Рубрики Хабарҳо

Як мутахассиси IT аз Узбекистон аз бонкҳои хориҷа $35 млн дуздидааст

Аз телеканали Uzreport хабар доданд, ки ӯ (хакер) ба  киберҷиноят, яъне дуздии маблағ аз кишварҳои дигар тавассути интернет муттаҳам шуда, аз рӯйи чор моддаи кодекси ҷиноии ҷумҳури Узбекистон ба 8 соли зиндон маҳкум шудааст. 

Дар ҳоли иқрор ба ҷиноят ӯ гуфтааст:  «Ман мутахассиси IT ҳастам, системаҳо эҷод мекунам, ба қарибӣ 27-сола мешавам,  оиладор ва соҳиби 2 фарзандам. 

Дар аввалин амалам тавассути интернет аз рӯйи системаи тарҳрезишуда аз бонки Исроил 35 миллион доллар гирифтам. Он ҳангом дар Корея будам ва барои он ки осаре намонад, ин пулро дар 10 дақиқа дар ҳафт бонки давлатӣ ба муомилот даровардам. Баъдан пулро ба бонки Швейтсария гузоштам. Дар вақти аз Туркия ба Русия баргаштан, аз ҷониби Узбекистон маро ҷустуҷӯ мекарданд»

Маблаги умумии дуздидашуда 165 миллиарду 792 миллион сӯми ӯзбекироро ташкил медихад

Оставить ответ

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *