли равон оғоз меёбад ва ба итмом расидани он соли 2026 ба нақша гирифта шудааст.

Аммо як шарти ҷудо шудани гранти Бонки Ҷаҳонӣ барои «Барқи Тоҷик» ин аст, ки Тоҷикистон бояд сол ба сол нархи нирӯи барқро боло бибарад. Бонки Ҷаҳонӣ ҳанӯз ҳангоми тасдиқи барномаи кумаки 134-миллиондолларӣ барои устувории «Барқи Тоҷик» гуфта буд, нархи нирӯи барқро дар Тоҷикистон боло баранд, вагарна ширкат аз нигоҳи молӣ устувор нахоҳад буд.

Ҳукумати Тоҷикистон ин пешниҳоди бонкро қабул кардааст ва то соли 2025, қарор аст, нархи нирӯи барқ афзоиш ёбад. То соли 2021 ҳар сол ба қадри 15 дарсад ва аз соли 2022 то 2025 ҳашт дарсадӣ.

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *